ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ДАВЛАТИИ МУДОФИАВӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №12, мод.337; с.2004, №7, мод.462; с. 2007, №5, мод.358)
(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 55, аз 12.05.2007 № 249, аз 27.11.2014 № 1150)
Қонуни мазкур бо назардошти амнияти давлати ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат, муносибатҳои ҷамъиятии ба фармоиши давлати мудофиави вобастаро ба танзим медарорад .
Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур иборат аз муайян кардани принсипҳои умумии ҳуқуқи ва иқтисоди, тартиби ташкил, ҷойгирони, маблағгузори ва иҷрои фармоиши давлатии мудофиави мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1150)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд :
фармоиши давлатии мудофиави (минбаъд - фармоиши мудофиави) санади ҳуқуқи буда, иҷрои корҳоро ҷиҳати тарҳрези, истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат аз қабили силоҳи ҷанги, лавозимоти ҷанги, техникаи ҳарби, амволи дигари ҳарби, маснуоти масолеҳи комплектони (минбаъд - маҳсулот) иҷрои корҳо ва хизматрасони (минбаъд - корҳо, хизматрасони), ки ба мақсади таҳкими қобилияти мудофиави ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, ҳамчунин таҳия ва таъмини маҳсулоти (корҳо, хизматрасони) соҳаи ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷи мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, дар назар доранд ;
фармоишдиҳандаи давлатии фармоиши мудофиавӣ (минбаъд - фармоишдиҳандаи давлатӣ)- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати
мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" , Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки барои таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) аз рӯи фармоиши мудофиавӣ фармоиш медиҳанд ;
...