Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 268 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006с. № 613 аз эътибор соқит дониста шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 воҳид, аз ҷумла дастгоҳи марказии Кумита 2 воҳид ва кумитаҳои заминсозии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ 1 воҳид ихтисор карда шаванд.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

аз сархати якуми банди 1 калимаҳои "сохтори дастгоҳи марказии он ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаи дуҷониба бо он анҷом медиҳанд" хориҷ карда шавад, сохтори дастгоҳи марказӣ ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаи дуҷониба бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо ҳамин қарор тасдиқ карда шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд; ба банди 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаи дуҷониба бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)".

банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 327 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 74 воҳид ва кумитаҳои заминсозии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба миқдори 253 воҳид муқаррар карда шаванд".

банди 4 хориҷ карда шавад;

бандҳои 5, 6 ва 7 мутобиқан бандҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

Раиси

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№613

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 19 апреля 2001 года №189 "Вопросы Государственного комитета Республики Таджикистан по землеустройству"

 В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Численность работников обслуживающего персонала Государственного комитета Республики Таджикистан по землеустройству сократить в количестве 3 единиц, в том числе центрального аппарата Комитета 2 единицы и её областных, городских и районных комитетов по землеустройству 1 единица.

2. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 19 апреля 2001 года № 189 "Вопросы Государственного комитетах Республики Таджикистан по землеустройству" внести следующие изменения и дополнения:

в пункте первом слова "утвердить прилагаемые" заменить словами "утвердить прилагаемое", слова "структуру его центрального аппарата и перечень государственных предприятий и организаций, осуществляющих деятельность по двухсторонним соглашениям с ним" исключить, а структуру центрального аппарата и перечень государственных предприятий и организаций, осуществляющих деятельность по двухсторонним соглашениям между Государственным комитетом Республики Таджикистан по землеустройству, утверждённые этим постановлением признать утратившим силу.

пункт первый дополнить абзацем вторым следующего содержания: "Утвердить структуру центрального аппарата, схему управления Государственного комитета Республики Таджикистан по землеустройству и перечень государственных предприятий и организаций, осуществляющих деятельность по двухсторонним соглашениям с Государственным комитетом Республики Таджикистан по землеустройству (прилагаются)".

пункт 2 изложить в следующей редакции:

"Установить предельную численность работников Государственного комитета Республики Таджикистан по землеустройству в количестве 327 единиц (без обслуживающего персонала) в том числе, центрального аппарата в количестве 74 единиц и областных, городских и районных комитетов по землеустройству в количестве 253 единиц";

пункт 4 исключить;

пункты 5, 6 и 7 считать соответственно пунктами 4, 5 и 6.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                     Э.Рахмонов

Председатель

...