ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи имзои электронии рақамӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 628, аз 25.03.2011 № 699)
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 628, аз 25.03.2011 № 699)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми созмон додан ва истифодаи имзои электронии рақамӣ дар ҷараёни ташаккул ва истифодаи ҳуҷҷатҳо дар шакли инъикоси электронӣ тавассути системаи иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникатсионӣ, воситаҳои барномавию техникӣ ба танзим медарорад.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ҳуҷҷатҳои электронии тавассути имзои электронии рақамии ҳаммонандшавандаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои ҳуҷҷатҳои фаъолияти контрразведка, разведка, оперативию ҷустуҷӯӣ ва истифодаи тадбирҳои криптографию оперативии ҳифзи сирри давлатӣ), инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини шароити ҳуқуқии истифодаи имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷатҳои электронӣ иборат аст, ки ҳангоми риояи он имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ ба имзои дастии дар ҳуҷҷатҳои ҳомили коғазӣ мавҷудбуда баробар эътироф карда мешавад.
Амали Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое, ки ҳангоми истифодаи дигар имзоҳои бо ҳам монанди дастӣ ба миён меоянд, паҳн намегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- ҳуҷҷати электронӣ - ҳуҷҷате, ки дар он иттилоот дар шакли электронии рақамӣ пешниҳод гардидааст;
- хомили мошинӣ - диски магнитӣ, лентаи магнитӣ, диски лазерӣ ва дигар ҳомилони моддие, ки барои сабт ва нигоҳдошти иттилоот бо кӯмаки техникаи электронии ҳисоббарор истифода бурда мешаванд;
...