Барномаи рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Рӯйхати ихтисорот
+---------+----------------------------------------------------------ҷ
|БС |Бунгоҳи саломатӣ |
+---------+----------------------------------------------------------+
|ВНМО |Вируси норасоии масунияти одам |

|БПНМО |Бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам |

|ВМКБ |Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |

|ВТҶТ |Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон |

|ДИПҶТ |Дастгоҳи иҷроияи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон |

|ДДТТ |Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон |

|ДТИБДКТ |Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиб |

|КАТС |Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ |

|КОМ |Кӯмаки оҷилии акушерӣ (момодоягӣ) |

|ҶТ |Ҷумҳурии Тоҷикистон |

|МБ |Модарии бехавф |

|МВАА |Мониторинг ва арзёбӣ |

|ММП |Муассисаи муолиҷавию профилактикӣ |

|ҲРҲ |Ҳадафҳои рушди ҳазорсола |

|МСД |Маркази саломатии деҳот |

|МСН |Маркази саломатии ноҳия |

|МСШ |Маркази саломатии шаҳр |

|МТ |Муассисаҳои таълимӣ |

|МҷТКТО |Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ |

|ШВТКТО |Шӯъбаи вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ |

|ШБТКТО |Шӯьбаи байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ |

|РДА |Рӯйхати дорувории асосӣ |

|СМВАА |Системаи мониторинг ва арзёбӣ |

|СПКСК |Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ |

|CP |Солимии репродуктивӣ |

|ТБ |Ташкилотҳои байналмилалӣ |

|ТҒҲ |Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ |

|TO |Танзими оила |

|ТТҳС |Ташаккули тарзи ҳаёти солим |

|ҳҷТ |Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |

|ИМА |Иёлоти Муттаҳидаи Америка |

|БМН |Беморхонаи марказии ноҳиявӣ |

|БШ |Беморхонаи шаҳрӣ |

|ИДМ |Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил |

|ДОМ |Давлатҳои Осиёи Марказӣ |

Пешгуфтор
Яке аз афзалияти асосии ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 бармеояд ин рушди сифатноки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, ки ба тибби оилавӣ асос меёбад.
Аз нигоҳи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ КАТС яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан ба стратегияи солимии омма мебошад. Зеро КАТС вазифаи асосии тандурустиро иҷро намуда, занҷираи марказии онро ташкил медиҳад ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамаи равандҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ҳолати КАТС самарабахшӣ ва сифати фаъолияти тамоми соҳаи тандурустӣ, нигаҳдории иқтидори меҳнатии давлат, инчунин проблемаҳои иҷтимоӣ дар сатҳи оила ва гурӯҳҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳифзнагардида: занон, кӯдакон, маъюбон ва пиронсолон вобаста аст.
Дар натиҷаи дигаргуниҳои иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки дар мамлакат шуда истодаанд, системаи амбулаторию дармонгоҳии соҳаи тандурустӣ имконияти расонидани кӯмаки дастрас ва тахассусии тиббиро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд надорад, ки дар ин сатҳ муоина ва табобати 80 фоизи аҳолӣ оғоз ёфта, ба анҷом мерасад.
Дар марҳилаи то беморхонагӣ табиби минтақавӣ танзимгари фаъолияти табобатӣ - профилактикӣ набуда, назорати доимиро аз болои бемору аъзои оилаи ӯ бурда наметавонад ва қариб, ки ба ҳаҷм ва сифати ёрии расондаи худ ҷавобгар нест.
Ҳамоҳангӣ ҳангоми муоинаи бемор аз рӯи нишонаҳои синну солӣ ва ҷинсӣ дар вақти бемориҳои музмин душвор гаштааст: робитаи байни табибони кӯдакон - табибони калонсолон-духтури бемориҳои даруни (терапевтҳо)духтури бемориҳои занона (акушер-гинекологҳо) на ҳама вақт мувофиқи мақсад аст.
Бо ислоҳоти соҳаи тандурустӣ талаботи ногузири гузариш ба системаи камхарҷӣ ташкили ёрии амбулаторию дармонгоҳӣ, таҷдиди он ба таври фардию оилавӣ ба миён омадааст. Фармоиши иҷтимоӣ ҷиҳати воридсозии таҷрибаи умумитиббӣ - системаи табобатию профилактикии аҳолӣ, дар асоси принсипҳои тибби оилавӣ, ки асоси онро табиб ва ҳамшираи тибби оилавӣ ташкил медиҳад, ташаккул ёфт.
Воридсозии тибби оилавӣ дар деҳот, ки дастрасии ёрии тиббии тахассусӣ нисбат ба шаҳр пасттар аст, махсусан муҳим аст. Чи тавре, ки таҷрибаи аз ноҳияҳои пилотии Варзоб, Данғара, Турсунзода, Шаҳринав ва дигар ноҳияҳо бадастомада нишон медиҳад, гузариш ба ташкили кӯмаки аввалияи тиббӣ бо принсипҳои табиби оилавӣ, хизматрасонии босифат, дастрасӣ ва кӯмаки тиббии камхарҷ, истифодаи самараноки захираҳо ва дигаргунсозии муносибат ба пешгирии бемориҳо ва беҳдошти саломатӣ оварда мерасонад. Рушди КАТС дар асоси воридсозии тибби оилавӣ дар солҳои наздик имкон медиҳад: беморшавӣ бо корношоямии муваққатӣ бо ҳисоби рӯзҳо, маъюбшавии аввалини меҳнаткашон, муроҷиат ба стансияи ёрии таъҷилӣ кам гардад; паст намудани сатҳ ва мӯҳлати бистаришавӣ; паст намудани сатҳи фавти перинаталӣ ва навзодӣ. Тахмин меравад, ки самарабахшии иқтисодӣ дар минтақаҳои ҷудогона дар мавриди ташкили амбулаторияҳо ва утоқҳои табиби оилавӣ ба камхарҷ шудан ҳангоми муроҷиат ба мутахассисони соҳаи маҳдуд, пардохти музди даъвати ёрии таъҷилӣ, табобати беморхонагӣ, инчунин суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои пардохти музд ҳангоми корношоямии муваққатӣ мусоидат менамояд.
1. Таҳлили вазъият
1) Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Беш аз нисфи масоҳати Тоҷикистон дар баландии беш аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Минтақаи кӯҳсори ҳамдигарро бурида гузашта, шароитҳои иқлимӣ ва мушкилоти инфрасохтори роҳ сабабгори мушкилот ҳангоми банақшагирии сохтори соҳаи тандурустӣ дар кишвар гашта, аҳамиятнокии вақти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббиро ҳамчун яке аз омилҳои асосии банақшагирӣ нишон медиҳад.
73,6 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад. Ҳиссаи сокинони деҳот тамоюл ба афзоиш дорад.
Мавҷуд будани теъдоди нисбатан зиёди оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон, ки хатари сироят ёфтан ба бемориҳои сироятӣ ва дорои мушкилоти дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии хусусияти молиявидошта ҳастанд, инчунин масъалаҳои дастрасии ҷуғрофиро душвор месозад.
Ҳарчанд нишондиҳандаи фавти навзоду кӯдак, инчунин дигар нишондоди сатҳи камбизоатӣ ва нишондодиҳандаи иҷтимоӣ дар даҳ соли охир беҳтар гардида бошанд ҳам, барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ чун пештара бо сабаби маблағгузории нокифоя ва афзоиши аҳолӣ маҳдуд боқӣ мондааст.
2) Дар соли 1990 Тоҷикистон яке аз кишварҳои бо сатҳи баланди таваллуд (38,4 ба 1000 нафар аҳолӣ) ва афзоиши табиии аҳолӣ (32,2 ба сари ҳар 1000 нафар аҳолӣ) ба шумор мерафт. Ба кам гардидани сатҳи таваллуд дар соли 2009 (26,8 ба 1000 нафар аҳолӣ) ва афзоиши табиии аҳолӣ (22,5 ба 1000 нафар аҳолӣ) нигоҳ накарда, Тоҷикистон имрӯз низ дар афзоиши табиии аҳолӣ дар муқоиса бо дигар кишварҳои ИДМ дар зинаи боло меистад.
Тоҷикистон кишвари бо аҳолии аз ҳама ҷавон мебошад. Тибқи маълумоти охирини омори расмӣ 44,9 фоизи аҳолиро кӯдакон ва наврасони то 15 сола ташкил медиҳанд, ки аз он 22,4 фоиз кӯдакони то 5 сола мебошанд. Аҳолии қобили меҳнат тақрибан 60 фоизро ташкил медиҳад, ки аз он 3,8 фоиз ба аҳолии аз 65 сола боло рост меояд.
Дар маҷмӯъ, кӯдакони то 5-сола ва шахсони синнашон аз 65 боло бештар ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи КАТС ва тибби оилавӣ эҳтиёҷ доранд.
Тибқи маълумоти омории дастрасбуда, давомнокии пешбинишудаи ҳаёт ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистон 72 солро (соли 2008) ташкил медиҳад, ки ин дар муқоиса бо нишондиҳандаи миёнаи Минтақаи Аврупо (75,7 сол, дар соли 2006) кам буда, нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи умр дар ИДМ (67,9 сол, дар соли 2006) ва ДОМ (69,1 сол, дар соли 2006) зиёд мебошад.
Саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. Ба тамоюли устувори пастравӣ нигоҳ накарда, аз рӯи маълумоти омори расмӣ, фавти кӯдак (соли 1990-40,9 ва дар соли 2009- 17,7 ба 1000 зиндатаваллуд) ва фавти модар (соли 1990- 97,7 ва дар соли 2009-45,7 ба 100 000 зиндатаваллуд) дар Тоҷикистон масъалаи асосии системаи тандурустӣ боқӣ мемонад.
Таҳлили таркиби фавти модарон ва кӯдакон нишон медиҳад, ки бемориҳои перинаталӣ яке аз омилҳои асосии фавти кӯдакон ва фавти неонаталӣ ба ҳисоб мераванд. Дастрасии маҳдуд ба хизматрасонии босифати антенаталӣ ва таваллудӣ, набудани системаи дахлдори муроҷиати саривақтӣ ва расонидани кӯмаки таъҷилии акушерӣ, ҳиссаи зиёди таваллудҳои хонагӣ, ғизои нокифоя ҳангоми ҳомиладорӣ, нишондиҳандаи баланди таваллудҳои пешазмӯҳлат (то 15 фоиз), норасоии оҳан ва дигар микроэлементҳои ғизоӣ, иттилоотонии маҳдуди оилаҳо ва ҷомеа оид ба нигоҳубини дурусти навзод ва сатҳи баланди камбизоатӣ ба сифати сабабҳои асосии нишондиҳандаҳои баланди фавти перинаталӣ қабул кардан зарур аст.
Сабаби дар сатҳи баланди беморӣ қарор доштан ва фавти кӯдакони то 5 сола махсусан дар натиҷаи ғизои нокифояи кӯдакон ва норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, сифати пасти оби нӯшокӣ, ки боиси бемориҳои шадиди меъдаву рӯда, ки 7 фоизи бемориҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, инчунин дониш ва малакаи нокифояи падару модарон вобаста ба нигоҳубини кӯдак шуда метавонанд.
3) Хизматрасонии КАТС аз ҷониби марказҳои солимии шаҳрию ноҳиявӣ ва инчунин марказҳои солимии деҳот ва бунгоҳҳо саломатӣ гузаронида мешаванд. Дар баъзе аз ин муассисаҳо хизматрасониҳои дандонпизишкӣ пешниҳод карда
мешаванд. Бо инкишофи тибби оилавӣ 15 маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ таъсис дода шудаанд. Дар як қатор марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ ва деҳот хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо принсипи тибби оилавӣ ташкил дода шудааст.
Хизматрасониҳои махсусгардонидашудаи дармонгоҳӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои саломатии деҳот ва шаҳру ноҳиявӣ, инчунин марказҳои махсусгардонидашудаи бемориҳои сил, марказҳои наркологӣ ва эндокринологӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ, эмгузаронӣ, бемориҳои тропикӣ гузаронида мешаванд.
Марказҳои махсусгардонидашуда дар доираи Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 дар оянда ба КАТС муттаҳид карда мешаванд.
4) Дар ҷумҳурӣ пардохти хизматрасониҳои тиббӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, яъне маблағгузорӣ дар асоси хароҷот. Маҷмӯи маблағҳои давлатӣ, ки ба муассисаҳои тиббӣ ҷудо карда мешаванд аз шумораи катҳо, воҳидҳои корӣ ва хароҷоти воқеии хоҷагӣ (коммуналӣ) иборат мебошанд. Бад шудани вазъи иқтисодӣ дар давраи гузариш ба ихтисори назарраси маблағгузории давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ, ки айни ҳол 20 фоизи хароҷоти умумиро барои хизматрасониҳои тиббӣ ташкил медиҳад ва қисми боқимонда аз ҷониби донорҳо ва аҳолӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, оварда расонд.
Дар Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 оид ба зарурияти нигаронидани хизматрасонии тиббӣ ба талаботи аҳолӣ тавассути маблағгузории таъминкунандагон дар асоси натиҷаҳо таъкид карда шудааст.
Дар натиҷа, давлат татбиқи ислоҳоти маблағгузории тандурустиро оғоз намуд ва ворид намудани системаи маблағгузорӣ аз рӯи ҳодисаи табобат дар бахши бистарикунонӣ ва маблағгузории сарикасӣ дар бахши КАТС-ро ба нақша гирифтааст.
5) Зарурияти гузаронидани ислоҳот дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 эълон карда шудааст. Дар асоси ин Барномаи давлатии дигаргунсозии иқтисодӣ, ки ба ташаккули иқтисодии бозоргонии он ҳуҷҷати мазкур омода гардидааст, таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Аз рӯзи соҳибистиқлол гардидан, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ дастгирии зиёд ёфта истодааст. Аммо, ин дастгириҳо ҳамчун ёрӣ дар давраи фавқулодда буда, ба талаботе, ки бо ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он вобаста буданд, равона шуда буд. Хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи азнавташкилкунӣ ва аз нав дида баромадани вазифаҳои он, аз нав тақсимкунии захираҳои тандурустӣ, ворид намудани тибби оилавӣ, омӯзонидани мутахассисон, беҳтар намудани сохтори дохилӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, таъминот бо доруворӣ ва молҳои таъиноти тиббӣ бояд пурзӯр карда шавад. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бояд барои мардум дастрас бошад, ки он ба нигоҳдории солимӣ ва пешгирии бемориҳо равона карда шавад.
6) Яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот, ин ислоҳоти сохтори КАТС мебошад, ки дар он вазифаи асосиро табиби оилавӣ мебозад. Ин гуфтаҳо дар "Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марта соли 2002, №94 тасдиқ шудааст, омадааст. Вазорати тандурустӣ оид ба иҷрои ин сиёсат, ки барои рушди КАТС, алалхусус тибби оилавӣ равона шудааст, шурӯъ намуд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ ба тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ (духтурони тибби оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ) шурӯъ намуданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 31 декабри соли 2002, №525 сохторҳои муассисаҳои КАТС тасдиқ шуд.
Чӣ хеле, ки таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд табиби оилавӣ дар навбати худ ҳамчун сарчашмаи азнавсозии сохторҳо дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ ва умуман соҳаи тандурустӣ гардид. Гузаштан ба ташкили кӯмаки аввалияи тиббӣ, ба принсипҳои тибби оилавӣ, ба расонидани хизмати сифатнок, дастрас ва каммасраф гардидани кӯмаки тиббӣ, сарфакорона истифодабарии захираҳо, ки ба тағйир ёфтани фикрҳо оид ба пешгирии бемориҳо ва беҳдошти саломатӣ мебошад, ин ҳамаро табиби оилавӣ метавонад ба дӯши худ гирад. Табиби оилавӣ, чӣ хеле ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд намуд, аз рӯи ҳамаи ин самтҳо ҳаматарафа, дастрас, ба таври ҳамбастагӣ (табобат ва барқароркунӣ, беҳдошти саломатӣ ва пешгирии бемориҳо), инчунин на танҳо ҳамоҳангсози ҷомеа, балки оила низ мебошад, хизмат расонида метавонад.
7) Айни замон, шумораи умумии табибон ва кормандони миёнаи тиб дар ҷумҳурӣ муттаносибан 14459 ва 32631 нафарро ташкил медиҳад. Миқдори табибон ба 10 000 аҳолӣ 19,4 ва барои корманди миёнаи тиббӣ 43,7 - ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоби миёна 28,2 ва 75,5 - ро ташкил медиҳанд. Ин теъдоди табибон ва ҳамшираҳо, нисбат ба нишондиҳандаҳои Минтақаи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ кам аст (33,9 ва 72,7) ва дар ИДМ (37,7 ва 79,4). Лекин, ба норасоии умумии кормандони тиб нигоҳ, накарда, дар аксари минтақаҳои ҷуғрофӣ ва дар сатҳи ин ё дигар ихтисосҳо пешниҳоди барзиёди табибон бо сабаби номутаносибӣ дар тақсимоти захираҳои кадрӣ дар вилоятхо ва ихтисосҳо, ба назар мерасанд: масалан, аз ҳама нишондиҳандаи баланди мутаносибии табибон ба аҳолӣ, ки 729 табиб ба 100 000 аҳолӣ мебошад, дар ш.Душанбе ташкил медиҳад, ки ин ду маротиба аз нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳуриявӣ, ки тақрибан 194 табиб ба 100 000 мебошад, баланд аст. Ба ҳамин монанд, таклифи зиёд ба момодоя ва табибони бемориҳои занона ва норасоии табибони тибби оилавӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мушоҳида карда мешавад. Инчунин, эҳтиёҷот ба дигар ихтисосҳо, ошкор карда шудааст. Боз талаботи бешубҳа ба мутахассисони хуб омӯзонидашудаи тандурустии ҷомеа ва менеҷерони тандурустӣ дар сатҳи расонидани кӯмаки тиббӣ ва идоракунии ҷамъиятӣ дар соҳаи тандурустӣ, мавҷуд аст. Ҳадафи умумии миллӣ: нишондиҳандаи таносуби табибон ва ҳамшираҳо дар бахши тандурустӣ 1:3-ро ташкил медиҳад; нишондиҳандаи воқеӣ 1:2,3-ро ташкил дода, аз он шаҳодат медиҳад, ки шумораи ҳамшираҳои тибро бояд зиёд карда шавад.
Таносуби табибони оилавӣ ба аҳолӣ бояд 1 табиби оилавӣ ба ҳисоби миёна ба 1200-1500 нафар аҳолӣ ва 1 ҳамшираи тибби оилавӣ ба 600-750 нафар аҳолӣ баробар бошад.
Ин ҳадаф пешбинӣ мекунад, ки таносуби табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ бояд тақрибан 1 ба 2-ро ташкил диҳад, шумораи умумии зарурии табибони оилавӣ бошад 4970-6210 табибони оилавӣ ва 9935-12420 ҳамшираҳои тибби оилавиро ташкил медиҳад, ки аз онҳо то имрӯз 2265 табибони оилавӣ ва 2699 ҳамшираҳои тибби оилавӣ аллакай бозомӯзиро гузашта, ҳамасола дар ДДТТ, ДТИБДКТТ,- Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, МҶТКТО, 3 ШВТКТО ва 10 ШБТКТО бештар аз 500 нафар табибон ва 800 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ тайёр карда мешаванд.
8) Таҷриба ва бозомӯзии табибони оилавӣ нишон медиҳад, ки онҳо метавонанд ба оила ҳаматарафа кӯмак ва ғамхорӣ намоянд ва ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ мусоидат намоянд. Барои мукамалсозии рушди тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ якчанд масъалаҳоро бояд ҳал намуд, ки онҳо аз ҷиҳати илмӣ исбот карда шуда бошад - ин масъалаҳои маблағгузории соҳаи КАТС, таъминот бо маводҳои техникӣ, ташкили кор дар ҷойҳо, мукамалсозии ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳисоботӣ, ҷустуҷӯ ва таҳияи асосҳои методологӣ, ки ба омӯхтани асосҳои тиббӣ-иҷтимоии оила мусоидат мекунад, дигаргунсозии ақидаи мардум оид ба намуди нави хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон бо фармони Вазорати тандурустӣ аз 23 июни соли 1998, №236 "Оид ба зина ба зина гузаштани ташкили хизматрасонии тиббӣ бо принсипҳои табиби амалияи умумитиббӣ (табиби оилавӣ) барои солҳои 1998-2000" ва баъдан бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ бо фармони Вазорати тандурустӣ аз 12 январи соли 2006, №13 "Оиди рушди тибби оилавӣ" оғоз гардид.
Дар доираи мукамалсозии заминаҳои меъёрию ҳуқуқии фаъолияти мутахассисони соҳаи КАТС тавсифнома ва низомномаи табиби оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ, номгӯи таҷҳизоти муассисаҳои КАТС, ба интихоби озоди оила табиби оилавии худро, ки дар маҳали зист хизмати тиббиро таъмин менамояд ва ба ӯ унвони табиби тибби оилавии тайёрии махсуси бисёрсоҳавиро оид ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аъзои оила новобаста аз ҷинс, синну сол ва намуди беморӣ додаанд, аз нав дида баромада шуда бо фармони Вазорати тандурустӣ аз 31 октябри соли 2005, №584 тасдиқ шудааст.
9) Бо мақсади муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳо ҳангоми расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ мутобиқи принсипҳои тибби оилавӣ 29 декабри соли 2010, № 676 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тибби оилавӣ" қабул гардид.
Новобаста аз ин як қатор мушкилот оид ба ворид намудани таҷрибаи тибби оилавӣ вобаста ба номукаммал будани инфрасохтори муассисаҳои КАТС, нокифоя будани захираҳо ва сатҳи нокифояи касбии мутахассисон, таҳияи нопурраи ҳуқуқӣ ва заминаи моддӣ ва дастгирии иттилоотӣ, инчунин механизми ҳамкории табибони тибби оилавӣ бо дигар хадамоти тандурустӣ ба назар мерасад.
10) Барномаи мазкур нақшаи панҷсола (2011-2015) оид ба воридсозии тибби оилавӣ дар системам тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати нави стратегиро бо дарназардошти чораҳои мукаммал оид ба ворид намудани самти хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи КАТС бо тарзи тибби оилавӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, пешгирии бемориҳо, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ба таври васеъ ба роҳ мондани ташхис ва табобати беморон дар сатҳи КАТС, беҳтар намудани сатҳ ва сифати захираҳои кадрӣ, идоракунии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, буҷети инвеститсионӣ ва хароҷоти рӯзмарраро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ дар бар мегирад.
2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
11) Мақсади Барнома таъмини рушди устувори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мутобиқи принсипҳои тибби оилавӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ.
12) Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Барнома вазифаҳои зерин муайян карда шудаанд: - мукаммалсозии заминаи меъёриии ҳуқуқӣ, моддию техникӣ ва ташкилию-методӣ барои тезонидани амалисозии ислоҳоти зинаи аввалияи тандурустӣ, ташаккули тибби оилавӣ; - инкишофи системаи умумии тайёрии касбӣ ва бозумузӣ, ба таври даврӣ (муттасил) баланд бардоштани тахассуси кадрҳои тибби оилавӣ; - ташкил ва тасдиқи таъминнокии иттилоотии воридсозии тибби оилавӣ; - мусоидат намудан ба интегратсияи барномаҳои амудӣ бо КАТС; - татбиқи механизмҳои истифодабарии қобилияти табиби оилавӣ ва кормандони миёнаи тиббӣ, баланд бардоштани дастрасӣ, самаранокӣ ва сифати кӯмаки тиббӣ; - таъмини сатҳи солимии аҳолӣ;воридсозии намудҳои пешқадам ва усулҳои ташкили КАТС дар заминаи тибби оилавӣ, ҳамоҳангсозӣ бо намудҳои тахассусии кӯмаки тиббӣ, кӯмак дар хона, ёрии таъҷилӣ ва бетаъхир бо назардошти инфрасохторҳои иҷтимоии маҳаллӣ, намуди ҷойгирӣ ва дигар хусусиятҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - рушди илм ва технологияи инноватсионӣ дар самти тибби оилавӣ.
3. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
13) Барнома аз сарчашмаҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад: - буҷети давлатӣ; - маблағҳои барои маблағгузории барномаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ ва соҳаи иҷтимоӣ пешбинишуда; - маблағҳое, ки муассисаҳои тандурустӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии пулакии тиббию санитарӣ ба даст меоранд; - кӯмаки бебозгашт ва хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; - сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
4. Таъмини меъёрии ҳуқуқии тибби оилавӣ
14) Такмили асосҳои ҳуқуқии ташкили КАТС аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ бо муносибати мураттаб дар таҳияи пешниҳодот оид ба ҳалли проблемаҳои аввалиндараҷа ва таъминнокии меъёрии ҳуқуқии он пешбинӣ карда мешавад. Тайёрии маҷмӯии меъёрию ҳуқуқӣ, хуҷҷатҳои методӣ ва фармоишӣ, ки фаъолияти шабакаҳои ташкилотҳои дармонгоҳӣ ва беморхонагиро бо дарназардошти дигаргуншавии шароитҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷагузорӣ мекунад.
15) Дар баробари ба амал баровардани кафолатҳои давлатӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷиҳати гирифтан ва фароҳам овардани ёрии дастраси муассисаҳои КАТС дар доираи тибби оилавӣ дар баробари мавҷуд будани хизматрасонии тиббии пулакӣ. Инчунин бо таври меъёри муайян намудани мавқеи тибби оилавӣ дар соҳаи тандурустӣ ва асосҳои муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо дигар сохторҳо ва хадамоти ҳифзи иҷтимоӣ, суғурта, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои тибби оилавӣ; статуси ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва кафолати иҷтимоии ҳамаи субъектҳои тибби оилавӣ; иштироки хадамотҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар сохторҳо дар ҳалли проблемаҳои беҳдоштӣ, солимгардонии муҳити табии атроф ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятии оммавӣ дар доираи тибби оилавӣ зарур аст.
16) Коркарди ҳуҷҷатҳое, ки сохтори ташкилии тибби оилавӣ, шаклҳои он (гурӯҳӣ ва алоҳидагӣ, мустақил ва амалкунанда дар муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳии деҳот ва шаҳрҳои шаклҳои гуногун), инчунин ҳаҷм ва намуди ёрии пешниҳодшаванда ба аҳолӣ, якҷоя бо тадбирҳои пешгирӣ амалӣ намудани чорабиниҳои нигоҳдории тандурустӣ ва ғ., пешбинӣ карда мешавад.
17) Коркарди стандартҳои сифати расонидани КАТС ва дар доираи тибби оилавӣ ва тартиби ба ҳаракат даровардани онҳо; тайёр намудани шароит ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси кормандони тиббӣ ва иҷтимоии тибби оилавӣ, шартҳо ва тартиби сертификатсия ва литсензиякунонии алоҳида ва гурӯҳии тибби оилавӣ талаб карда мешавад.
5. Инкишофи асосҳои ташкилии тибби оилавӣ
18) Бо дарназардошти нақшаи тибби оилавӣ бо пуррагӣ истифода бурдани захираҳо, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва татбиқи консепсияҳо аз рӯи Барномаи мазкур, ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мукаммалсозии таъминоти системаҳои ташкилию технологии тамоми тибби оилавӣ, инчунин дигар ташкилотҳои табобатию профилактикии давлатӣ, пешбинии маҷмӯи чорабиниҳое, ки бо истифодаи таҷрибаи андӯхта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои байналмилалӣ оид ба ҷорӣ намудани тибби оилавӣ, талаб карда мешавад аз ҷумла:асосноккунии асосҳои тиббию ташкилӣ, дигаргунсозии кӯмаки ғайри беморхонавӣ бо такя ба моделҳои инкишофёфта бо дарназардошти таҷдиди кумакӣ беморхонавӣ; - таҳияи усулҳои таҳлили комплексии сохторӣ, ки ба аҳолӣ расонида мешавад ва таъмини захираи сохтори тандурустӣ дар маҳалҳо; - таҳияи ва тасдиқи системахои таъминоти сифат ва фоиданокии КАТС дар ҳудудҳои заминавӣ; - таҳияи лоиҳаи системаҳои КАТС бо дарназардошти гузариши марҳиланок ба тибби оилавӣ ва дигаргунсозии сохтори кӯмаки беморхонавӣ.
6. Инкишофи системаи тайёрии касбии кадрҳои тибби оилавӣ
19) Маҷмӯи чораҳо оид ба мукаммалсозии технологияи тайёр намудани омӯзгорон ва мутахассисон дар соҳаи тибби оилавӣ (табибон ва ҳамшираҳо) ва баланд бардоштани тахассуси онҳо, васеъ гардидани доираи фаъолияти касбӣ ва доираи хизматрасониҳои тиббии пешниҳодшаванда дар назар дошта шудааст.
20) Инчунин, таҳияи асосҳои равонию омӯзгорӣ, омӯзиши оила ҳамчун объекти тибби оилавӣ; ташаккули системаи касбии тайёр намудани табибон, кормандони миёнаи тиббӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва истифодабарии онҳо дар таҷрибаи табиби оилавӣ ва татбиқи чораҳои зерин дар назар дошта шуда истодааст: - инкишофи асос ва усулҳои тайёрии касбӣ ва тахассуси кадрҳо бо инобати талаботи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба такмили барномаҳои таълимӣ ворид намудани технологияҳои муосир; - таҳияи дастурҳои методӣ ва системаи тайёр намудани ҳайати омӯзгорони тибби оилавӣ ва амалигардонии онҳо дар таҷриба; - таҳияи ва ташаккули системаҳо оид ба тайёрии касбии кормандони миёнаи тиббӣ (аз ҷумла бо маълумоти олӣ) дар таҷрибаи тибби оилавӣ; - таҳияи системаҳои стандартии таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисони то ва баъдидипломӣ дар соҳаи тибби оилавӣ; - мукаммалсозии маводи таълимӣ ва таълимию методӣ оид ба таҷрибаи тибби оилавӣ дар раванди таълим ва истифода бурдани онҳо дар фаъолияти амалӣ; - таҳия ва тасдиқи системаҳои (барномаҳо, амалиёт ва ғ.) аттестатсиякунонӣ, сертификатсиякунонӣ, литсензиякунонии табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ; - таҳияи шаклҳои ташкилӣ оид ба таъсиси марказҳои таълимӣ ва илмию амалӣ оид ба тибби оилавӣ; - таҳияи стратегияи маълумотгирии муттасили тиббӣ.
21) Чорабинихои мазкур метавонанд ва бояд самти ҳалли масъалаҳои идоракунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ташаккулёбии сиёсати кадрӣ, якҷоя бо истифодаи кормандони иҷтимоӣ дар таҷрибаи тибби оилавӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ҷиҳати гузаронидани аттестатсияи табибони оилавӣ муайян созанд.
7. Таъмини меъёрию техникӣ, сохтмон ва ҷобаҷокунии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шакли нав
22) Ҷиҳати кам намудани хароҷот ҳангоми гузариш ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ Барномаи мазкур истифодаи иқтидори пурраи муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳӣ ва танҳо дар мавриди зарурию имкониятҳо, ташкили иқтидорҳои навро пешбинӣ мекунад. Дар баробари ин, ҷорӣ намудани тибби оилавӣ, тағйир додани равандҳои технологию тиббӣ ва васеъ намудани нақши муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии мавҷудбуда, инкишофи заминаи моддию техникии сатҳи аввали тандурустиро аз ҳисоби азнавтаҷҳизонӣ, тағйир додани сохтори нақшавӣ, таҷдиди муассисаҳои фаъолияткунанда, сохтмони биноҳои нав аз ҷумла офисҳо (утоқҳо, дармонгоҳҳо)-и табиби оилавиро талаб мекунад. Аз ин сабаб таҳияи заминаи меъёрию техникӣ ҳуҷҷатгузории лоиҳавию конструкторӣ барои густариш, ҷобаҷокунии утоқҳо, амбулаторияи табиби оилавӣ мувофиқи талаботи ҳозиразамон зарур аст.
Барнома дар асоси гузаронидани корҳои илмӣ ва илмию лоиҳавӣ оид ба пешбинӣ намудани ташкили маводи лоиҳавии дармонгоҳҳои ҳозиразамон, нав ва таҷдидшаванда, инчунин оид ба лоиҳабандии офисҳои тиббӣ барои кори табибони оилавӣ бо дарназардошти ҳолатҳои шаҳрсозӣ, инчунин таҳияи ҷузъҳои асосии нақшавии офисҳои тиббӣ ва дармонгоҳҳои муосир омода шудааст.
8. Таъмини иттилоотӣ ва идоракунии Барнома
23) Ташкил намудани низоми таъминоти иттилоотии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ оид ба проблемаҳои тибби оилавӣ, навовариҳои ташкилию методӣ, тиббӣ ва инноватсияи иҷтимоии он (бо истифодаи воситаҳои электронии ахбори умум ва дигар воситаҳо) пешбинӣ карда мешавад.
Таҳияи усулҳои методӣ ва талаботи таъминоти ҷорӣ намудани иттилооти тибби оилавӣ ба нақша гирифта мешавад.
24) Истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи тандурустӣ талаботи замон буда, метавонад ба такмилдиҳии истифодабарии захираҳо, хизматрасонии тиббии босифат ба аҳолӣ хусусан ба аҳолие, ки дар деҳот дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд ва ҳангоме, ки дар ташхису табобати бемор вақт ва масофа нақши асосиро мебозад, мусоидат намояд.
9. Таъминоти илмии ҷорӣ намудани тибби оилавӣ
25) Ташаккули асосҳои ҳалли мушкилоти ҷорӣ намудани тибби оилавӣ дар шакли илмию методӣ, амалӣ, гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ, аз ҷумла:таҳияи маводи методӣ барои табиб ва ҳамшираи тибби оилавӣ оид ба амалисозии фаъолияти касбӣ вобаста аз намуд, марҳилаҳои инкишоф ва хусусиятҳои оилаҳое, ки аз ҷониби онҳо хизмат расонида мешавад; - таҳияи системаи мониторинг аз болои ташаккули тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; - тасдиқи он дар сатҳи минтақа ҷиҳати ҳамроҳӣ намудани амалисозии ислоҳот дар бахшҳои аввалияи тандурустӣ; - ташкили нақшаи системаи дигаргунсозии сохтори хизматрасонии тиббӣ вобаста ба хусусиятҳои аҳолии ҳудудӣ; - коркард ва тасдиқи усулҳои илмӣ ва низоми баҳогузории (оид ба ҷамъи нишондодҳо) тиббӣ ва иҷтимоию иқтисодии самарабахши гузариши нуқтаи амбулаторию дармонгоҳии соҳаи тандурустӣ ба тарзи тибби оилавӣ; - коркарди маводи методӣ оид ба пешниҳоди кафолатҳо аз ҷониби давлат ба аҳолӣ расонида мешавад; - такмили усулҳои баҳисобгирии арзиши хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
26) Дар раванди татбиқи илмии Барнома омӯзиши таҷрибаи воридсозии коркардҳои илман асоснокшуда ҷиҳати ташаккули тибби оилавӣ дар минтақаҳо бо роҳи гузаронидани конфронсҳои илмию амалӣ, паҳнсозии усулҳои методии дурнамои тасдиқшуда, инчунин ба воситаи равшаннамоӣ дар нашриётҳои бахшида ба ин мавзӯъ оид ба ташаккули тибби оилавӣ идома дода мешавад.
10. Интегратсияи барномаҳои амудӣ бо муассисаҳои КАТС
27) Мутобиқи Стратегия миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 (02. 08. 2010с., № 368) ва Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020 барномаҳои амудии марказҳои махсусгардонидашуда (мубориза бар зидди бемории сил, ВНМО/БНМО, эмгузаронӣ, солимии репродуктивӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим) дар шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои КАТС интегратсия гардида, марказҳои номбурда танҳо дар ш. Душанбе, ВМКБ ва вилоятҳои Хатлону Суғд, ҳамчун марказҳои шаҳрию вилоятӣ оид ба гузаронидани корҳои дастурию методӣ, мониторинг ва баҳодиҳии рафти амалисозии барномахои амудӣ фаъолият менамоянд.
28) Бо мақсади интегратсияи барномаҳои амудӣ бо муассисаҳои КАТС татбиқи чораҳои зерин дар назар дошта мешаванд: - коркарди протоколҳои клиникӣ оид ба ташхис ва табобати беморони хусусияти иҷтимоидошта;бозомӯзии мутахассисони КАТС (тибби оилавӣ) оид ба татбиқи барномаҳои амудӣ; - бозомузии мутахассисони марказҳои махсусгардонидашуда, оид ба принсипҳои хизматрасонии тиббии ба тибби оилавӣ асосёфта; - таъмин намудани муассисахои КАТС (озмоишгоҳу ташхисгоҳҳо) бо дастгоҳҳои корӣ ва маводи сарфшаванда.
11. Механизми татбиқ, идоракунӣ ва назорати татбиқи Барнома
29) Барномаи Рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар доираи Стратегиям миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ба амал бароварда мешавад.
Барои амалисозии Барномаи мазкур оид ба ҳар як қисм нақшаи чорабиниҳои мушаххас бо мӯҳлати иҷро ва иҷрокунандагони масъули барномавӣ муайян карда мешавад.
Самтҳои асосии Барнома бо дарназардошти амалисозии он ва самаранокии истифодабарии маблағҳо ҳамасола муайян ва назорат карда мешавад.
30) Идоракунӣ ва назорати амалисозии Барнома аз ҷониби Вазорати тандурустӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии тибби оилавӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиники тибби оилавӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шӯъбаҳои тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.
Иҷрои чорабиниҳои Барнома аз тарафи гурӯҳи корие, ки дар Вазорати тандурустӣ, аз шумораи роҳбарони сохтори худ ва раёсатҳои маҳаллии тандурустӣ, ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои тандурустӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ, ки иҷрокунандагони чорабиниҳои Барнома ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шудааст, роҳбарӣ карда мешавад.
12. Натиҷаҳои ниҳоии татбиқи Барнома
31) Татбиқи саривақтии чорабиниҳои дар Барнома пешбинигардида барои ноил шудан ба натиҷаҳои зерин имкон медиҳад:
- таҳкими системаи ҷораҳои давлатие, ки ба рушди кӯмаки тиббию санитарии камхарҷ мусоидат менамояд;
- ҷорӣ намудани системаи манфиатноки тайёркунӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон дар самти тибби оилавӣ, ки дорои малака ва дониш дар тахассусҳои ба он алоқаманд мебошанд ва қобилияти тавсеаи намудани ҳаҷм ва намуди хизматрасониҳои тиббӣ баҳри фаъолият дар муассисаҳои КАТС-и шакли нав;
- гузаронидани дигаргунсозиҳои сохтори КАТС ва пурзӯр намудани он бо роҳи рушди тибби оилавӣ;
- интегратсияи барномаҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо муассисаҳои КАТС;
- таъмин намудани самти сарфакории захираҳои муассисаҳои КАТС, истифодаи сарфакоронаи захираҳои кадрӣ ва молӣ;
- аз нав тақсим намудани ҳаҷми кӯмаки тиббӣ аз статсионар ба кӯмаки амбулаторӣ, баланд бардоштани истифодаи кӯмаки камхарҷи статсионариро ивазкунанда ва бартараф намудани намудҳои хароҷоти шахсии (статсионарӣ ва фаврӣ) кӯмаки тиббӣ;
- қаноатманд намудани эҳтиёҷоти мардум ба кӯмаки тиббию санитарии дастрас ва бетаъхир ва баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати он (ташхис, табобат ва чораҳои барқароркунанда) дар давраи то ва баъди бистарикунонӣ;
- таъсиси заминаи боэътимод ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои вазъи солимии аҳолӣ, паст намудани бемориҳо бо корношоямии муваққатӣ, маъюбии нахустини кормандон, муроҷиат ба стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ ва кам намудани сатҳи бистарикунонӣ ва давомнокии марҳилаи он;
- баланд бардоштани сатҳи санитарию беҳдоштии аҳолӣ.
13. Мониторинг ва баҳодиҳӣ
32) Системаи мониторинг ва баҳодиҳии Барнома имкояият медиҳад ба таври объективона баҳо дода шавад, ки айни замон тибби оилавӣ ба кадом натиҷаҳо ноил гардидааст, чӣ тавр дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ тағйир меёбад, ҷиҳати беҳбудии кор нисбат ба кадом соҳаи фаъолият бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад ва минбаъд барои рушди тибби оилавӣ кадом корҳо сурат гирад.
Бо мақсади таъмини татбиқи самарабахш ва иҷрои бомуваффақияти вазифа ва чорабиниҳои гузошташуда мунтазам мониторинг ва арзёбӣ анҷом дода мешавад. Барои таъмини чунин навъи фаъолият дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсоз таъсис меёбад, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ ва ҳамкорон оиди рушд шомил мегарданд. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҷиҳати фароҳам овардани кӯмак ва ҳам дар фаъолияти Шӯро нақши асосиро мебозад.
33) Назорат ва баҳодиҳӣ дар асоси нишондиҳандаҳои тасдиқгардида гузаронида мешавад. Мониторинг ва баҳодиҳии Барнома ба таври доимӣ, дар шакли ҳисоботи солона анҷом дода мешавад. Баҳодиҳӣ фосилавӣ дар соли 2013 ва баҳодиҳии ниҳоӣ соли 2015 гузаронида мешавад.
Ҳисобот дар бораи мониторинги баҳодиҳии дастовардҳои дар доираи амалӣ он ноилгардида ва пешниҳодот оид ба такмили раванд дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима карор мегирад.
Ниг.ба Замима