Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2006 № 215 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2005 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 12, моддаи 627; соли 2006, № 7, моддаи 337; № 10, моддаи 410) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 5 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Андози даромад аз шахсони воқеӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд ба буҷети маҳаллии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Заводи алюминии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба Буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт мешаванд.",

2. Ба моддаи 6 қисми нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Мазути камсулфур ба миқдори 30000 тонна, ки Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи "Барқи Тоҷик" барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе" ворид менамояд, аз андози аксизӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.".

3. Моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад.

"Андозбандии Заводи алюминии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.".

Моддаи 2. Қисмҳои 1 ва 3 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2006 ва қисми 2 аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 8 декабри соли 2006 № 215

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 9 декабря 2005 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2006 год" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., № 12, ст. 627; 2006 год, № 7, ст. 337; №10, ст. 410) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 5 дополнить частью третьей следующего содержания:

"Подоходный налог с физических лиц и налог с пользователей автомобильных дорог, поступающих в местный бюджет города Турсунзаде сверх утвержденного плана за счет Таджикского алюминиевого завода, перечисляются в республиканский бюджет.".

2.Статью 6 дополнить новой частью следующего содержания:

"Освободить от акцизного налога и налога на добавленную стоимость ввозимый Открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Тоджик" малосернистый мазут в количестве 30000 тонн для нужд Акционерного общества открытого типа "Душанбинская теплоэлектроцентраль.".

3. Статью 7 изложить в следующей редакции:

"Налогообложение Таджикского алюминиевого завода осуществлять в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Ввести в действие части 1 и 3 статьи 1 настоящего Закона с 1 января 2006 года, часть 2 - с 1 апреля 2006 года.

Президент

Республики Таджикистан                            Э. Рахмонов

г. Душанбе,

8 декабря 2006 года №215