ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи геодезия ва харитасозӣ
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 474)
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 474)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ муқаррар менамояд ва баҳри фароҳам намудани шароит барои қонеъгардонии талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- геодезия - илм дар бораи омӯзиши шакл ва андозаи сатҳи замин, қисмҳои алоҳидаи он ба воситаи ченкунӣ, аксбардорӣ, инчунин коркарди онҳо, таҳияи харитаҳо, нақшаҳо, буриши амудӣ (профилҳо) ва усули истифодабарии ин натиҷаҳо ва мавод ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ, иқтисодӣ ва дигар эҳтиёҷот ;
- харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷиҳати таҳия, омӯзиш, саҳеҳкунӣ, навсозии маводи харитавӣ ва истифодаи ин мавод барои ҳар гуна мақсадҳо равона гардидааст ;
- фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолии марбут ба идоракунӣ ва иҷрои корҳои геодезию харитасозӣ ;
- корҳои геодезӣ ва харитасозӣ - ҷараёни офариниши маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, ҳуҷҷат ва маълумотҳо;
- фонди геодезӣ ва харитасозӣ - маҷмӯи мавод ва маълумоти дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ таҳия, саҳеҳ ва навшуда, ки барои истифодаи минбаъда нигоҳ дошта шудаанд ;
- маҳсулоти харитасозӣ- мавод бо нақшаи (тасвири) қитъаи хурди маҳал то сатҳи умумии замин, ки тавсифи онҳо имкон медиҳад тӯли тарафҳо, масоҳат, баландӣ, координатҳои нуқтаҳо, инчунин алоқамандӣ, хусусият ва асли ҷойгиршавии онҳо муайян карда шаванд ;
- маҳсулоти геодезӣ - натиҷаи ченакҳои геодезӣ, геодезияи астрономӣ, гравиметрӣ ва тарозасанҷӣ ;
...