Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 № 604 "Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 13.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 487, аз 13.02.2024 № 65)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 17 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 487).

3) Ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 65).

4) хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 65).

5) Маблағгузории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

6) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ сохтори дастгоҳ ва низомномаи Кумитаро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

7) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои маъмурӣ чораҳои зарурӣ андешад.

8) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 1995 №662 "Дар бораи таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2009 № 604

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 20 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3) Ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.

4) Ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад.