ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ДАВЛАТИИ МУДОФИАВӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №12, мод.337; с.2004, №7, мод.462; с. 2007, №5, мод.358) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба муқаддимаи Қонун пас аз калимаи "муносибатҳои" калимаи "ҷамъиятии" илова карда шавад.
2. Дар моддаи 2:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ";
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:";
- дар сархати якум калимаи "яроқи" ба калимаи "силоҳи" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюм калимаҳои "Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои "Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3. Матни моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
4. Дар банди 5 қисми якуми моддаи 4 ва сархати чоруми қисми якуми моддаи 5 калимаи "байналхалқие" ба калимаи "байналмилалие" иваз карда шавад.
...