Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011 № 358 "Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013"

Санаи амалкуни: 03.08.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 363)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи омори давлатӣ" ва бо мақсади гирифтани иттилооти пурра дар бораи соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои муқоисапазирии нишондиҳандаҳо бо дигар давлатҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 15 ноябр то 15 декабри соли 2013 ва дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Балҷувон, Шӯрообод, Мӯъминобод, Ховалинги вилояти Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Ғончӣ, шаҳрҳои Панҷакент ва Қайроққуми вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара, Нуробод, Рашт, Варзоб ва шаҳри Роғун аз 15 сентябр то 15 октябри соли 2013 барӯйхатгирии кишоварзӣ гузаронида шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 363).

2) Консепсияи гузаронидани барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад (замима мегардад).

3) Тайёрӣ, гузаронидан, ҷамъоварӣ, коркард, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон гузошта шавад.

4) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратхои рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи гузаронидани баруйхатгирии кишоварзиро таҳия ва тасдиқ намояд.

5) Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия масъалаи ҷалби маблағҳои грантии шарикони рушдро бо дарназардошти саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои гузаронидани чорабинии мазкур баррасӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2011 № 358

ш. Душанбе