Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026, № 444 "Дар бораи Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 10 январ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2026, № 444





...


Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе развития сельских библиотек в Республике Таджикистан на 2027-2031 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития сельских библиотек в Республике Таджикистан на 2027-2031 годы и План мероприятий по реализации Программы развития сельских библиотек в Республике Таджикистан на 2027-2031 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры для реализации настоящей Программы и её Плана мероприятий и ежегодно до 10 января представлять информацию в Министерство культуры Республики Таджикистан.

3. Министерству культуры Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять информацию Правительству Республики Таджикистан о ходе реализации настоящей Программы и её Плана мероприятий.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                        Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 июля 2026 года, №444


...