ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ислоҳоти замин
Фасли 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳо ва мақсади ислоҳоти замин
Вазифаҳои ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи замин иборат буда, мақсадаш зиёд намудани махсулоти кишоварзӣ мебошад.
Моддаи 2. Мундариҷаи ислоҳоти замин
1. Ислоҳоти замин маҷмӯи чорабиниҳои ҳукуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилию-техникӣ мебошад, ки ба муносибатҳои сифатан нави заминистифодабарӣ гузаштанро таъмин менамояд.
2. Дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти замин ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ва коллективи меҳнатӣ дар интихоби ихтиёрии шакли заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар замин таъмин мегардад.
Талаб кардани заминҳои бобоӣ ва вақф ба эътибор гирифта намешавад.
3. Гузаронидани ислоҳоти заминро ҳамин Қонун, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд.
Моддаи 3. Самтҳои асосии ислоҳоти замин
Сатҳои асосии ислоҳоти замин аз инҳо иборатанд:
ба ҳисоб гирифтани тамоми заминҳо аз рӯи категория, тарзҳои заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои замин;
муайян кардани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси замини кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои нохиявии депутатҳои халқ бо мақсади азнавтақсимкунии он ба манфиати самаранок истифода бурдани замин;
додани замин ба соҳибии якумрии меросии шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва ёрирасони шахсӣ, боғдорӣ ва обчакорӣ, сохтмон ва истифодаи манзил;
машғул шудан ба касбу кор ва ҳунарҳои анъанавии мардумӣ;
азнаватақсимкунии замин дар ҳолатҳои такмилдиҳии колхозҳо, ғайридавлатӣ ва хусусигардонии совхозҳо ва диғар корхонаҳои давлатӣ;
муқаррар ва аниқ кардани сарҳади маъмурию ҳудудии маҳалҳои аҳолишин ва сохтори замину хоҷагидории онҳо;
ба расмият даровардан ва таҷдиди ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ва заминдориро муайян менамоянд.
Моддаи 4. Марҳилаҳои гузаронидани ислоҳоти замин
Ислоҳоти замин марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.
Дар марҳилаи аввал ба кумитаҳои иҷроияи Шӯрохои маҳаллии депутатҳои халқ ҳуқуки ихтиёрдории замин, аниқ намудани сарҳадҳои маъмурӣ, муайян намудани талаботи шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба замин, ташкил кардани фонди махсуси замин барои дар оянда аз нав тақсим намудани онҳо, муқаррар намудани мизони андоз ва нархи замин дода мешавад.
Дар марҳилаи дуюм кумитаҳои иҷроияи шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ ва мақомоти Кумитаи давлатии ислоҳот ва танзими замини Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ба шаҳрвандон, корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибӣ, истифодабарӣ, аз ҷумла ба иҷора додан ва вобаста кардани заминро амалӣ менамоянд.
Моддаи 5. Мақомоте, ки ислоҳоти заминро амалӣ мегардонанд
1. Гузаронидани ислоҳоти замин ба ӯҳдаи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ ва Кумитаи давлатии ислоҳот ва танзими замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
2. Кумитаи давлатии ислоҳот ва танзими замин ва мақомоти он дар маҳалҳо оиди таъмини ислоҳоти замин вазифаҳои зайло анҷом медиҳанд;
бақайдгирии давлатии заминдорӣ (заминистифодабарӣ) ба расмият даровардани ҳуқуқи соҳибии замин (истифодаи замин);
баҳисобгирии давлатии замин, кадастри замин ва мониторинги замин;
амалӣ гардондани корҳои танзими замин, мураттаб сохтани нақшаҳои генералии истифодаи замин, нақшаю лоиҳаҳои танзими замин, баҳодиҳии замин ва ба харита даровардани заминҳо;
назорати давлатӣ ба истифодаи замин;
татбиқи сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи истифода ва танзими замин.
Шӯроҳои депутатҳои халқ дар доираи салоҳияти худ оиди масъалаҳои ислоҳоту танзими замин дар асоси маводи пешниходкардаи Кумитаи давлатии ислоҳот ва танзими замини Ҷумхурии Тоҷикистон қарор қабул менамоянд.
Моддаи 6. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии ислоҳоти замин
Ислоҳоти замин аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ, дигар манбаъҳо, инчунин аз ҳисоби пардохти истифодаи замин гузаронида, дар ҳаҷми зарурӣ бо захираҳои моддию техникӣ таъмин карда мешавад.
Фасли II. БАҲИСОБГИРИИ ЗАМИН
Моддаи 7. Вазифаҳо ва гузаронидани баҳисобгири замин
Баҳисобгирии замин бо мақсади аниқ кардани маълумотҳо оиди мавҷудият ва тақсимоти фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Баҳисобгирии замин аз рӯи категория, заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои он гузаронида мешавад.
Фасли III. ФОНДИ МАХСУСИ ЗАМИНИ ҚУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ШӮРОҲОИ НОҲИЯВИИ ДЕПУТАТҲОИ ХАЛК
Моддаи 8. Ташкили фонди махсуси замин
1. Фонди махсуси замин аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил карда мешавад:
заминҳое, ки ҳукуқи истифодаи онҳо мутобиқи моддаи 17
Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад;
заминҳои кишоварзии аз истифода баромада ё ба қатори заминҳои қиматашон пасттар гузаронидашуда;
заминҳои эхтиётӣ;
заминҳои бе дарахту буттазори фонди ҷангал, ки барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;
заминҳое, ки оқилона истифода бурда намешаванд;
заминхои колхозу совхозҳо.
2. Ба фонди махсуси замин китъахои замие, ки холаташон барои истехсоли махсулоти кишоварзӣ имконият ва ба меъёру талаботи санитарӣ ҷавоб намедиҳанд, дохил намешаванд.
Моддаи 9. Таъминоти фонди махсуси замин
Фонди махсуси заминро кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои нохиявии депутатҳои халқ ба шаҳрвандон, кооперативҳо, хоҷагиҳои кишоварзии ёрирасон, корхонаҳои саноатӣ ва дигар корхонаю иттиҳодияҳо, муасисахо ва ташкилотҳо ба мақсади истифодаи кишоварзӣ медиҳанд.
Моддаи 10. Муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда
1. Заминҳои истифодашаванда ва ғайриоқилона истифодашавандаро макомоти умури давлатии танзими замин ба сифати кори мустақилона бо рохи баҳисобгирӣ, инчунин мувофиқи тартиби назорат ба риояи қонунҳои замин, тартибдиҳии нақшаю лоиҳаҳои танзими замин, бурдани кадастри замин ва мониторинги он муайян менамоянд.
2. Ҳуҷҷатҳо оиди заминҳои муайяннамудаи истифоданашаванда ва гайриоқилона истифодашаванда барои ҳалли масъалаи мусодира ва ба фонди махсуси замин дохил намудани онҳо ба кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои ноҳиявии депутатҳои халқ истифода мешаванд.
Моддаи 11. Мусодираи заминҳои ба фонди махсуси заминдохил шуда
Кумитан иҷроияи Шӯрои ноҳиявии депутатхои халқ қитъаҳои замини ба фонди махсуси замин дохилгардидаро дар баробари расидани аризаю талабномаҳои шаҳрвандон, кооперативҳо, корхонаю иттиҳодия ва ташкилотҳо аз заминдорон (заминистифодабарандагон) мусодира менамояд.
Барои мусодира намудани қитъаҳои замин ва ба фонди махсус
дохил намудани онҳо розигии заминдорон (заминистифодабарандагон) талаб карда намешавад.
Ҳангоми ба карори мусоида замин розӣ набудани истифодаба-
рандаи замин метавонад ба суд шикоят кунад.
То вақти ба заминдорони (заминистифодабаранадгони) нав супурдани заминҳо онҳоро заминдорони (заминистифодабарандагони ) собик истифода мебаранд.
Моддаи 12. Шартҳои тақсимкунии фонди махсуси замин
1. Қитъаҳои замин аз фонди махсус мувофиқи тартиби танзими замин, чун қоида, яклухт ҷудо карда мешаванд.
2. Аз фонди махсус қитъаҳои замин дар навбати аввал ба шаҳвандон барои машғул шудан бо хоҷагии деҳконию ёрирасони шахсӣ, боғдорӣ ва обчакории дастҷамъӣ дода мешаванд.
3. Шахрвандони дар маҳалҳои дахлдор истиқоматдоштае, ки дорои донишу ихтисоси махсуси кишоварзӣ мебошанд ва дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи кори амалӣ доранд, барои гирифтани қитъаи замин, аз ҷумла дар асоси озмун, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
Ба хочагиҳои кишоварзии ёрирасони корхонаю иттиходияҳо ва муассисаю ташкилотхои саноатӣ ва дигар корхонаю иттиҳодияҳо ва муссисаю ташкилотҳо қитъаҳои замин дар асоси озмун дода мешаванд.
Фасли IV. АЗНАВТАҚСИМКУНИИ ЗАМИНҲОИ КОЛХОЗУСОВХОЗҲО ВА КОРХОНАҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР МАВРИДИТАКМИЛДИҲИИ СОХТИ ХОҶАГИДОРӢ, ҒАЙРИДАВЛАТӢВА ХУСУСИГАРДОНИИ ОНҲО
Моддаи 13. Шаклҳои такмилдиҳии сохти хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ ва хусусигардонии корхонаҳои кишоварзӣ
Дар ҷараёни такмилдиҳии сохти хочагидорӣ, ғайридавлатӣ ва хусусигардонии корхонаҳои кишоварзӣ тарзҳои нави заминдориро (заминистифодабариро) бо роҳи ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, коллективҳои ичоравӣ, кооперативҳои кишоварзӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ созмон додан мумкин аст.
Моддаи 14. Додан ва ба расмият даровардани қитъаҳои замин ҳангоми ташкили тарзҳои нави заминдорӣ (заминистифодабарӣ)
1. Ба хочагиҳои деҳқонӣ, коллективҳои ичоравӣ, кооперативҳои кишоварзӣ ва субъектҳои дигари хочагидорӣ, ки дар ҷараёни ғайридавлатӣ ва хусусигардонии совхозҳо ва дигар корхонаҳои давлатии кишоварзӣ ва ё дар сурати такмилдиҳии сохти хоҷагидории колхозҳо ташкил меёбанд, китъаҳои замин ва замини хоҷагиҳои зикршуда дода мешавад.
2. Андозаи қитъаи замине, ки барои хоҷагии деҳқонӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, коллективҳои ичоравӣ дода мешавад, аз рӯи миқдори заминҳои мавҷудаи хоҷагӣ муайян мегардад.
3. Кумитаи иҷроияи Шӯрои ноҳиявии депутатҳои халқ дар асоси
лоиҳаи танзими замин дар бораи мусодира ва додани қитъаҳои замин
ба заминдорони (заминистифодабарандагони) нав қарор қабул меку-
над.
Баъди қабули қарор лоиҳаи танзими замин амалӣ мегардад ва дар бораи ҳуқуқи соҳибии (истифодаи) замин ҳуҷҷатҳои дахлдор тартиб дрда мешаванд.
Моддаи 15. Имконнопазирии ғайридавлатӣ ва хусусигардонии стансияҳои таҷрибавии давлатии кишоварзӣ
Ғайридавлатӣ ва хусусигардонии стансияҳои таҷрибавии давлатии кишоварзӣ, хоҷагиҳои махсуси тухмию ниҳолпарварӣ ва парвариши чорвои ЗОТӢ, инчунин хоҷагиҳои муассисаҳои илмию тадқиқотии ба онҳо баробар кардашуда ичозат дода намешавад.
Фасли V. МУҚАРАР НАМУДАНИ САРҲАДИ ВОҲИДҲОИМАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ, МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИНВА СОХТИ ЗАМИНУ ХОҶАГИИ ОНҲО
Моддаи 16. Аниқ ва муқаррар намудани ҳудудҳоимаҳалҳои аҳолинишин
Аниқу мукаррар намудан ва ё тағйир додани сарҳади маҳалҳои аҳолинишин дар мавридҳои зайл сурат мегирад;
набудани сарҳадхои маҳали аҳолинишин;
тағйир ёфтани нақшаи генералии маҳали аҳолинишин;
додани замини иловагӣ барои эҳтиёҷоти маҳали аҳолинишин.
Барои ҳар як маҳали аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию худудӣ сархадҳоро тафсир намуда, маводи нақшаю харита тартиб дода мешавад.
Сарҳади маҳалхои ахолинишини дехот ва посёлкаҳои типи шаҳриро кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои ноҳиявии депутатҳои халқ сарҳади шаҳрҳо ва воҳидҳои маъмурию худудиро Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
Сархадҳои махалҳои ахолинишин ва вохидҳои маъмурию худудӣ, сувофики тартиби муайяншуда тасдиқ шудаанд, воқеӣ гардида, бо аломатҳои марзӣ ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 17. Додани замин дар маҳалҳои аҳолинишинидеҳот
Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи қишлоқ (посёлка) дар ҳудуди сарҳадҳои маҳалҳои ахолинишини деҳот мутобиқи моддаи 98 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди додани қитъахои замин барои истифода ва ё иҷоракорӣ қарор қабул менамояд.
Фасли VI. БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ТАҶДИДИ РАСМИЯТИ ҲУҶҶАТҲОИ ҲУҚУҚИ СОҲИБИИ (ИСТИФОДАБАРИИ) ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН
Моддаи 18. Пешниҳоди илтимоснома оиди таҷдиди ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва додани замин
1. Шаҳрвандон, корхонаю иттиҳодияҳо ва ташкилотҳое, ки дар ихтиёрашон (дар истифодаашон) қитъаи замин ва ё хоҳиши гирифтани замин доранд, ба кумитаи иҷроияи Шӯрои маҳаллии депутатҳои халқ, ки китъаи замини дахлдор дар ихтиёри он мебошад, бо илтимоснома муроҷиат менамоянд.
2. Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ вазифадоранд дар мӯҳлати як моҳ илтимосномаи таҷдиди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва ё додани қитъаи заминро дида баромада, қарори дахлдор қабул кунанд.
Моддаи 19. Таҷдиди ба расмият дароварданиҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин
1.Кумитаи иҷроияи Шӯрои ноҳиявии депутатҳои халқ илтимосномаҳои воридшударо ба қайд мегирад ва онҳоро барои тайёр намудани пешниҳодоти дахлдор ба макомоти умури давлатии танзими замин мефиристад.
2. Макомоти умури давлатии танзими замин оиди муайян намудани ҳудудҳои заминистифодабарӣ бо назардошти мусодираи замин ба ҳисоби фонди махсус, инчунин тағйир додани ҳудудҳои ахолинишини корҳои заруриро иҷро менамоянд ва лоиҳаи танзими заминро барои тасдиқ ба кумитаи иҷроияи Шӯрои ноҳиявии депутатҳои халқ пешниҳод мекунанд.
Баъди тасдиқи лоиҳаи танзими замин ва дигар маҳал нишон додани сарҳадҳо ба заминдор (заминистифодабаранда) ҳуҷҷате супурда мешавад, ки ҳукуқи истифодаи заминро тасдиқ менамояд.
Моддаи 20. Ба расмият даровардани ҳуҷҷати ҳуқуқи соҳибии якумрии меросии замин
1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ истикомат мекунанду дар ихтиёри худ замин доранд ва ин замин ба онҳо ба мақсадҳои дар моддаи 48 Қодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда дода шудааст, санадҳои давлатии ҳукуқи соҳибии якумрии меросии қитъаҳои замин дода мешавад.
2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба замине, ки барои боғдорӣ ва обчакории дастҷамъӣ ҷудо шудааст ва ба қитъаҳои замине, ки мавриди истифодаи инфиродии аъзоёни рафоқат мебошанд, санадҳои давлатии ҳуқуқи соҳибии якумрии меросӣ дода мешавад.
3. Аъзои рафоқати боғдорӣ ва обчакорӣ ҳуқуқ дорад мувофиқи хоҳиши худ иморату дарахтони ба ӯ тааллуқдоштаро дар қитъаи замине, ки ба соҳибии якумрии меросӣ дода шудааст, ба шахси дигар фурӯшад ё ройгон диҳад. Дар ин маврид розигии рафоқат талаб карда намешавад.
Моддаи 21. Нигоҳ доштани ҳуқуқи соҳибии (истифодабарии) замин то вақти аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо
То вақти ба расмиятдарорӣ ва таҷдиди расмияти ҳуҷҷатҳои истифодаи замин шаҳрвандон, корхонаю иттиҳодияҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқи қаблан муайяншудаи истифодаи қитъаҳои заминро нигоҳ медоранд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш.Душанбе
5 марти соли 1992, № 594