Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишоф
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардидаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишоф тасдиқ карда шавад.
2. Ба ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишоф, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2000 № 342 тасдиқ шудааст, тағйиротҳои зайл ворид карда шавад:
- калимаҳои Тадқиқотчии Маркази нуфуси аҳолии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимахои "Ёвари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ" иваз карда шавад;
- калимаҳои "Мутахассиси миллӣ оид ба лоиҳаи Фонди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид" хориҷ карда шавад.
3. Банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 314 дар қисми тасдиқи Низомномаи Комиссияи зикршуда беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 16 июни соли 2001 № 278
ш. Душанбе
...