Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи самараноки барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузории худро ҷиҳати ворид намудан ба барномаҳои давлатии миёнамӯҳлати сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қоидаҳои мазкур амалӣ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2011 № 370
ш. Душанбе