Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2025, № 460 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №142"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №142


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 142 «Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1)дар банди 1:

-аз сархати дуюм калимаҳои «ҳаққи хизмати обрасонӣ ва» хориҷ карда шаванд;

-сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- қабули пардохти ҳаққи хизмати обрасонии идораҳои беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути суратҳисоби маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ дар сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монад;».

2)дар банди 2:

-сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум рақамгузорӣ карда шуда, мувофиқан зербандҳои 1), 2, 3), 4), 8), 9) ва 10) ҳисобида шаванд;

-сархати панҷум зербанди 5) ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

-5) пардохти ҳаққи хизмати обрасониро тариқи ғайринақдӣ бо тартиби зерин ба роҳ монад:

-аз 1 июни соли 2023 тавассути суратҳисоби дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда;

-аз 1 сентябри соли 2025 тавассути суратҳисоби маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ дар сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ намуда, истифодаи онро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ, аз ҷумла бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом диҳанд;»;

-зербандҳои 6) ва 7) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«6) то 1 декабри соли 2025 меъёри ягонаи хизмати обрасониро аз рӯйи категорияҳои замин таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

7) то 1 сентябри соли 2025 тартиби пайдарҳамии истифодабарии маблағҳои махсуси идораҳои беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба суратҳисоби бо сархати сеюми банди 1 қарори мазкур пешбинигашта ворид шудаанд, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд;».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 460



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 марта 2023 года, №142

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 марта 2023 года, №142 «О мерах по оздоровлению экономико-финансового состояния системы ирригации, мелиорации и энергетики Республики Таджикистан» следующие изменения и дополнения:

1)в пункте 1:

- из второго абзаца слова «плата за услуги водоснабжения и» исключить;

- дополнить абзацем третьим следующего содержания:

«- осуществить приём оплаты за услуги водоснабжения управлений мелиорации и ирригации Агентства по мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики посредством расчетного счета специальных средств республиканского бюджета в главных управлениях и управлениях Министерства финансов Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики;».

2) в пункте 2:

- абзацы первый, второй, третий, четвертый, шестой, седьмой и восьмой пронумеровать и соответственно считать подпунктами 1), 2, 3), 4), 8), 9) и 10);

- абзац пятый считать подпунктом 5) и изложить в следующей редакции:

«5) оплату за услуги водоснабжения производить в безналичной форме в следующем порядке:

- с 1 июня 2023 года через расчётный счёт, открытый в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан;

- с 1 сентября 2025 года посредством расчётного счёта специальных средств республиканского бюджета в главных управлениях и управлениях Министерства финансов Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики, осуществлять использование этих средств в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан о государственных закупках, включая использование банковских карт и другой инфраструктуры для приёма безналичных платежей;»;

- дополнить подпунктами 6) и 7) следующего содержания:

«6) до 1 декабря 2025 года разработать и представить Правительству Республики Таджикистан единый тариф за услуги водоснабжения по категориям земель;»

7) до 1 сентября 2025 года по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан разработать и утвердить порядок последовательного использования специальных средств управлений мелиорации и ирригации Агентства по мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики, поступивших на расчётный счет, предусмотренный третьим абзацем пункта 1 данного постановления;».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 27 августа 2025 года №460