ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХАЗИНАИ БОЙГОНИИ МИЛЛӢ ВА МУАССИСАҲОИ БОЙГОНӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод.326; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1018) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми моддаи 1 калимаҳои "шароити ҳифз," ба калимаҳои "шароит барои нигоҳдорӣ, ҳифз," ва калимаи "истифодаи" ба калимаи "истифодабарии" иваз карда шаванд. 2. Ба Қонун моддаи 1(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: -бойгонӣ - муассисаи бойгонӣ ё воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилот, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро ба амал мебарорад;
-ҳуҷҷати бойгонӣ - ҳуҷҷати дорои моҳияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, новобаста ба шакли маълумот, инчунин ҳуҷҷати дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва фарҳангӣ, ки нигоҳдорӣ карда мешавад;
-ёдгориҳои ҳуҷҷатии нодир - ҳуҷҷати нодир ё махсусан арзишдори бойгонӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи ёдгориҳои ҳуҷҷатӣ дохил карда шудааст;
-хазинаи бойгонӣ - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои бойгонии як ташкилот ё шахси алоҳида;
-кори бойгонӣ - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо бойгонӣ;
-нигоҳдории муваққатии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ то мӯҳлати нобудкунии онҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст;
-нигоҳдории доимии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - нигоҳдории бемӯҳлат (доимӣ);
-молики ҳуҷҷатҳои бойгонӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро доранд;
-муассисаҳои бойгонӣ - бойгониҳои давлатӣ, хазинаҳои бойгонии соҳавӣ, бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ки бо тартиби
-муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгониро таъмин менамоянд.".
3. Дар моддаҳои 3, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 15, 16, 19, 20 ва 21 Қонун калимаи "мақоми" ба калимаи "Мақоми" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Низоми муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
-қисми якуми модда хориҷ карда шавад;
-дар қисми дуюм калимаи "Системам" ба калимаи "Низоми" иваз карда шавад.
5. Дар номи моддаи 13 калимаи "Бойгониҳо" ба калимаи "Бойгониҳои" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 августи соли 2011 № 763
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгоиии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"
Маҷлиси намояндагонн Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 15 июли соли 2011, № 474
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 21 июли соли 2011 №211