Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011 № 341 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 374"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 432 (аз 1 январи соли 2016) аз эътибор соқит дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 374

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба Қоидаҳои тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ, додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, № 374 тасдиқ гардидаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

а) банди 5 дар тахрири зайл ифода карда шавад:

"5) Сертификата ҳуқуқи истифодаи замин (замимаи 1) аз як варақи андозаи А4 коғази дорои аломатҳои махсуси муҳофизатӣ иборат буда, дар он маълумот нисбати қитъаи замин дарҷ карда шудааст.

Дар саҳифаи якуми варақ Нишони давлатӣ ва бо забони тоҷикӣ навиштаҷоти "Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификата ҳуқуқи истифодаи замин" сабт шуда, дар сатрҳои минбаъдаи он маълумот, ба монанди: заминистифодабаранда (субъекти ҳуқуқ), намуди ҳуқуқи истифодаи замин, объекти ҳуқуқӣ, асоси ба вуҷуд омадани ҳуқуқ, рақами ягонаи кадастрии қитъаи замин, таъиноти мақсадноки қитъаи замин, санаи додан ва номгӯи мақомоти сертификатдиҳанда сабт гаштааст. Дар поёни он рақами бақайдгирӣ, имзою номи шахси ваколатдор ва ҷойи мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ дарҷ гардидааст;

Дар саҳифаи дуюми варақ маълумоти техникӣ вобаста ба қитъаи замии ва заминистифодабаранда, ба монанди: нақшаи заминистифодабарӣ бо талаботҳои техникии стандартӣ иҷрошуда, номи заминистифодабаранда, миқёси нақша ва ҷадвали координатҳои кунҷҳои гардиши сарҳади қитъаи замин дарҷ шудааст. Дар поёни он ному насаб ва имзои шахси ваколатдор ва ҷойи мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ дарҷ гардидааст.

Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин бо забони давлатӣ дар як нусха тайёр карда шуда, ба заминистифодабаранда супорида мешавад.

Инчунин, барои хоҷагии деҳқонӣ дар саҳифаи сеюм андозаи А4 рӯйхати саҳмдорон нишон дода шуда, ба Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин замима карда мешавад. Дар ин варақ нишон дода мешавад: номгӯи хоҷагии деҳқонӣ, ному насаби саҳмдорон, майдони саҳми замини ҳар як саҳмдор, имзо ва ному насаби шахси ваколатдор, мӯҳри мақомоти ваколатдори давлатӣ, санаи додан ва рақами ягонаи кадастрии қитъаи замин, рақами бақайдгирии сертификати ҳуқуқи истифодаи замин.";

б) дар ҷумлаи якуми банди 8) пас аз калимаи "ва" ҳарфи "ё" илова ва пас аз калимаҳои "мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва мақомоти он дар маҳалҳо" илова карда шаванд.Ҷумлаи охирон хориҷ карда шавад;

в) дар банди 9) калимаҳои "Роҳбарони ташкилотҳо ва ё шаҳрвандон" ба калимаҳои "Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд;

г) дар сархати охирони банди 10) калимаҳои "мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии заминсозӣ" ва "Мақомоти маҳаллии заминсозӣ" ва калимаи "мешавад" ба калимаи "мешаванд" иваз карда шаванд;

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 02.07.2015г. №432

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2009 года, № 374

В соответствии со статей 42 Закон Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Внести следующие изменения и дополнения в Правила порядка оформления, регистрации, выдачи, замены и о признании утратившими силу Сертификата на право пользования землей и Свидетельства на земельный пай, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2009 года, № 374:

а) пункт 5 изложить в следующей редакции:

"5) Сертификат на право пользования землей (приложение 1) состоит из одного листа бумаги формата А4, защищенной специальными знаками, на которой отражены информации о земельном участке.

На первой странице листа изображен Государственный Герб и имеется надпись на таджикском языке "Республика Таджикистан Сертификат на право пользования землей" и юридические информации, такие как: землепользователь (субъект права), вид пользования землей, объект права, основания возникновения права, уникальный кадастровый номер земельного участка, целевое назначение земельного участка, дата выдачи и наименование органа, выдавшего сертификат па право пользования землей. Внизу отражены номер регистрации, подпись и имя уполномоченного лица, место печати государственного уполномоченного органа;

На второй странице листа отражена техническая информация, связанная с земельным участком и землепользователем, такая как: план землепользования, выполненный в соответствии со стандартными техническими требованиями, землепользователь, масштаб плана и таблица координатов углов поворота границы земельного участка. Внизу отражена подпись и имя уполномоченного лица, место печати уполномоченного органа.

Сертификат на право пользования землей изготавливается на государственном языке в одном экземпляре и выдается землепользователю.

Также для дехканского хозяйства на третьей странице листа бумаги формата А4 отражается список пайщиков, который прилагается к сертификату на право пользования землей. На этом листе отображается: наименование дехканского хозяйства, фамилия, имя и отчество пайщиков, площадь земельного пая каждого пайщика, подпись и имя уполномоченного лица, печать государственного уполномоченного органа, дата выдачи и уникальный кадастровый номер земельного участка, регистрационный номер Сертификата на право пользования землей.";

б) в первом предложении пункта 8 букву "и" заменить словом "или", после слова "государственный орган по землеустройству Республики Таджикистан" добавить слова "его органы на местах". Последнее предложение исключить;

в) в пункте 9) слова "Руководители организаций или граждане" заменить словами "Физические и юридические лица.";

г) в последнем абзаце пункта 10) Слова "Государственному органу по землеустройству Республики Таджикистан" заменить словами "местному органу по землеустройству";

...