ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод.167; с. 2007, №7, мод. 441; с. 2011, №12, мод. 850; с. 2014, №7, қ 2, мод. 418)
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 177, аз 13.06.2007 № 285, аз 26.12.2011 № 786, аз 26.07.2014 № 1121, аз 23.07.2016 № 1345, аз 13.11.2024 № 2098)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи обуҳавошиносӣ муқаррар намуда, ба таъмин намудани талаботи давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба маълумоти обуҳавошиносӣ, инчунин иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист равона гардидааст (№ 2098).
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- фаъолияти обуҳавошиносӣ - раванди мушоҳидаи вазъи муҳити зист, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, нигоҳдорӣ, пешниҳод, баамалбарории маълумот ва пешгӯии тағйирёбии вазъи муҳити зист, инчунин корҳои таъсиррасонии фаъолона ба раванди обуҳавошиносӣ ва дигар равандҳои геофизикӣ;
- мониторинги муҳити табиии зист - мушоҳидаи дарозмӯҳлат ба вазъи муҳити зист, ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодиҳӣ ва пешгӯии вазъи он;
- нуқтаи статсионарии мушоҳидавӣ ба вазъи муҳити зист, (минбаъд нуқтаи статсионарии мушоҳидавӣ) - маҷмӯе, ки қитъаи замин ё як қисми акваторияи (қитъаи баҳр, дарё ва ғайра) дар он асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои барои муайян кардани хусусияти муҳити зист пешбинишударо дар бар мегирад;
- нуқтаи сайёри мушоҳидави ба вазъи муҳити зист (минбаъд - нуқтаи сайёри мушоҳидавӣ) - маҷмӯе, ки аз платформаи (дастгоҳи парвозкунанда ё дигар воситаҳои ҳаракат) дар он асбобу анҷоми барои муайян кардани хусусияти муҳити зист насбшуда иборат аст;
- шабакаи мушоҳидавӣ - маҷмӯи нуқтаҳои мушоҳидавии статсионарӣ ва сайёр, аз ҷумла ҷойҳои навбатдорӣ, стансияҳо, лабораторияҳо, марказҳо, идораҳои обуҳавошиносӣ, расадхонаҳо барои мушоҳида ба равандҳои физикӣ ва кимиёвии дар муҳити зист ба амалоянда ва муайян намудани хусусиятҳои ҳавошиносӣ, иқлимӣ, аэрологӣ, обшиносӣ, глятсиологӣ, гелиогеофизикию ҳавошиносии кишоварзии пешбинишуда, инчунин барои муайян кардани дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера, хок ва иншооти обӣ (№ 2098);
- шабакаи давлатии мушоҳидавӣ - шабакаи мушоҳидавии мақомоти махсуси ваколатдоркардашуда дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва соҳаҳои ба он наздик;
...