ҚАРОР Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011 № 342 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2010, № 305"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2010, № 305

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ҳайати Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологӣ, инчунин муайян намудани таҳвилгарон ва ташкилотҳои пудратии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2010 № 305 "Дар бораи ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" таъсис гардидааст, дар таҳрири зерин тасдиқ карда шавад:

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Комиссия);

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Комиссия);

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ;

Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ;

Мудири Шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовии якуми Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Директори техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун";

Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи "Кам кардани талафоти нерӯ", (Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик").

2) Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2010, № 305 "Дар бораи ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикнстон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" то 1 сентябри соли 2011 тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи Низомнома оид ба фаъолияти Комиссияи тендерӣ оид ба ташкил ва гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои таҳия намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологӣ, инчунин муайян намудани маҳсулотсупорандагон ва ташкилотҳои пудратии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 июли соли 2011 № 342

ш. Душанбе