ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2000" ва Барномаи миёнамӯҳлати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1998-2001, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 193 воҳид, аз ҷумла ҳайати хизматрасон ба миқдори 11 воҳид, инчунин шумораи умумии кормандони мақомоти андози Қумитаи мазкур ба миқдори 2910 воҳид, аз ҷумла кормандони полиси андоз ба миқдори 830 воҳид муқаррар карда щавад.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки шумораи кормандонро ба шумораи тасдиқгардида аз ихтисосмандии кориашон мутобиқ гардонад.
2. Барои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 85 воҳид автомашинаҳои сабукрави хизматӣ, аз ҷумла ба дастгоҳи марказӣ 12 воҳид ва барои Саридораи полиси андоз ба миқдори 45 воҳид мошинаҳои хелҳои гуногун муқаррар карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории мақомоти андози ҷумҳуриро аз рӯи меъёри барои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардидаи буҷети ҷумҳурӣ таъмин намояд.
4. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, бо мақсади таъминоти моддию техникӣ, таъмири биноҳои маъмурӣ ва суғуртаи шахсии ҳатмии кормандони мақомоти андоз, 5 фоизи маблағи воридшавандаи қарзҳои сари вақт пардохт нашуда (недоимка)-ро аз рӯи он андозҳое, ки мақомоти андоз назорат мебаранд, равона намояд. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи тартиби истифодабарии маблағҳои мазкурро пешниҳод намояд.
5. Кумитаи андози назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ барои тасдиқ кардан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаро дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
6. Дар сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри сола 1995 № 599 "Масъалаҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, банди 11 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"11. Шӯъбаи компютерӣ";
бандҳои 11, 12, 13, 14 мутаносибан бандҳои 12, 13, 14, 15 хонда шаванд.
7. Бандҳои 4, 5, 7, 9 ва 12-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1995 № 599 "Масъалаҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 1997 № 507 "Дар бораи тартиби маблағгузории мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 № 121 "Дар бораи тартиби истифодаи маблағҳо барои таъмини маблағгузории мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон";
сархати 5 банди 14 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1998 № 550 "Дар хусуси тадбирҳои татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1999" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 6 марти соли 2000 № 83
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Вопросы Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан
В соответствии с Налоговым кодексом Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2000 год" и Среднесрочной экономической программой Правительства Республики Таджикистан на 1998-2001 год Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Установить численность работников центрального аппарата Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 193 единицы, в том числе обслуживающею персонала 11 единиц, а также численность работников налоговых органов этого комитета по республике в количестве 2910 единицы, в том числе работников Налоговой полиции в количестве 830 единиц.
Поручить Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан привести штатную численность работников в соответствие с утвержденной численностью и с учетом деловой квалификации работников.
2. Установить Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 85 единиц, в том числе центральному аппарата 12 единиц и лимит па содержание автомашин различной модификации для Главного управления Налоговой полиции в количестве 45 единиц.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан финансирование содержания налоговых органов республики производить в пределах, предусмотренных средств по Государственному бюджету Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан.
4. Разрешить Министерству финансов Республики Таджикистан с целью материально-технического обеспечения, ремонта административного здания и обязательного личного страхования сотрудников налоговых органов, направить 5 процентов средств, поступивших от недоимок по налогам контролируемыми налоговыми органами. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан представить на утверждение Министерство финансов Республики Таджикистан положение о порядке использования этих средств.
5. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан в двухмесячный срок представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан положение о Налоговом комитете при Правительстве Республики Таджикистан.
6. Структуру центрального аппарата Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 сентября 1995 года №599 "Вопросы Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан" дополнить пунктом 11 следующего содержания:
"11.Отдел компьютеризации";
пункты 11,12,13,14 считать соответственно пунктом 12,13,14,15.
7. Признать утратившими силу:
пункты 4, 5, 7, 9 и 12 Постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 сентября 1995 года № 599 "Вопросы Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан";
постановление Правительства Республики Таджикистан от 20 ноября 1997 года №507 "О порядке финансирования налоговых органов Республики Таджикистан";
постановление Правительства Республики Таджикистан от 17 апреля 1998 года №121 "О порядке использования средств, направляемых на финансирование содержания налоговых органов Республики Таджикистан";
абзац 5 пункта 14 постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 декабря 1998 года №550 "О мерах по исполнению Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 1999 год" и постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан "О введении в действие Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 1999 год".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 6 марта 2000 года №83
г. Душанбе