Идоракунӣ ва паҳнкунии маълумот
Идоракунӣ ва паҳнкунии Маҳзани мутамаркази маълумотҳои иттилооти ҳуқуқӣ тибқи иҷозатномаи бозхондашаванда аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
- Дар маҳзани маълумот матнҳои пурраи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тамоми қисматҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тамоми таҳрири санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маълумот оид ба тағйири мақоми ҳуҷҷат, эътибор пайдо кардан ва бекор кардани он , сарчашма ва санаи нашр ва дигар маълумот мавҷуд аст.
- Дар маҳзани маълумот қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳо, низомномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардашуда, шартномаҳо, баррасии таҷрибаи судӣ ва арбитражӣ, шарҳҳо, мақолаҳо ва дигар маълумоти ҳуқуқӣ мавҷуд ҳастанд.
- Маҳзан дорои маълумотҳои пурраи санадҳои меъери ҳуқуқӣ дошта аз чихати таркиб ва пуррагии худ ягона аст. Дар маҳзан маълумотҳо ҳарруза тариқи онлайн нав карда мешаванд.
Классификаторҳо
Барои осонии истифода, бонки маълумот ба классификаторҳо тақсим карда шудааст.
- Муносибатҳои шаҳрвандӣ - ҳуқуқӣ.
- Фаъолияти иқтисодӣ.
- Фаъолияти кишоварзӣ.
- Қонунгузории мурофиавии гражданӣ.
- Ҳуқуқҳо оиди андоз.
- Фаъолияти бокӣ.
- Муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ ва ғайра.
Барои намудҳои гуногуни дастгоҳҳо
Барои осонии истифода, барномаи АДЛИЯ барои дастгоҳҳои гуногун ва платформаҳои гуногун пешбинӣ шудааст.
- Web - версияи барнома.
- Версияи мизи кории барнома дар Windows.
- Замимаи Android ва IOS барои дастгоҳҳои гуногуни дастӣ.
Системаи ҷустуҷӯи маълумот
Барои зуд ҷустуҷӯ кардани ҳуҷҷатҳо дар як бонки бузурги додаҳо, чор намуди асосии ҷустуҷӯ пешниҳод карда мешаванд.
- - аз рӯи классификатор
- - аз рӯи тафсилот (аз ҷумла ҷустуҷӯи контекстӣ)
- - аз рӯи калимаҳои калидӣ
- - аз рӯи терминҳо