Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 № 530 "Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва бо мақсади ҳалли масъалаҳои демографӣ, тақвияти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ)-и аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ ва дар заминаи он таъсис додани шаҳраку деҳаҳои нави замонавӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва шароити моддию маишӣ ба шаҳрвандон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Нақшаи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2010-2012 (минбаъд Нақша) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иҷрои саривақтии Нақшаро таъмин намоянд.

3) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ:

- кӯчонидани муҳоҷирони дохилиро ба маҳали нави истиқомат мутобиқи рӯйхати ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида дар давоми солҳои 2010-2012 таъмин намоянд;

- ҳар сол то 1 ноябр мавзеи кӯчонидани муҳоҷиронро тибқи тартиби муқарраргардида муайян намуда, то 1 март корҳои омодагиро барои кӯчонидани муҳоҷирон мутобиқи Нақша анҷом диҳанд;

- бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайринақшавии дохилӣ, фаъолиятро доир ба муҳоҷиркунонии аҳолии қобили меҳнат танҳо дар мувофиқа ва ҳамоҳангсозии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.

4) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ":

- бо дархости Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишудаи ин вазорату идораҳо дар солҳои 2010-2012 корҳои омодагиро барои кӯчонидани муҳоҷирон мутобиқи Нақша ба анҷом расонанд;

- доир ба бунёд намудани шаҳракҳои нави замонавӣ, ки дар он ҷо оилаҳои муҳоҷирони дохилӣ ҷойгир карда мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории саривақтии қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ таъмин намояд.

6) Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мутобиқи дархост ва рӯйхати пешниҳоднамудаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти саривақтии қарзҳои имтиёзнокро барои муҳоҷирони дохилӣ тибқи муқаррарот амалӣ намояд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внутренней миграции трудоспособного населения из малоземельных и густонаселенных горных районов в долины республики, имеющие залежные земли на 2010-2012 годы

В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О миграции" и в целях решения демографических проблем, усиления внутренней (добровольной) миграции трудоспособного населения из малоземельных и густонаселенных районов в долины республики, имеющие залежные земли и на его основе создание новых современных поселков и сел, организации новых рабочих мест и материально-бытовых условий гражданам Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить План внутренней миграции трудоспособного населения из малоземельных и густонаселенных горных районов в долины республики, имеющие залежные земли на 2010-2012 годы (далее План) (прилагается).

2) Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с местными исполнительными органами государственной власти областей, городов и районов, министерствами и ведомствами обеспечить своевременное выполнение Плана.

3) Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов республики:

- обеспечить переселение внутренних мигрантов в новые места жительства на основании представленных списков в Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистана в течении 2010-2012 годов;

- ежегодно до 1 ноября в установленном порядке определить новые места переселения мигрантов и до 1 марта завершить все подготовительные мероприятия по переселению согласно Плану;

- с целью предотвращения неплановой внутренней миграции, вести работу по переселению трудоспособного населения только по согласованию и координации с Министерством труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

4) Министерству мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан, Министерству транспорта и коммуникации Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Министерству образования Республики Таджикистан, Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Агентству по землеустройству, геодезии и картографии при Правительстве Республики Таджикистан, Агентству по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан, Главному управлению геологии при Правительстве Республики Таджикистан, Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", Государственному унитарному предприятию "Хочагии манзилию коммунали":

- по предложению Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан в пределах денежных средств этих министерств и ведомств, предусмотренных на 2010-2012 годы, завершить все мероприятия по переселению мигрантов согласно плану;

- принять необходимые меры для строительства новых современных поселков, в которых будут проживать семьи внутренних мигрантов.

5) Министерству финансов Республики Таджикистан по представлению Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно в пределах предусмотренных денежных средств республиканского бюджета обеспечить своевременное финансирование льготного кредита для внутренних мигрантов.

6) Государственному сберегательному банку Республики Таджикистан "Амонатбонк" согласно представленным Министерством труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан заявкам и спискам производить в установленном порядке своевременную оплату льготных кредитов внутренним мигрантам.

...