Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, № 169 "Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд


Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд таъсис дода шавад.

2. Низомнома ва ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 15 июли соли 1997, № 314 «Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфуз ва инкишоф»;

- аз 29 июли соли 2000, № 342 «Дар бораи ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишоф»;

- аз 16 июни соли 2001, № 278 «Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишоф».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 марти соли 2026, № 169
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Комиссии при Правительстве Республики Таджикистан по народонаселению и развитию

В соответствии со статьей 28 Конституционного закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и со статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Создать Комиссию при Правительстве Республики Таджикистан по народонаселению и развитию.

2. Утвердить Положение и состав Комиссии при Правительстве Республики Таджикистан по народонаселению и развитию (приложения 1 и 2).

3. Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- от 15 июля 1997 года, №314 «О Комиссии по вопросам народонаселения и развития при Правительстве Республики Таджикистан»;

- от 29 июля 2000 года, №342 «О составе Комиссии по вопросам народонаселения и развития при Правительстве Республики Таджикистан»;

- от 16 июня 2001 года, №278 «О Комиссии при Правительстве Республики Таджикистан по вопросам народонаселения и развития».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 марта 2026 года №169


...