Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 № 227
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 227 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015" тағйироти зайл ворид карда шавад:
1. Дар номгӯй ва матни қарор калимаҳои "таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти ибтидоии касбӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар бандҳои 2 ва 3 калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3. Дар матни Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015:
-калимаҳои "таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ" ба калимаҳои "таҳсилоти ибтидоии касбӣ" иваз карда шаванд;
- банди 6 боби II ва банди 6 боби IV (Таҳсилоти касбии калонсолон) хориҷ карда шаванд. Бандҳои 7, 8, 9, 10 ва 11-и бобҳои II ва IV мутобиқан бандҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 ҳисобида шаванд;
- калимаҳои "Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати энертетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба калимаҳои "Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати наклиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 369
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 8 декабря года № 227
В соответствии со статьёй 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года
№ 227 "Об утверждении Национального плана действий по реформированию системы начального профессионального образования и обучения в Республике Таджикистан на 2006-2015 годы" внести следующие изменения:
1. В названии и в тексте постановления слова "начального профессионального образования и обучения" заменить словами "начального профессионального образования";
2. В пунктах 2 и 3 слова "Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" заменить словами ,Министерству образования Республики Таджикистан";
3. В тексте Национального плана действий по реформированию системы начального профессионального образования и обучения на 2006-2015 годы:
- слова "начального профессионального образования и обучения" заменить словами "начального профессионального образования";
- пункт 6 главы II и пункт 6 главы IV, (Профессиональное образование взрослых) исключить. Пункты 7, 8, 9, 10 и 11 главы II и IV считать соответственно пунктами 6, 7, 8, 9 и 10.;
- слова "Министерство промышленности Республики Таджикистан", "Министерство энергетики Республики Таджикистан", "Министерство связи Республики Таджикистан", "Министерство транспорта Республики Таджикистан", "Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан", "Министерство экономики и торговли Республики Таджикистан", Государственный комитет по строительству и архитектуре Республики Таджикистан", заменить соответственно словами "Министерство энергетики и промышленности Республики Таджикистан", "Министерство транспорта и коммуникации Республики Таджикистан", "Министерство сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан", "Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан", "Агентство по строительству и архитектуре при Правительстве Республике Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 30 июня 2007 года № 369
г. Душанбе