Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2024,
№ 327Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028
1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ
2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ
§1. Таҳлили вазъи обёрии заминҳои кишоварзӣ
- куҳна ва фарсуда шудани инфрасохтори обёрӣ, ки иқтидори лоиҳавии онҳо то 30 дарсад ва дар як хел иншоотҳои гидротехникӣ то 70 дарсад коҳиш ёфтааст;
- дар як хел минтақаҳои обёришаванда иншоотҳои гидротехникӣ аз фаъолият бозмонда истодаанд ва хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ ба миён омадааст;
- бо дар назар доштани таъсири тағйирёбии иқлим зиёд гардидани солҳои камобӣ ва хушксолӣ дар назар мебошад, ки бевосита барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ таъсири худро мерасонад;
- шумораи селу обхезиҳо сол аз сол зиёд гардида истодааст, ки ба кори иншоотҳои гидротехникии соҳа зарари худро мерасонад.
§2. Таҳлили вазъи шабакаҳои обёрии худҷорӣ
...