Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 № 786 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ" аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод. 167; с. 2007, №6, мод. 441) моддаи 10(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 10(1). Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ

Кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:

- пӯшидани либоси махсус ва доштани нишони фарқкунанда;

- гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи яроқи ғайринизомӣ (тапончаҳои мушакпарронӣ ва корди шикорӣ) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ;

- ҳуқуқҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд.

Кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ ӯҳдадориҳои зерин доранд:

- риоя намудани интизоми хизматӣ;

- таъмини ҳифзи моликияти давлатӣ;

- баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тахассусӣ;

- ӯҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян кардаанд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГИДРОМЕТЕОРОЛОГИЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"

Статья 1. Закон Республики Таджикистан "О гидрометеорологической деятельности" от 2 декабря 2002 года, (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 г., №11, ст. 741; 2006 г., №3, ст. 167; 2007 г., №6, ст. 441) дополнить статьей 10(1) следующего содержания:

"Статья 10(1). Права и обязанности работников гидрометеорологических органов

Работники гидрометеорологических органов имеют следующие права:

- носить специальную одежду и отличительный знак;

- носить, хранить и использовать гражданское оружие (ракетницу и охотничий нож) при исполнении служебных обязанностей;

- другие права, установленные нормативными правовыми актами.

Работники гидрометеорологических органов имеют следующие обязательства:

- соблюдать служебную дисциплину;

- обеспечивать охрану государственной собственности;

- повышать профессиональный и квалификационный уровень;

- другие обязанности, определяемые нормативными правовыми актами.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

...