Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 2026,
№ 444Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 (минбаъд – Барнома) барои ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар китобхонаҳои деҳот, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
2. Мақсади асосии Барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо бо шабакаи Интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва муттаҳид намудани китобхонаҳои деҳот ба шабакаи ягонаи иттилоотии кишвар, инчунин баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалбӣ бештарӣ аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба китобхонӣ иборат мебошад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТ
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди китобдориву китобхониро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии худ қарор дода, бо ташаккули заминаи устувор, барномарезии мақсадноки давлатӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мартуб ба соҳаи китобдорӣ, тасмимҳои илман асоснокшуда баҳри ба вуҷуд овардани низоми нави китобдорӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.
4. Дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусу иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои амалӣ ҷиҳати пешрафти фаъолияти китобдорӣ ва раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа роҳандозӣ гардидаанд, ки ба рушди соҳаи китобдорӣ такони бузург бахшиданд.
5. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд, ки ин амал барои пурракунии фонди китобхонаҳои кишвар аҳамияти калон дорад.
6. Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, аз соли 2019 бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки он ба ташаккули фарҳанги хониш дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа мусоидат намуда истодааст.
7. Дар ин замина, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон, аз ҷониби муассисаҳои соҳаи нашриявӣ тӯли солҳои 2015-2025 дар доираи сафари «Корвони китоб» зиёда аз 900 номгӯй адабиёти бадеӣ ва бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.
8. Бояд тазаккур дод, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози марҳилаи сифатан нав барои муҳаққиқону матахассисони соҳаи китобдорӣ шароитеро фароҳам овард, ки арзишҳову анъанаҳои мавҷудаи китобдорӣ бо зеҳни тоза дар заминаи унсурҳо ва анъанаҳои миллӣ бо истифода аз афкори ғановатманди китобдорӣ, таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои кишварҳои дигар ва меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шаванд. Дар ин радиф, муҳимтарин дастовардҳои дар соҳаи китобдорӣ инҳо мебошанд:
...