ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 3) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 604 "Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "5" ба рақами "7" иваз карда шуда, банди 4) хориҷ карда шавад.
2. Дар сутунҳои сеюм ва чоруми сатри 36 замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2022, № 179 "Дар бораи маҳдудаи шумораи мошинҳои сабукрави хизматии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ба ғайр аз нақлиёти махсус)" рақами "2" ба рақами "4" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 феврали соли 2024, № 65
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. В пункте 3) постановления Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2009 года, №604 "О создании Комитета по языку и терминологии при Правительстве Республики Таджикистан" цифру "5" заменить цифрой "7" и пункт 4) исключить.
2. В третьем и четвертом столбцах строки 36 приложения 2 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 26 апреля 2022 года, №179 "О лимите количества служебных легковых автомобилей государственных органов, органов самоуправления посёлков и дехотов (кроме специальных автомашин)" цифру "2" заменить цифрой "4".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 13 февраля 2024 года №65