Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалисозии Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишуда таъмин намояд;
- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии амалисозии Барномаи мазкурро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 июли соли 2011 № 330
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы развития семейной медицины в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы
В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", в целях развития семейной медицины в Республике Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Программу развития семейной медицины в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы (прилагается).
2) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:
- совместно с другими соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить реализацию настоящей Программы в рамках предусмотренных средств;
- обеспечить координацию и техническую поддержку реализации настоящей Программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 1июля 2011 года № 330
г. Душанбе