Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 85 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", бо мақсади татбиқи муқаррароти асосии "Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола дар доираи маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг пешбинишуда маблағгузории татбиқи чорабиниҳои Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015- ро таъмин намояд.

3. Вазоратҳо, идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафтн иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2007 № 85

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы развития культуры Республики Таджикистан на 2008-2015 годы

В соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистан "О культуре", с целью реализации основных положений "Концепции развития культуры Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития культуры Республики Таджикистан на 2008-2015 годы (прилагается).

2. Министерству культуры Республики Таджикистан во взаимодействии с министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти ежегодно в рамках ассигнований Государственного бюджета, предусмотренных на развитие культуры обеспечить финансирование мероприятий по реализации Программы развития культуры Республики Таджикистан на 2008-2015 годы.

3. Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по реализации плана мероприятий Программы развития культуры Республики Таджикистан на 2008-2015 годы.

4. Министерству культуры Республики Таджикистан каждые полгода представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения плана мероприятий Программы развития культуры Республики Таджикистан на 2008-2015 годы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан            Э.Рахмонов

от 3 марта 2007 года № 85

 г. Душанбе