Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 № 474 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи геодезия ва харитасозӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 162) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 1:

- сархатҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум ва шашум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- геодезия - илм дар бораи омӯзиши шакл ва андозаи сатҳи замин, қисмҳои алоҳидаи он ба воситаи ченкунӣ, аксбардорӣ, инчунин коркарди онҳо, таҳияи харитаҳо, нақшаҳо, буриши амудӣ (профилҳо) ва усули истифодабарии ин натиҷаҳо ва мавод ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ, иқтисодӣ ва дигар эҳтиёҷот;

- харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷиҳати таҳия, омӯзиш, саҳеҳкунӣ, навсозии маводи харитавӣ ва истифодаи ин мавод барои ҳар гуна мақсадҳо равона гардидааст;

- фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолии марбут ба идоракунӣ ва иҷрои корҳои геодезию харитасозӣ;

- фонди геодезӣ ва харитасозӣ - маҷмӯи мавод ва маълумоти дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ таҳия, саҳеҳ ва навшуда, ки барои истифодаи минбаъда нигоҳ дошта шудаанд;

- маҳсулоти харитасозӣ- мавод бо нақшаи (тасвири) қитъаи хурди маҳал то сатҳи умумии замин, ки тавсифи онҳо имкон медиҳад тӯли тарафҳо, масоҳат, баландӣ, координатҳои нуқтаҳо, инчунин алоқамандӣ, хусусият ва асли ҷойгиршавии онҳо муайян карда шаванд;";

- дар сархатҳои ҳафтум ва нӯҳум калимаи "санҷишҳои" ба калимаи "ченакҳои" иваз карда шавад;

- дар сархатҳои ҳаштум, даҳум ва дувоздаҳум калимаи "санҷиши" ба калимаи "ченаки" иваз карда шавад;

- сархати сездаҳум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"- топография - қисми геодезия, ки омӯзиши ҷуғрофӣ ва геометрии маҳал, инчунин усулҳои тасвири онро дар бар мегирад;".

2. Дар моддаи 3:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О геодезии и картографии"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 3 марта 2006 года "О геодезии и картографии" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №3, ст.162) следующие изменения и дополнения:

1. В части первой статьи 1:

абзацы первый, второй, третий, пятый и шестой изложить в следующей редакции:

"- геодезия - наука, изучающая форму и размеры поверхности земли или отдельных ее частей путем измерений, съемки, а также их обработки, разработка карт, планов и профилей и методы использования этих результатов и материалов при решении инженерных, экономических и других нужд;

- картография - научная, техническая и производственная деятельность, направленная на разработку, изучение, корректировку и обновление картоматериалов и использование этих материалов для различных целей;

- геодезическая и картографическая деятельность - научная, техническая и производственная деятельность по управлению и выполнению геодезических и картографических работ;

- геодезический и картографический фонд - свод (совокупность) материалов и информации, разработанных, откорректированных и обновленных при геодезической и картографической деятельности и сохраненных для дальнейшего использования;

- картографическая продукция - материалы на которых начерчены небольшие участки местности до общей поверхности земли, характеристика которых позволяет определить длину сторон, площадь, высоту, координаты точек, а также взаимосвязь, особенности и фактическое расположение этих объектов".

абзац тринадцатый изложить в следующей редакции:

"- топография - часть геодезии, включающая географическое и геометрическое изучение местности, а также способы ее изображения;".

2. В статье 3:

абзац второй части 2 изложить в следующей редакции:

"-создание, обновление и издание государственных топографических карт и планов в аналоговой, цифровой и в иных формах, обеспечивающие решение административно - территориальных, оборонных, научноисследовательских, обследовательских и других государственных задач;";

...