ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН
(Қонуни ҶТ аз 21.07.1994 № 1005, аз 4.11.1995 № 134, аз 15.05.1997 № 421, аз 3.03.2006 № 175)
(Қонуни ҶТ аз 21.07.1994 № 1005, аз 4.11.1995 № 134, аз 15.05.1997 № 421, аз 3.03.2006 № 175)
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳо ва мақсади ислоҳоти замин
Вазифаҳои ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи замин иборат буда, максадаш зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Моддаи 1 (1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст .
Моддаи 2. Мундариҷаи ислоҳоти замин
1. Ислоҳоти замин маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникӣ мебошад, ки ба муносибатҳои сифатан нави заминистафодабарӣ гузаштанро таъмин менамояд.
2. Дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти замин ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ва коллективи меҳнатӣ дар интихоби ихтиёрии шакли заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар замин таъмин мегардад.
Талаб кардани заминҳои бобоӣ ва вакф ба эътибор гирифта намешавад.
Қисми 3 моддаи 2 хориҷ карда шуд .
Моддаи 3. Самтҳои асосии ислоҳоти замин
...