Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2009 № 374
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2009 № 374
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010 № 105, аз 1.07.2011 № 341)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010 № 105, аз 1.07.2011 № 341)
1) Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин (минбаъд-Қоидаҳо) ҷиҳати иҷрои моддаҳои 6, 15 ва 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин таҳия шудааст.
2) Мутобиқи моддаи 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва якумраи меросии истифодаи замин Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин муқаррар шуда, ҳиссаи саҳми заминро Шаҳодатномаи саҳми замин муайян мекунад.
3) Мутобиқи моддаи 15 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи заминро мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо нисбат ба тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодаашон қитъаҳои замин доранд, амалӣ менамояд.
4. Мутобиқи моддаи 6 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар мӯҳлати на дертар аз 25 (бисту панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани ариза (мактуб, дархост) бо замимаи тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (парвандаи заминсозӣ) дода мешавад .
5) Сертификата ҳуқуқи истифодаи замин (замимаи 1) аз як варақи андозаи А4 коғази дорои аломатҳои махсуси муҳофизатӣ иборат буда, дар он маълумот нисбати қитъаи замин дарҷ карда шудааст.
Дар саҳифаи якуми варақ Нишони давлатӣ ва бо забони тоҷикӣ навиштаҷоти "Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификата ҳуқуқи истифодаи замин" сабт шуда, дар сатрҳои минбаъдаи он маълумот, ба монанди: заминистифодабаранда (субъекти ҳуқуқ), намуди ҳуқуқи истифодаи замин, объекти ҳуқуқӣ, асоси ба вуҷуд омадани ҳуқуқ, рақами ягонаи кадастрии қитъаи замин, таъиноти мақсадноки қитъаи замин, санаи додан ва номгӯи мақомоти сертификатдиҳанда сабт гаштааст. Дар поёни он рақами бақайдгирӣ, имзою номи шахси ваколатдор ва ҷойи мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ дарҷ гардидааст;
...