ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфуз ва инкишоф
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2000с. № 342)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2000с. № 342)
Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии давлатӣ мутобиқи Нақшаи дигаргунсозиҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995-2000 ва Нақшаи ҳаракати нуфуз ва инкишоф, ки Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид маъқул донистааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфуз ва инкишоф таъсис дода шуда, ҳайат ва Низомномаи замимагардидаи он тасдиқ карда шавад.
2. Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комисияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфуз ва инкишоф ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳояш кӯмаки зарурӣ ва ҳамкорӣ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 июли соли 1997 № 314
ш. Душанбе
аз 15 июли соли 1997 № 314
...