Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011 № 439 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 102

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" рақамҳои "552" ва "68" мутаносибан ба рақамҳои "541" ва "65" иваз карда шаванд.

2) Ба Низомномаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 102 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) дар банди 5:

- сархати сеюми зербанди "б" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"-мутобиқи тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ ва пешниҳоди саривақтии маълумоти омориро доир ба ҳолати бозори меҳнат таъмин мекунад ва барои ворид намудани шаклҳои нави оморӣ ҷиҳати арзёбии вазъи воқеии бозори меҳнат тадбирҳо амалӣ мегардонад";

б) сархати шашуми банди 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"-ташкили кор ва роҳбарии фаъолияти сохторҳои тобеъро амалӣ менамояд";

в) дар банди 9:

- сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-роҳбарони мақомоти шаҳри ва ноҳиявии Агентиро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сармуҳосибони мақомоти Агентиро бо пешниҳоди роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд".

3) Дар сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ" ва "Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ" мутаносибан ба калимаҳои "Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ" ва "Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ" иваз карда шаванд.

4) Дар Нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- аз сархати дуюм калимаҳои "ва дар шаҳри Душанбе" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати сеюм пас аз калимахои "Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон," калимаҳои "шаҳри Душанбе," илова карда шаванд.

5) Дар Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд;

- калимаҳои "Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент" ба калимаҳои "Муассисаи давлатии "Хона-интернати пиронсолон, маъюбон ва беморони рӯҳии шаҳри Панҷакент", калимаҳои "шаҳри Хуҷанд" ба калимаҳои "ноҳияи Ҷаббор Расулов" ва калимаи "Ямчун" ба калимаҳои "Биби Фотимаи Заҳро" иваз карда шаванд;

- калимаҳои "Филиали корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе" дар ноҳияи Рашт" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 августи соли 2011 № 439

ш. Душанбе