Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" марти соли 2010 № 166
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" марти соли 2010 № 166
тасдиқ шудааст
Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2012 № 116, аз 2.08.2014 № 525, аз 29.12.2018 № 612, аз 09.04.2020 № 221)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2012 № 116, аз 2.08.2014 № 525, аз 29.12.2018 № 612, аз 09.04.2020 № 221)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", (минбаъд -Бонк), шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ маҳсуб ёфта, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани фоида, ҳамаи амалиётҳои бонкӣ ва аҳдҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" пешбинигардидаро анҷом медиҳад.
2) Бонк фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд .
3) Муассиси Бонк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4) Бонк дорои номи фирмавӣ мебошад:
- бо забони давлатӣ: бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", номи мухтасар - БДА ҶТ "Амонатбонк";
...