ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ"
Моддаи 1.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 99; с. 2010, №3, мод. 152) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаи "вазъи" ба калимаҳои "вазъи ҳуқуқии" иваз карда шавад.
2. Дар кисми 1 моддаи 19 калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" ба калимаҳои "дигар санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шаванд.
3. Қисми 1 моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, ки дар қисми болоии матн нишон дода мешавад. Номи санадҳои қонунгузорӣ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, бо ҳарфи калон оғоз меёбад. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ мавзӯи танзими ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд.".
4. Дар моддаи 34:
- қисмҳои 12 ва 13 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"12. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, мазмуни ягона дорад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад, ишора мегардад ва метавонад ба бандҳо ё сархатҳо тақсим шавад. Агар модда аз як қисм иборат бошад, рақамгузорӣ карда намешавад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо ҳарфи калон огоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад.
13. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, бо фосила оғоз меёбад. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ метавонад бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида ")" гузошта шавад. Банди дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ зервоҳиди матн буда, бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки банд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шуда бошад.";
- ба қисми 14 баъди калимаҳои "банд буда," калимаҳои "баъд аз аломати баён ":"" илова карда шуда, пеш аз ҷумлаи охирин ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Ҳар як зербанд ба истиснои зербанди охирин бо нуқта вергул ";" ба охир мерасад.".
5. Ба қисми 2 моддаи 48, қисми 1 моддаи 54, қисми 1 моддаи 55 ва қисми 2 моддаи 56 баъди калимаҳои "забони давлатӣ" калимаҳои "ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо" илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 52:
- ба қисми 3 баъди калимаҳои "забони давлатӣ" калимаҳои "ва тарҷумаи онҳо ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо" илова карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли нопурра ё иқтибос аз онҳо мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои муқаррароти алоҳидае, ки набояд интишор шаванд.".
7. Қисми 3 моддаи 58 хориҷ карда шавад.
8. Матни моддаи 59 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба он тағйиру иловаҳои зиёд ворид карда шудаанд, бо қарори мақоми хукуқэҷодкунандае, ки санади мазкурро қабул кардааст, метавонад дар нашрияи расмӣ бо назардошти тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав интишор шавад.".
9. Ба қисми 2 моддаи 61 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- давра ба давра маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаашонро нашр намоянд.".
10. Дар номи боби 10 калимаҳои "ВА БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ" ба калимаҳои ", БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА МУРАТТАБСОЗИИ" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 3 моддаи 74 калимаи "гузаронанд" ба калимаи "гузаронад" иваз карда шавад.
Моддаи 75 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 75. Тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро мураттаб сохта, нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаашонро пеш мебаранд ва ба онҳо сари вақт тамоми тағйиру иловаҳои мавриди амал қароргирифтаро дохил менамоянд.".
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 июни соли 201I №730
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
9 июни соли 2011 № 162