Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии замимагардидаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016 барои таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намоянд .
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чорабиниҳои Барномаи давлатиро таъмин карда, дар асоси он бо назардошти анъанаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи маҷмӯи тадбирҳоро таҳия намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ва рафти татбиқи Барномаи давлатӣ ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 ноябри соли 2006 № 496
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе воспитания, подбора и расстановки руководящих кадров Республики Таджикистан из числа способных девушек и женщин на 2007-2016 годы
(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)
В целях исполнения Указа Президента Республики Таджикистан от 3 декабря 1999 года №5 "О мерах по повышению роли женщин в обществе" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Государственную программу воспитания, подбора и расстановки руководящих кадров Республики Таджикистан из числа способных девушек и женщин на 2007-2016 годы.
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть необходимые средства на перспективу социально-экономического развития республики и в государственный бюджет Республики Таджикистан на 2007-2016 годы по обеспечению выполнения Государственной программы воспитания, подбора и расстановки руководящих кадров Республики Таджикистан из числа способных девушек и женщин на 2007-2016 годы
3. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, министерствам и ведомствам Республики Таджикистан обеспечить выполнение мероприятий Государственной программы, на ее основе разработать комплекс мероприятий с учетом национальных традиций Республики Таджикистан.
4.Контроль за исполнением настоящего постановления и ходом реализации Государственной программы возложить на заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 1 ноября 2006 года № 496
г. Душанбе