Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003, № 60 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 тасдиқ шудааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 613 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 тасдиқ шудааст

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи заминсозӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Дар банди 8:

баъд аз сархати дуюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"банақшагирии истифодаи оқилона ва муҳофизати заминҳо дар шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва мақомоти давлатии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба ҷо оварда мешавад";

баъд аз сархати чорум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"мувофиқи қонунгузорӣ тартиби ташкили заминистифодабариро муайян мекунад, талаботи техникиро барои тайёр кардан ва ба расмият даровардани нақшаи қитъаи замин муқаррар менамояд, дар шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин бошад ин корро якҷоя бо мақомоти давлатии сохтмон ва меъморӣ иҷро карда мешаванд";

баъд аз сархати ҳафтум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"назорати давлатии гузаронидани заминсозӣ, татбиқ чорабиниҳои заминсозӣ ва риояи талаботи муқаррарнамуда санадҳои меъёрию техникиро ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ анҷом медиҳад";

баъд аз сархати нуздаҳум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"тартиби марзакашии заминҳо ва назорати риояи талаботи техникиро ба марзакашии заминҳо, ҳифзи нуқтаҳои шабакаи асосии марзакашӣ ва аломатҳои марзаро муқаррар намуда, дар шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин бошад, ин корҳо якҷоя бо мақомоти давлатии сохтмон ва меъморӣ иҷро мекунад".

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №613

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в Положение о Государственном комитете Республики Таджикистан по землеустройству, утвержденное Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 19 апреля 2001 №189

В соответствии с Законом Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О землеустройстве" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Положение о Государственном комитете Республики Таджикистан по землеустройству, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 19 апреля 2001 №189, следующие изменения и дополнения:

1. В пункте 8:

после второго абзаца дополнить абзацем следующего содержания:

"осуществляет планирование рационального использования и охраны земель в городах и других поселениях совместно с органами исполнительной власти на местах (хукуматами) и государственным органом архитектуры и градостроительства";

после четвертого абзаца дополнить абзацем следующего содержания:

"определяет в соответствии с законодательством порядок формирования землепользования, устанавливает технические требования к изготовлению и оформлению плана земельного участка, а в городах и других населенных пунктах осуществляет эти работы совместно с государственным органом строительства и архитектуры";

после седьмого абзаца дополнить абзацем следующего содержания:

"осуществляет государственный контроль за проведением землеустройства, осуществлением землеустроительных мероприятий и соблюдением установленных требований нормативно-технических документов при разработке землеустроительной документации";

после девятнадцатого абзаца дополнить абзацем следующего содержания:

"устанавливает порядок межевания земель и контроль за соблюдением технических требований к межеванию земель, охрану пунктов опорной межевой сети и межевых знаков, а в городах и других населенных пунктах эти работы осуществляет совместно с государственным органом строительства и архитектуры".

...