ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699; с. 2008, №10, мод. 805, мод. 817; с. 2013, №12, мод. 896; с. 2015, №3, мод. 215)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424, № 436, аз 28.12.2013 № 1052, аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498, аз 29.01.2021 № 1769, аз 23.12.2021 № 1847, аз 15.03.2023 № 1959, аз 22.06.2023 № 1980)
Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)- ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;
- гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон - доираи васеи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муайян ва ба мурофиа ҷалб намудани онҳо ба сифати даъвогар, инчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадории онҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо имконнопазир мебошад
- истеҳсолкунанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро ҷиҳати фурӯш барои истеъмолкунандагон истеҳсол мекунанд;
- иҷрокунанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликият, инчунин соҳибкори инфиродие, ки корро барои истеъмолкунандагон тибқи шартномаи бемузд ё музднок иҷро мекунанд ё хизмати онҳоро ба ҷо меоваранд;
- фурӯшанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро тибқи шартномаи хариду фурӯш ба истеъмолкунанда мефурӯшанд;
- чеки мол - талони хазинадорӣ бо суроғаи фурӯшанда ва сабти маблағ, ки ба мол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва хариду фурӯши он мансуб мебошад;
...