Барномаи барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 аз 29 апрели соли 2009, № 235

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009 № 235

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009 № 235

тасдиқ шудааст

Барномаи барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Муқаддима

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 742 ҳазор гектар заминҳои обӣ 360 ҳазор гектар ё 48,5 фоизи заминҳо бо ёрии пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ ва кубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашӣ солҳои 1958-1977 сохта ба истифода дода шудаанд, ки айни замон мӯҳлати истифодабарии онҳо аз меъёр 2-4 маротиба гузашта, фарсудаву корношоям гаштаанд. Сабаби асосии истифодабарии аз мӯҳлатҳои меъёрӣ зиёди воситаҳои асосӣ ва корношоям гаштани онҳо ин мавҷуд набудани маблағи зарурӣ барои хариди таҷҳизоти нав ва таъмиру истифодабарӣ мебошад. Масъалаи дастрас намудани қубурҳои баландфишори замонавӣ аз хориҷи кишвар бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва хориҷӣ танҳо дар сурати ғайриимкон будани истеҳсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бинобар сабаби зарурати хароҷоти калони молиявӣ ташкилотҳои тобеи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати пурра иваз намудани қубурҳои баландфишори мавҷударо надоранд. Вобаста ба ҳамин дар Барномаи барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 (минбаъд Барнома) қубурҳои баландфишори пойгоҳҳои обкашие дохил карда шудаанд, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, майдони заминҳои ба онҳо вобасташуда дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доранд ва бояд таъҷилан иваз карда шаванд.

Идораҳои давлатии хоҷагии оби вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо бо мақсади бо об таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ дар асоси шартномаҳои дуҷониба амал менамоянд. Мутаасифона аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва дигар истифодабарандагон дар маҳалҳо маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт пардохт карда намешавад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки душвории сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо об аз мушкилиҳои зерин иборатанд:

- фарсудашавии қубурҳои баландфишор, таҷҳизоти барқӣ, механикӣ ва гидротехникӣ дар натиҷаи истифодаи тӯлонӣ;

- саривақт напардохтани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагон;

- тибқи меъёрҳои муайяншуда ва саривақт таъмин нагардидани пойгоҳҳои обкашӣ бо нерӯи барқ;

- аз меъёрҳои муқарраргардида 2-4 маротиба гузаштани мӯҳлати истифодабарии қубурҳо ва зуд-зуд рух додани садамаҳо.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от "29" апреля 2009 года №235

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от "29" апреля 2009 года №235

Программа восстановления напорных трубопроводов насосных станций Министерства мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан на 2010-2015 годы

Предисловие

В Республике Таджикистан из 742 тыс. гектаров орошаемых земель 360 тысяча или 48,5 % земель орошаются с помощью насосных станций. Агрегаты, электродвигатели и напорные трубопроводы построены и сданы в эксплуатацию в 1958-1977 годах, я в настоящее время в 2-4 раза превзошли установленные сроки эксплуатации, изношены и пришли в негодность. Основной причиной превышения эксплуатации установленных норм основных средств и их негодности является отсутствие финансовых средств для закупки новых оборудований, ремонта и Эксплуатации. Вопросы приобретения современных напорных труб из-за пределов республики с привлечением иностранных и внутренних средств осуществляется только при отсутствии возможности их производства в Республике Таджикистан.

В связи с большими финансовыми расходами подведомственные организации Министерства мелиорации и водных ресурсов не имеют возможности полностью заменить напорные трубопроводы. В связи с этим в Программу восстановления напорных трубопроводов насосных станций Министерства мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан на 2010-2015 годы (далее Программа) включены напорные трубопроводы тех насосных станций, которые находятся в аварийном состоянии, и закрепленная за ним орошаемая площадь находится в худшем мелиоративном состоянии, и требуется срочная их замена.

Государственные управления водного хозяйства областей, городов и районов с целью обеспечения хозяйств оросительной водой функционируют на основе взаимных договоров. К сожалению, со стороны дехканских, фермерских хозяйств и водопотребителей ни местах своевременно не оплачиваются услуги по подаче воды.

Анализы показывают, что основной проблемой обеспечения хозяйств оросительной водой являются:

- износ напорных трубопроводов, электрических, механических и гидротехнических оборудований, в результате длительного их использования;

- не своевременная оплата услуг по водоподаче со стороны водопользователей;

- не в соответствии с установленными нормами и несвоевременное обеспечивание насосных станций электричеством;

- в 2-4 разовое превышение установленных норм использования трубопроводов и частые случаи аварий.

...