ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳуқкумати ҶТ аз 27.08.2025
№ 460)
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади андешидани чораҳои иловагӣ оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- аз ҳисоби маблағҳои депозитии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими уҳдадориҳои молиявӣ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду сӣ ҳазору шашсаду ҳашт) сомонӣ ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" барои танзими қарзҳои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ташаккул ёфтаанд, 37525490 (сию ҳафт миллиону панҷсаду бисту панҷ ҳазору чорсаду навад) сомонӣ тибқи замимаи 1 ва 2 ҷудо намояд;
- дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти қарзҳои дебитории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ташаккул ёфтаанд, суратҳисобҳои алоҳида кушояд (№ 460);
- қабули пардохти ҳаққи хизмати обрасонии идораҳои беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути суратҳисоби маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ дар сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монад (№ 460);
- бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағи аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ воридшавандаро ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 фоизи маблағи боқимондаро барои сохтмони иншоотҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла иншоотҳои обтаъминкунӣ, равона намояд;
- бо дар назар доштани ҷудо гардидани маблағҳои иловагӣ нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявиро дар соли 2023 танзим намояд.
2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду сӣ ҳазору шашсаду ҳашт) сомониро тибқи банди 1 қарори мазкур ба суратҳисоби дахлдори Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" барои пардохти уҳдадориҳои молиявӣ интиқол диҳад (№ 460);
2) то 1 майи соли 2023 бо субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба қарзҳои аз ҳисоби хизмати обрасонӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ташаккул ёфтаанд, санадҳои муқоисавӣ ба имзо расонад;
3) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии соли 2023, ки ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти қувваи барқи пойгоҳҳои обкашӣ пешбинӣ шудаанд, 5 000 000 (панҷ миллион) сомониро барои харид ва насби таҷҳизоти баҳисобгирандаи неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар пойгоҳҳои обкашии тобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намояд;
4) то 1 июни соли 2023 Феҳристи электронии пойгоҳҳои обкашӣ ва субъектҳои хоҷагидорие, ки ба онҳо хизмати обрасонӣ анҷом дода мешавад, таҳия карда, рамзгузории ҳар як субъектро барои ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдии хизмати обрасонӣ таъмин намояд;
5) пардохти ҳаққи хизмати обрасониро тариқи ғайринақдӣ бо тартиби зерин ба роҳ монад (№ 460):
-аз 1 июни соли 2023 тавассути суратҳисоби дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда;
-аз 1 сентябри соли 2025 тавассути суратҳисоби маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ дар сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ намуда, истифодаи онро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ, аз ҷумла бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом диҳанд (№ 460);
6) то 1 декабри соли 2025 меъёри ягонаи хизмати обрасониро аз рӯйи категорияҳои замин таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
7) то 1 сентябри соли 2025 тартиби пайдарҳамии истифодабарии маблағҳои махсуси идораҳои беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба суратҳисоби бо сархати сеюми банди 1 қарори мазкур пешбинигашта ворид шудаанд, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд (№ 460);
8) якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" насб, нигоҳдорӣ ва истифодаи таҷҳизоти баҳисобгирандаи неруи барқ (ҳисобкунакҳои барқӣ)-ро дар пойгоҳҳои обкашӣ таъмин намояд;
9) то 1 январи соли 2026 якҷо бо мақомоти давлатии назоратию санҷишӣ ситониш ва интиқоли маблағҳои қарзҳои дебиториеро, ки то ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби хизмати обрасонӣ ташаккул ёфтаанд, ба суратҳисоби дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда таъмин намояд;
10) ҷиҳати ҷамъоварии пурра ва саривақтии маблағи хизмати обрасонӣ ва пардохти неруи барқ чораҷӯйӣ намояд (№ 460).
3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ":
- барои татбиқи амалиётҳои дар қарори мазкур дарҷ гардида суратҳисоби махсуси алоҳида кушода, амалиётҳоро тавассути он анҷом диҳад;
- бо тартиби муқарраргардида 504756098 (панҷсаду чор миллиону ҳафтсаду панҷоҳу шаш ҳазору наваду ҳашт) сомониро барои коҳиш додани уҳдадориҳои молиявии худ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ва январ-феврали соли 2023 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ташаккул ёфтааст, равона намояд;
- бо тартиби муқарраргардида қарзҳои ташкилотҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар ҳаҷми 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду сӣ ҳазору шашсаду ҳашт) сомонӣ, ки аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба вуҷуд омадааст, кам намояд;
- то 1 июли соли 2023 тибқи тартиби муқарраргардида насби таҷҳизоти баҳисобгирандаи неруи барқ (ҳисобкунакҳои барқӣ) ва ҷорӣ намудани низоми биллингиро дар пойгоҳҳои обкашии тобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" 504756098 (панҷсаду чор миллиону ҳафтсаду панҷову шаш ҳазору наваду ҳашт) сомониро барои коҳиш додани уҳдадориҳои молиявии худ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун", ки аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба вуҷуд омадааст, равона намояд.
5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун":
- аз ҳисоби маблағҳои аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" пардохтшуда 78 185 154 (ҳафтоду ҳашт миллиону яксаду ҳафтоду панҷ ҳазору як саду панҷоҳу чор) сомониро ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқарраргардида барои пардохти қарзи андоз аз арзиши иловашуда ва андози роялти барои об, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ташаккул ёфтааст, равона намояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 426570944 (чорсаду бисту шаш миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазору нуҳсаду чиллу чор) сомониро барои коҳиш додани уҳдадориҳои молиявии худ дар назди паймонкорон ва молрасонҳо равона намояд.
6. Бо мақсади танзими минбаъдаи уҳдадориҳои молиявӣ Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бо тартиби муқарраргардида оид ба пардохт гардидани қарзҳои истифодаи неруи барқ санадҳои муқоисавиро ба имзо расонанд.
7. Субъектҳои дар банди 6 қарори мазкур дарҷшуда оид ба амалиётҳои молиявии анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 марти соли 2023, № 142
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О мерах по оздоровлению экономическо-финансового состояния системы ирригации, мелиорации и энергетики Республики Таджикистан
(в редакции пост. Правительства РТ от 27.08.2025
№460)
В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях принятия дополнительных мер по оздоровлению экономическо-финансового состояния системы ирригации, мелиорации и энергетики Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Министерству финансов Республики Таджикистан:
- за счет депозитных средств Правительства Республики Таджикистан выделить Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан для урегулирования финансовых обязательств перед Открытым акционерным обществом "Шабакахои таксимоти барк" 467 230 608 (четыреста шестьдесят семь миллионов двести тридцать тысяч шестьсот восемь) сомони и Открытому акционерному обществу "Шабакахои таксимоти барк" для урегулирования задолженностей организаций, финансируемых из государственного бюджета, образовавшихся на 1 января 2023 года за счет потребления электроэнергии 37525490 (тридцать семь миллионов пятьсот двадцать пять тысяч четыреста девяносто) сомони согласно приложениям 1 и 2;
- открыть отдельные счета в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан для поступления денежных средств за счет оплаты дебиторской задолженности Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, образовавшихся за счет платы за услуги водоснабжения до 1 января 2023 года №460
- осуществить приём оплаты за услуги водоснабжения управлений мелиорации и ирригации Агентства по мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики посредством расчетного счета специальных средств республиканского бюджета в главных управлениях и управлениях Министерства финансов Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики №460
- в целях стимулирования сотрудников и укрепления материально-технической базы Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан направить 30 процентов средств, поступающих за счёт дебиторской задолженности Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан и 70 процентов оставшихся средств для строительства важных государственных объектов, в том числе объектов водоснабжения;
- с учетом выделения дополнительных средств, урегулировать план доходов и расходов республиканского бюджета на 2023 год.
2. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан:
1) согласно пункту 1 настоящего постановления перечислить 467 230 608 (четыреста шестьдесят семь миллионов двести тридцать тысяч шестьсот восемь) сомони на соответствующий счёт Открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк" для оплаты финансовых обязательств №460
2) до 1 мая 2023 года подписать с хозяйствующими субъектами акты сверки по задолженностям за счет услуг водоснабжения, образовавшимся по состоянию на 1 января 2023 года№460
3) за счет средств республиканского бюджета 2023 года, предусмотренных Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан для оплаты электроэнергии насосных станций, направить 5 000 000 (пять миллионов) сомони Открытому акционерному обществу "Шабакахои таксимоти барк" для приобретения и установки оборудования для учета электроэнергии и внедрения билинговой системы в насосных станциях, подведомственных Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан№460
4) до 1 июня 2023 года разработать Электронный реестр насосных станций и хозяйствующих субъектов, которым предоставляется услуга водоснабжения и обеспечить кодирования каждого субъекта для внедрения системы безналичных расчетов услуги водоснабжения №460
5) оплату за услуги водоснабжения производить в безналичной форме в следующем порядке:
- с 1 июня 2023 года через расчётный счёт, открытый в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан;
- с 1 сентября 2025 года посредством расчётного счёта специальных средств республиканского бюджета в главных управлениях и управлениях Министерства финансов Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики, осуществлять использование этих средств в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан о государственных закупках, включая использование банковских карт и другой инфраструктуры для приёма безналичных платежей №460
6) до 1 декабря 2025 года разработать и представить Правительству Республики Таджикистан единый тариф за услуги водоснабжения по категориям земель№460
7) до 1 сентября 2025 года по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан разработать и утвердить порядок последовательного использования специальных средств управлений мелиорации и ирригации Агентства по мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республики, поступивших на расчётный счет, предусмотренный третьим абзацем пункта 1 данного постановления №460
8) совместно с Открытым акционерным обществом "Шабакахои таксимоти барк" обеспечить установку, содержание и эксплуатацию оборудований по учету электроэнергии (электросчетчиков) на насосных станциях№460
9) до 1 января 2026 года совместно с государственными контрольными и надзорными органами обеспечить взыскание и перечисление средств дебиторской задолженности, образовавшейся до 1 января 2023 года за счёт услуг водоснабжения, на счёт, открытый в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан№460
10) принять меры по полному и своевременному сбору средств за услуги водоснабжения и оплаты электроэнергии №460
3. Открытому акционерному обществу "Шабакахои таксимоти барк":
- для осуществления операций, предусмотренных настоящим постановлением, открыть отдельный специальный счёт и произвести операции посредством данного счёта;
- в установленном порядке направить 504756098 (пятьсот четыре миллиона семьсот пятьдесят шесть тысяч девяносто восемь) сомони для сокращения своих финансовых обязательств перед Открытым акционерным обществом "Барки Точик", образовавшихся за счёт потребления электроэнергии на 1 января 2023 года и за январь- февраль 2023 года;
- в установленном порядке уменьшить задолженность подведомственных организаций Агентства мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан перед Открытым акционерным обществом "Шабакахои таысимоти барк" в размере 467 230 608 (четыреста шестьдесят семь миллионов двести тридцать тысяч шестьсот восемь) сомони, образовавшихся за счёт потребления электроэнергии по состоянию на 1 января 2023 года;
- до 1 июля 2023 года согласно установленному порядку обеспечить установку приборов учета электроэнергии (электросчётчиков) и внедрение билинговой системы на насосных станциях подведомственных Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан.
4. Открытому акционерному обществу "Барки Точик" в установленном порядке направить 504756098 (пятьсот четыре миллиона семьсот пятьдесят шесть тысяч девяносто восемь) сомони для сокращения финансовых обязательств перед Открытым акционерным обществом "Рогунская ГЭС", образовавшихся за счёт использования электроэнергии на 1 января 2023 года.
5. Открытому акционерному обществу "Рогунская ГЭС":
- за счет средств, уплаченных Открытым акционерным обществом "Барки Точик" в установленном порядке направить 78 185 154 (семьдесят восемь миллионов сто восемьдесят пять тысяч сто пятьдесят четыре) сомони в республиканский бюджет для погашения задолженности по налогу на добавленную стоимость и налог на роялти за воду, образовавшиеся на 1 января 2023 года;
- по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан направить 426570944 (четыреста двадцать шесть миллионов пятьсот семьдесят тысяч девятьсот сорок четыре) сомони на уменьшение своих финансовых обязательств перед подрядчиками и поставщиками.
6. В целях дальнейшего урегулирования финансовых обязательств Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, Открытому акционерному обществу "Барки Точик", Открытому акционерному обществу "Рогунская ГЭС", Открытому акционерному обществу "Шабакахои таксимоти барк" и организациям, финансируемых из государственного бюджета, в установленном порядке подписать акты сверки о погашении задолженности за потребление электроэнергии.
7. Субъектам, указанных в пункте 6 данного постановления, представить информацию в Министерство финансов Республики Таджикистан о совершенных финансовых операциях.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 28 марта 2023 года, №142