Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 № 307

Санаи амалкуни: 01.08.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 307

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 307

тасдиқ шудааст

Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384)

Системаи маълумотрасонӣ ба омма воситаи асосии ташаккули афкори умум, омили огоҳонидани ҷомеа оид ба фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, паҳн намудани арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Системаи маълумотрасонӣ ба омма бояд ба ташкили ҷомеаи демократии иттилоотӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодиҳои шаҳрвандон мусоидат намояд.

Суръати пешрафт ба ҷомеаи иттилоотӣ ва иттилоотонии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бояд тавассути маблағҳое, ки имрӯз давлат барои рушди иттилоотонӣ пешбинӣ менамояд, дастгирӣ карда шаванд. Алалхусус чунин дастгирӣ дар сатҳи аввали рушд зарур аст, ки он дар шакли маблағҳои аз буҷети давлатӣ барои вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудошаванда ифода ёбад.

Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Барнома) тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 30 апрели соли 2008 № 451, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", "Дар бораи иттилоотонӣ", "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи ҳифзи иттилоот", "Дар бораи алоқаи барқӣ", "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ", "Дар бораи имзои электронии рақамӣ", Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолиятро дар соҳаи иттилоотию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд, таҳия шудааст.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Мақсади асосии Барнома ташаккул ва рушди ҷомеаи демократии иттилоотӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад.

Ноилшавӣ ба ин мақсад ҳалли масъалаҳои зеринро таққозо менамояд:

...

Утверждена

 постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 28 мая 2009 года № 307

Утверждена

 постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 28 мая 2009 года № 307

Программа реализации Концепции государственной информационной политики Республики Таджикистан

(в редакции Постановления ПРавительства Рт от 01.08.2011г.№384)

(в редакции Постановления ПРавительства Рт от 01.08.2011г.№384)

1. Общее положение

Система массового информирования является основным средством формирования массового сознания, каналом информирования общества о деятельности государственных учреждений, распространения политических, экономических и культурных ценностей. Система массового информирования призвана также способствовать построению демократического информационного общества, обеспечению защиты конституционных прав и свобод граждан.

Темпы продвижения к информационному обществу и информатизации всех отраслей экономики должны быть поддержаны средствами, которые сегодня государство предусматривает для развития информатизации. Эта поддержка особенно необходима в начальных стадиях, развития, которая выразится в форме дополнительных средств, выделяемых из государственного бюджета министерствам и ведомствам, организациям и предприятиям, местным органам государственной власти.

Программа реализации Концепции государственной информационной политики Республики Таджикистан (далее Программа) разработана на основании Указа Президента Республики Таджикистан "О Концепции государственной информационной политики Республики Таджикистан" от 30 апреля 2008 года №451, законов Республики Таджикистан "О печати и других средствах массовой информации", "О телевидении и радиовещании", "Об информатизации", "Об информации", "О защите информации", "Об электрической связи", "Об электронном документе", "Об электронно-цифровой подписи", Концепции информационной безопасности Республики Таджикистан, Государственной стратегии "Информационно-коммуникационные технологии для развития Республики Таджикистан" и других нормативных правовых актов, регулирующих деятельность в информационно-политической сфере Республики Таджикистан.

2. Цели и задачи Программы

Основной целью Программы является формирование и развитие демократического информационного общества, и вхождение Республики Таджикистан в мировое информационное сообщество.

Достижение этой цели предполагает решение следующих задач:

...