бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 169 аз эътибор соқит дониста шуд
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2001 № 278
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишоф
Муқаррароти умумӣ
1. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфус в инкишоф /минбаъд - Комиссия/ ҳамчун мақомоти байниидоравӣ созмон дод шуда, ҳамоҳангсозӣ, ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти идоракунии давлатӣ муассиса ва ташкилотҳои илмӣ, тиббӣ, маориф, фарҳанг ва иттиҳодияҳо ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқ кардани сиёсати иҷтимои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, робитаҳои мутақобилаи онҳо б намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқии соҳаҳо дахлдор таъмин менамояд.
2.Комиссия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дод мешавад ва дар кори худ Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ оид ба нуфус ва инкишоф, к дар конференсияи байналхалқӣ оид ба нуфус ва инкишоф кабу шудааст /Қоҳира,соли 1994/ ва дар сесияи 49 Ассамблеяи Генералии Созмон Миллали Муттаҳид маъқул дониста шудааст ва Низомномаи мазкурро б роҳбарӣ мегирад.
3.Комиссия дар кори худ олимон, омӯзгорон, духтурон, мутахассисони соҳаҳо гуногуни хоҷагии халқ ва доираи васеи ҷомеъаро ҷалб менамояд;
4. Комиссия варақа (бланк) ва мӯҳри мудаввари худро дорад.
5.Мақсади асосии таъсис додани Комиссия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто дар таъмини рушди устувор ва тараққиёти мамлакат оид ба масъалаҳои нуфус в инкишоф кӯмак расонидан аст.
6.Барои ба ин мақсад ноил шудан Комиссия фаъолияти мақомот, ташкилотҳо ҳукуматиро барои татбиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии демографӣ барномаҳои дахлдори соҳаи тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, ҳифз муҳити зист ва илм бо назардошти беҳтарин анъанаҳои миллӣ, тавсияҳо муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ташкил ва ҳамоҳан месозад.
7. Вазифаҳои асосии Комиссия инҳоянд:
- ташкили корҳо оид ба татбиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатии демографӣ баланд бардоштани нақш ва масъулияти воситаҳои ахбори умум барои балан бардоштани дараҷаи саводнокии демографии аҳолӣ;
- таҳияи пешниҳодҳое, ки барои амалӣ намудани сиёсати давлатии демограф равона карда шудаанд;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба таҳкими оила ва никоҳ;
- мусоидат дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои танзими оила беҳдошти ҳимояи модару кӯдак, созмонҳои саломатии тазаккурӣ, ташкил ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии башардӯстона;
- мусоидат ба муассисаҳои илму маориф дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ в мутахассисони соҳаи нуфус, ташкили тадқиқотҳои демографӣ бо идораҳо салоҳиятнок;
- мусоидат ба созмонҳои ҷавонон, муассисаҳои муолиҷавию-профилактикӣ, к бо масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим машғуланд, муассисаҳо маърифати санитарӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар ташаккули замина маънавӣ, малака ва маҳорат дар ҳалли масъалаҳои танзими оила, саводноки тиббии аҳолӣ, маърифати санитарӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва саломатии тазаккурӣ б назардошти урфу одатҳо ва анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ;
- баркарор ва мустаҳкам намудани якдигарфаҳмӣ бо ташкилотҳо байналмилалии башардӯстона оид ба масъалаҳои нуфус, ҳимояи ҳуқуқ шахрвандӣ ва татбиқи сиёсати демографӣ;
- ташкили васеи корҳои оммавию-фаҳмондадиҳй оид ба тарғиби ғоя в принципҳое, ки дар Барномаи фаъолият оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишо бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттахид соли 199 маъқул дониста шудаанд, дигар ҳуҷҷатҳо ва тавсияҳои байналхалқӣ дар соҳа ҳимояи ҳуқуқи занон, кӯдакон, беҳдошти саломатии оила ва ғайра, ки б тартиби муқараргардида аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд;
- ҳавасмандгардонӣ дар корҳои таҳия ва нашри маводҳои илмию-тарғиботӣ маърифатнокӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ оид ба кори масъалаҳои нуфус в инкишофи устувори мамлакат;
- ташкил ва гузаронидани семинарҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо оид б масъалаҳое, ки ба соҳаи салоҳияти Комиссия дохил мешаванд;
- расонидани ёрии илмию - методӣ ва амалӣ ба мақомоти ҳокимияти иҷроия да маҳалҳо (ҳукуматҳо), вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар таҳия ва татбиқ сиёсати демографии ноҳиявӣ;
- мусоидат намудан ҷиҳати гузаронидани тадқиқотҳо оид ба арзёби комплексии ҳамкории аҳолӣ, муҳити зист ва захираҳои табиӣ;
- мусоидат барои таҳияи заминаҳои меъёрию-ҳуқуқӣ оид ба муқаррар намудан баробарии воқеии гендерӣ, таҳияи тавсияҳо барои беҳбудии бароба гирифтани маълумот, кор, баланд бардоштани ихтисоснокӣ, кафолати ҳимоя иҷтимоӣ, ҳимояи саломатии марду зан, мусоидат ҷиҳати амалӣ намудан эъломияи ҳуқуқи зан, оила ва кӯдакон;
- ҷорӣ намудани лексияҳо дар мактабҳои олӣ оид ба инкишофи масъалаҳо гендерӣ;
- мусоидат барои мутобиқ кунонидани усулҳои танзими оила нисбати гурӯҳҳо мушаххаси иҷтимоию - фарҳангӣ, маъмурӣ, ҳолатҳои сиёсӣ;
- мусоидат барои таҳияи чораҳо ҷиҳати татбиқи барномаҳои самаранок оид ба расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббию- санитарӣ бо назардошт шароитҳои маҳаллӣ барои кам намудани касалиҳо ва фавти модарон кӯдакон;
- мусоидат дар назорат, омӯзиши самтҳои ҳиҷрати аҳолӣ ва оқибатҳо иҷтимоии онҳо, таҳияи чорабиниҳо оид ба ҷобаҷокунии гурезаҳову муҳоҷиро бо мақсади эҳёи эътибори иҷтимоии онҳо;
- гузаронидани пурсиши доимӣ аз рӯи системаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ;
- таъсис додани бонки маълумотҳо дар асоси нишондодҳои омории корхонав муассисахое, ки тобеи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон мебошанд;
- ташкил намудани чорабиниҳои пешгирӣ, огоҳикунӣ ва барқароркунии ҳолат коршоямии маҷрӯҳон ва мувофиқкунонии иҷтимоии онҳо;
- таҳияи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба дастгирии иҷтимоӣ, дар навбат аввал гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ бо мақсади маҳдуд ва дар оянда ка намудани миқёси қашоқӣ;
- таҳияи чорабиниҳо оид ба риояи кафолатҳои асосии даромадҳо ва таъмин аҳолӣ на камтар аз кафолатҳои амалкунанда, хизматрасонии тиббӣ в ичтимоӣ, маърифатнокӣ ва тараққиёти фарҳангӣ;
- таъсис додани бонки маълумотҳо оид ба мақом ва вазъи саломатии занон;
8. Мусоидат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар таъмини рушди устувори мамлакат, тараққиёти иҷтимоию фарҳангӣ ва пойдории сиёсӣ.
- оид ба беҳтар намудани сифат ва баланд бардоштани дарозумрии ояндаи аҳолӣ.
- дар татбиқи чорабиниҳо оид ба таҳкими оила ва никоҳ, баробарии гендерӣ.
- оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Салоҳияти Комиссия:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани тартиб в мӯҳлати таҳияи пешниҳоди лоиҳаву барномаҳо доир ба масъалаҳои нуфус в инкишоф пешниҳодот ворид менамояд.
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор оид б маблағгузории афзалиятноки корҳои илмию-тадқиқотӣ дар соҳаи нуфус тадкиқотҳои иҷтимоӣ, саломатии тазаккурӣ тавсияҳо пешниҳод намда, самтҳо асосии ин корҳоро муайян менамояд.
- бо тартиби муқарраршуда ва пешниҳодҳои вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳои илмӣ гурӯҳҳои кории муваққатӣ барои таҳияи масъалаҳои алоҳидаи нуфус ва инкишоф таъсис медиҳад.
- бо мувофиқаи ташкилотҳои дахлдор олимону мутахассисонро барои иҷрои арзёбии экспертӣ, ки лоиҳаҳоро ҷиҳати таҳлили фаъолияти илмии ташкилоту муассисаҳо оид ба масъалаҳои нуфус ва инкишоф пешбинӣ менамоянд, менамояд.
- аз вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳои ҷумҳурӣ маълумотҳои зарурии ҳисоботӣ, оморӣ ва дигар маводҳоеро, ки барои иҷрои мақсадҳои дар Низомнома пешниҳодшуда заруранд, талаб менамояд.
10. Комиссия аз рӯи фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.