Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011 № 430 "Дар бораи таъсис додани Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон" таъсис дода шавад.

2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории муассисаи таълимии давлатии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон"-ро дар соли 2011 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои минбаъда дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишуда амалӣ намоянд.

4) Ба Номгӯйи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 августи соли 2011 № 430

ш. Душанбе