Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, № 449 "Дар бораи тасдиқи созишномаҳои дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил басташуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи созишномаҳои дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил басташуда

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2026 № 403)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишномаҳои дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил басташуда мувофиқи замима тасдиқ карда шаванд.

2. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ то 1 январи соли 1998 доир ба масъалаҳои марбут ба татбиқи созишномаҳои тасдиқгардида, таклифҳои дахлдор таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани расмиёти дохилидавлатӣ, ки ҷиҳати эътибор пайдо кардани Созишномаҳои мазкур заруранд, огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 21 октябри соли 1997 № 449

ш. Душанбе

аз 21 октябри соли 1997 № 449

ш. Душанбе

Замимаи

қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 октябри соли 1997 № 449

...

Номгӯи Созишномҳое,ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд

1. Созишнома дар бораи ба Шӯрои иқтисодӣ ба ҳайси узви иттиҳод ҳамроҳ шудани Украина, ки 15 апрели с. 1994 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

2. Созишнома дар бораи таъсиси Кумитаи байнидавлатии иқтисодии Шӯрои иқтисодӣ, ки 21 октябри с. 1994 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

3. Созишнома дар бораи табодули мол ва кооперацияи истеҳсолӣ дар соҳаи мошинсозӣ дар асоси робитаҳои тарафайн, ки 9 декабри с. 1994 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

4. Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи гази табиии моеъ ба сифати сӯзишвории мотор барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки 26 май с. 1995 дар ш. Минск ба имзо расидааст.

5. Созишнома дар бораи буньёди минтақаи умумии илмию технологии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 3 ноябри с. 1995 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

6. Созишнома дар бораи тадбиқи сиёсати ба мувофиқарасида дар соҳаи транзити гази табиӣ, ки 3 ноябри с. 1995 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

7. Созишнома дар бораи назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва ғайра, ки 3 ноябри дар ш. Москва ба имзо расидааст.

8. Созишнома дар бораи тамдиди сиёсати ба мувофиқарасида дар соҳаи транзити нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба воситаи трубопроводҳои магистралӣ, ки 12 апрели с. 1996 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

9. Созишнома дар бораи ташкили захираи байнидавлатии доруҳои табиӣ ва дигар воситаҳои ҳимояи ҳай№ 403  дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 12 апрели с. 1996 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

10. Созишнома дар бораи таъсис ва фаъолияти гурӯҳи байнидавлатии молиявию саноатии "Гранит", ки 12 апрели с. 1996 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

11. Созишнома дар бораи дастгирӣ ва инкишофи соҳибкории хурд дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 17 январи с. 1997 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

12. Созишнома дар бораи ҳамкоӣ дар соҳаи тадқиқ, иктишоф ва истифодаи захираҳои маъдан ва ашьёи хом, ки 27 марти с. 1997 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

13. Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи лицензияҳои татбиқи фаъолияти сохтмонӣ аз ҷониби мақомоти лицензионии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил додашуда, ки 27 марти с. 1997 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

14. Созишнома дар бораи бо манзил таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва аъзои оилаҳои онҳо дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 28 марти с. 1997 дар ш. Москва ба имзо расидааст.

15. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2026 № 403)

16. Дар бораи принципҳои Созишномаи сиёсати гумрук, ки 13 марти соли 1992 дар ш. Москва ба имзо расидааст.