ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВЕНА» оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт аз қабати 6в-и майдони Шарқии кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВЕНА» оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт аз қабати 6в-и майдони Шарқии кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки 7 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВЕНА»-ро дар бораи тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2024, № 1387
...