Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 № 716 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод.459) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима калимаи "иқтидори" ба калимаи "нерӯи" иваз карда шавад.

2. Дар сархати ҷоруми моддаи 1 калимаҳои "мувофиқат (адаптатсия) ва офияти (реабилитатсияи)", сархати сеюми моддаи 12 калимаҳои "офияти (реабилитатсияи)", сархати сеюми моддаи 22 калимаҳои "офиятӣ (реабилитатсионӣ)" ва дар сархати шашуми қисми дуюми моддаи 23 калимаҳои "мувофиқати (адаптатсияи)" мутаносибан ба калимаҳои "мутобиқат ва тавонбахшии", "тавонбахшии", "тавонбахшӣ" ва "мутобиқати" иваз карда шаванд.

3. Дар сархати ҷоруми моддаи 1, сархати ҳафтуми моддаи 8, қисми дуюми моддаи 14, матни моддаи 16, сархати дуюми қисми дуюми моддаи 17, матни моддаи 18, қисми ҷоруми моддаи 19, матни моддаи 23, қисми дуюми моддаи 26, қисми панҷуми моддаи 27 ва қисми дуюми моддаи 28 калимаҳои "шаҳрвандони ҷавон" ва "Шаҳрвандони ҷавон" мутаносибан ба калимаҳои "ҷавонон", "ҷавононе", "Ҷавонон" ва "Ҷавононе" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 2 пеш аз калимаи "эътироф" калимаи "онҳоро" илова карда шавад.

5. Дар моддаи 3:

- дар сархати ҷоруми қисми якум калимаҳои "шаҳрвандони ҷавон" ба калимаҳои "ҷавонон, инҷунин ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо" иваз карда шаванд;’

- ба қисми дуюм сархатҳои якум, дуюм ва сеюм бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- қонуният;

- интихоби самтҳои афзалиятноки рушди сиёсати давлатии ҷавонон;

- баҳисобгирии манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни наврасон ва ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони имкониятҳои ҷисмонӣ ва рӯҳиашон маҳдуд;";

- дар сархати ҳафтуми қисми дуюм калимаи "ҷанбаи" ба калимаи "асоснокии" иваз карда шавад.

6. Дар моддаи 4:

- дар қисми якум калимаи "соҳаҳои" ба калимаи "самтҳои" иваз карда шавад;

- дар сархати ҷоруми қисми якум пеш аз калимаи "ҷавонони" калимаи "давлатии" илова карда шавад;

- сархати ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- тарбияи ҷавонон, аз ҷумла тарбия дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, таъмини иштироки онҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ;";

- сархатҳои ҳабдаҳум ва ҳаждаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон;

- ба ҳаёти ҷомеа фаъолона ҷалб кардани ҷавононе, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд.";

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Асоси татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро барномаҳои давлатии ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон тасдиқ карда мешаванд.".

7. Дар моддаи 5:

- дар қисми якум калимаҳои "илмҳои ҷамъиятӣ" ба калимахои "илму техника" иваз карда шаванд;

- дар қисми панҷум баъд аз калимаҳои "фарҳангию маърифатӣ," калимаҳои "аз ҷумла технологияҳои муосири иттилоотӣ," илова карда шаванд;

- дар қисми ҳафтум калимаҳои "мақомоти ҷумҳуриявии давлатии кор бо ҷавонон" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон" ва калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

8. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 7, сархати панҷуми моддаи 8, ном ва матни моддаи 9, сархати нуҳуми моддаи 11, қисми дуюми моддаи 15, қисми дуюми моддаи 17, сархати ҷоруми қисми якуми моддаи 20, қисми сеюми моддаи 24 ва қисми дуюми моддаи 29 калимаҳои "мақомоти давлатии кор бо ҷавонон" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон" иваз карда шаванд.

9. Дар сархати чоруми қисми дуюми моддаи 7, ном ва матни моддаи 11, сархати якуми қисми дуюми моддаи 13 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ва "ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

10. Дар моддаи 9:

- дар сархати даҳум баъд аз калимаи "кор" калимаҳои ", инчунин барои фаъолият дар хориҷи кишвар, касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ" илова карда шаванд;

- сархати понздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- оид ба дастгирии давлатии олимон ва ихтироъкорони ҷавон тадбирҳои зарурӣ меандешад;".

11. Дар сархати сеюми моддаи 10 калимаҳои "мактабҳои таълими истеҳсолӣ" ба калимаҳои "муассисаҳои касбомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ" иваз карда шаванд.

12. Дар сархати ҳафтуми моддаи 11, қисми якуми моддаи 16, қисми дуюми моддаи 17, қисми сеюми моддаи 24, қисми якуми моддаи 26 ва қисми сеюми моддаи 28 калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

13. Сархати дуюми қисми дуюми моддаи 12 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

" - оид ба масъалаҳои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, шуғл ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, демографӣ ва танзими оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мавқеи зан дар ҷомеа, мубориза бар зидди нашъамандӣ, майзадагӣ, экстремизм ва терроризм вохӯрию мулоқотҳо, конфронсҳои илмию амалӣ, семинарҳои методӣ ва дигар чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ мегузаронанд.".

14. Ба қисми якуми моддаи 16 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

" - омӯзиши касбу ҳунар, асосҳои қонунгузорӣ оид ба меҳнат ва таълими забонҳои хориҷиро ташкил менамоянд;".

15. Дар сархати якуми қисми дуюми моддаи 17 ва сархати сеюми моддаи 22 калимаҳои "вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ), аломати норасоии масунияти бадан (СПИД)" ба калимаҳои "вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда" иваз карда шаванд.

16. Дар моддаи 18:

- дар қисмҳои чорум, панҷум ва шашум калимаҳои "хонандагон" ва "хонандагонро" ба калимаҳои "наврасону ҷавонон" ва "наврасону ҷавононро" иваз карда шаванд;

- дар қисми ҳафтум баъд аз калимаҳои "олии касбӣ" калимаҳои ",олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" илова карда шаванд.

17. Дар қисми якуми моддаи 19 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- татбиқи ҷораҳо барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ, мусоидат ба омӯзиши асосҳои танзими оила;

- мусоидат ба рушди низоми муассисаҳои томактабӣ.".

18. Моддаи 19(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 19(1). Дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод

Дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод қисми таркибии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- муқаррар намудани стипендия, мукофот, пешниҳоди грантҳои давлатии таҳсилотӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили фондҳои махсус;

- бунёд ва рушди марказҳо оид ба муайян ва тайёр намудани ҷавонони соҳибистеъдод;

- ташкил ва гузаронидани ҷорабиниҳо бо мақсади муайян ва паҳн намудани дастовардҳои илмӣ ва эҷодии ҷавонон;

- таъмини дастрасии ҷавонони соҳибистеъдод ба барномаҳои таҳсилотӣ, такмили ихтисос ва коромӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар асоси озмун;

- муҳайё намудани шароит ба олимони ҷавон, кормандони ҷавони соҳаҳои маориф ва фарҳанг баҳри амалӣ намудани фаъолияти илмию эҷодӣ, мусоидат ба амалӣ гаштани дастовардҳои олимони ҷавон;

- ҳавасмандгардонии маънавии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷавонони соҳибистеъдодро дастгирӣ менамоянд.".

17. Дар моддаи 22:

- дар сархати якум калимаи "омӯзиш" ба калимаи "омӯзишӣ" иваз карда шавад;

- ба сархати дуюм баъд аз калимаи "онҳо" калимаҳои "ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда;" илова карда шаванд;

- дар сархати панҷум калимаи "касбомӯзӣ," ба калимаҳои "касбу ҳунаромӯзӣ, омӯзиши забонҳо ва технологияи муосир," иваз карда шавад;

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "шаҳрвандони ҷавони ноболиғ" ба калимаи "ноболиғон" иваз карда шаванд;

- сархати ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

18. Дар сархати чоруми қисми дуюми моддаи 23 калимаҳои "шаҳрвандони ноболиғ" ба калимаи "ноболиғоне" иваз карда шаванд.

19. Ба моддаи 28 қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Давлат иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро, ки дар рушди сиёсати иҷтимоӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон барномаҳо амалӣ мекунанд, дастгирӣ менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

28 июни соли 2011, № 716

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 25 майи соли 2011, № 433

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 9 июни соли 2011 № 187 № 716

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МОЛОДЕЖИ И ГОСУДАРСТВЕННОЙ МОЛОДЕЖНОЙ ПОЛИТИКЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 15 июля 2004 года "О молодежи и молодежной политике" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г. №7, ст.459) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце четвертом статьи 1, абзаце седьмом статьи 8, части второй статьи 14, тексте статьи 16, абзаце втором статьи 17, тексте статьи 18, части четвертой статьи 19, тексте статьи 23, части второй статьи 26, части пятой статьи 27 и части второй статьи 28 слова "молодые граждане", "молодых граждан", "Молодые граждане" заменить словами "молодежь", "молодёжи", "Молодёжь".

2. В статье 3:

- в абзаце четвертом части первой слово "граждан." заменить словами "граждан, а также их инициатив, имеющих социальное значение.";

- часть вторую дополнить абзацами первым, вторым и третьим следующего содержания:

"- законности;

- выбора приоритетных направлений развития государственной молодежной политики;

- учета интересов различных групп подростков и молодежи, в том числе молодёжи с ограниченными физическими и психическими возможностями;";

- в абзаце седьмом части второй слово "научного" заменить словами "научной обоснованности".

3. В статье 4:

- в абзаце четвертом части первой перед словом "поддержка" добавить слово "государственная";

- абзац седьмой изложить в следующей редакции:

"- воспитание молодёжи, в том числе воспитание в духе национального самосознания, патриотизма, уважения к государственным символам, гражданской ответственности, обеспечение их участия в развитии национальной культуры и государственного языка.";

- дополнить абзацами семнадцатым и восемнадцатым следующего содержания:

"- предотвращение негативных социальных явлений, наркомании, алкоголизма, экстремизма и терроризма среди молодёжи;

- активное привлечение молодежи, находящейся в трудных жизненных ситуациях, к жизни общества.";

- часть вторую изложить в следующей редакции:

"Основу реализации государственной молодежной политики составляют государственные программы молодежи, утверждаемые Правительством Республики Таджикистан, с учетом основных направлений государственной молодёжной политики.".

4. В статье 5:

- в части первой слова "общественных наук" заменить словами "науки и техники ";

- в части пятой после слова "учреждений," дополнить словами "современные информационные технологии.";

- в части седьмой слова "местные органы самоуправления" заменить словами "органы самоуправления поселков и сел" и слова "государственный республиканский орган по делам молодёжи" заменить словами "государственный уполномоченный орган по делам молодёжи".

5. В абзаце втором части второй статьи 7, абзаце пятом статьи 8, названии и тексте статьи 9, абзаце девятом статьи 11, части второй статьи 15, части второй статьи 17, абзаце четвертом части первой статьи 20, части третьей статьи 24 и части второй статьи 29 слова "государственного органа по делам молодежи" заменить словами "уполномоченного государственного органа по делам молодежи;";

6. В абзаце четвертом части второй статьи 7, названии и тексте статьи 11, абзаце первом части второй статьи 13 слова "местных органов власти", "органов местной власти", "органы местной власти" и "местной власти" заменить словами "местных органов государственной власти".

7. В статье 9:

- в абзаце десятом слово "мест;" заменить словами "мест, в том числе профессиональной подготовке и обучению языкам для деятельности за пределами страны;";

- дополнить абзацем пятнадцатым следующего содержания:

"- принимает необходимые меры по государственной поддержке молодых ученых и изобретателей;".

8. В абзаце третьем статьи 10 слова "школах производственного обучения" заменить словами "учреждениях профессионального и дополнительного образования;".

9. Абзац второй части второй статьи 12 изложить в следующей редакции:

"-проводят встречи и беседы, научно-практические конференции, методические семинары и другие образовательно-просветительские мероприятия по вопросам обучения, трудовой деятельности, трудовой миграции, занятости и патриотического воспитания молодежи, демографии и планирования семьи, регулирования традиций, обычаев и обрядов, место женщины в обществе, борьбы с наркоманией, алкоголизмом, экстремизмом и терроризмом.".

10. Часть первую статьи 16 дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

" - организуют обучение профессиям и ремеслам, основам законодательства по труду и иностранным языкам;".

11. В абзаце первом части второй статьи 17 слова "вируса иммунодефицита человека (ВИЧ), синдрома приобретенного иммунодефицита человека (СПИД)" и в абзаце третьем статьи 22 слова "ВИЧ инфицированным и СПИД инфицированным лицам" заменить словами "вируса иммунодефицита человека, синдрома приобретенного иммунодефицита и болезней, передаваемых половым путем" и "лиц, зараженных вирусом иммунодефицита человека, синдромом приобретенного иммунодефицита и болезней, передаваемых половым путем.".

12. В абзаце седьмом статьи 11, части первой статьи 16, части второй статьи 17, части третьей статьи 24, части первой статьи 26 и части третьей статьи 28 слова "местные органы самоуправления" заменить словами "органы самоуправления поселков и сел".

13. В статье 18:

- в частях четвертой, пятой и шестой слова "обучающихся", "обучающимся" и "обучающиеся" заменить словами "подростков и молодежи", "подросткам и молодежи" и "подростки и молодежь";

- часть седьмую после слов "высшего профессионального" дополнить словами ", послевузовского профессионального".

14. Часть первую статьи 19 дополнить пятым и шестым абзацами следующего содержания:

" - осуществление мер по подготовке молодежи к самостоятельной семейной жизни, содействие в изучении основ регулирования семьи;

- содействие развитию системы дошкольных учреждений.".

15. Дополнить статьей 191 следующего содержания:

"Статья 19(1). Государственная поддержка одаренной молодежи

Государственная поддержка одаренной молодежи является составной частью государственной молодежной политики Республики Таджикистан и осуществляется государственными органами путем:

- установления стипендии, вознаграждения, предоставления государственных образовательных грантов в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- организации специальных фондов;

- создания и развития центров по выявлению и подготовке одаренной молодежи;

- организации и проведения мероприятий с целью выявления и распространения научных и творческих достижений молодежи;

- обеспечения доступа одаренной молодежи к образовательным программам, повышению квалификации и стажировкам внутри страны за рубежом на конкурсной основе;

- создания условий для молодых ученых, молодых работников сфер образования и культуры для реализации научной, творческой деятельности, содействия в практическом осуществлении достижений молодых ученых;

- морального поощрения физических и юридических лиц, поддерживающих одаренную молодежь.".

14. В статье 22:

- в абзаце втором слово "родителям;" заменить словами "родителям или лицам, заменяющим их;";

- в абзаце пятом слова "профессиональной ориентацией" заменить словами "обучением профессиям и ремеслам, языкам и современным технологиям,";

- в абзаце седьмом слова "несовершеннолетним гражданам" заменить словом "несовершеннолетним";

- абзац восьмой изложить в следующей редакции:

"- другими социальными услугами, в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

15. В абзаце четвертом части второй статьи 23 слова "молодых несовершеннолетних граждан" заменить словом "несовершеннолетних".

16. Статью 28 дополнить частью четвертой следующего содержания:

"Молодежные общественные объединения, реализующие программы, направленные на развитие социальной политики и воспитание патриотизма поддерживаются государством.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе

28 июня 2011 года № 716

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О молодежи и государственной молодежной политике"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменении и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О молодежи и государственной молодежной политике".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан Ш.Зухуров

г. Душанбе, 25 мая 2011 года №433

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О молодёжи и государственной молодёжной политике"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О молодёжи и государственной молодёжной политике", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О молодёжи и государственной молодёжной политике".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 9 июня 2011 года № 187