×

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВЕНА» оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт аз қабати 6в-и майдони Шарқии кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз 7 июни соли 2024

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ВЕНА» ОИД БА ИСТИХРОҶ ВА КОРКАРДИ АНГИШТ АЗ ҚАБАТИ 6в-И МАЙДОНИ ШАРҚИИ КОНИ АНГИШТИ ФОН-ЯҒНОБИ НОҲИЯИ АЙНИИ ВИЛОЯТИ СУҒД 

бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2024, № 1387
тасдиқ шудааст.

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВЕНА» (минбаъд Тарафҳо) оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт аз қабати 6в-и майдони Шарқии кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд (минбаъд - созишномаи сармоягузорӣ) бо мазмуни зерин ба имзо расонида шуд:

1.ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - Ҳукумат) дар шахси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ); ва

2.ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ВЕНА» (минбаъд - ҶДММ “ВЕНА”), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, амал мекунад;

МУҚАДДИМА
...