×

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатароид ба қанорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз 22 январи соли 2024

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 19 июни соли 2024, № 1378
тасдиқ шудааст 

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатароид ба қанорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар, бо хоҳиши густариш додан ва таҳким бахшидани муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ бо роҳи ба имзо расонидани Созишнома оид ба қанорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1 Шахсоне, ки нисбати онҳо Созишнома татбиқ мешавад

Созишномаи мазкур нисбати он шахсоне татбиқ мешавад, ки резидентони як ё ҳарду Давлати Аҳдкунанда мебошанд.

Моддаи 2 Андозҳое, ки нисбати онҳо Созишнома татбиқ мегардад
  1. Созишномаи мазкур нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармояе, ки аз номи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ё воҳидҳои сиёсӣ/маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, сарфи назар аз шакли ситонидани онҳо, ситонида мешаванд, татбиқ карда мешавад.
  2. Андозҳо аз даромад (фоида) ва сармоя ҳамаи андозҳое ҳисобида мешаванд, ки аз маблағи умумии даромад, маблағи умумии сармоя ё аз унсурҳои алоҳидаи онҳо, аз ҷумла андоз аз даромади бегона кардани молу мулки манқул ва ғайриманқул, андозҳо аз маблағи умумии музди меҳнат ё подоши аз ҷониби корхонаҳо пардохташаванда ситонида мешаванд.
  3. Ба андозҳои амалкунандае, ки амали Созишнома татбиқ мегардад, аз ҷумла инҳо мансубанд:

а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

(iандози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);

(ii) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

(iii) андоз аз молу мулки ғайриманқул 

(ки минбаъд "андозҳои Тоҷикистон" номида мешаванд).


b) дар Давлати Қатар:

андоз аз даромад;

(ки минбаъд «андози Қатар» номида мешавад); ва

  1. Созишномаи мазкур ҳамчунин нисбати ҳама гуна андозҳои ба ин монанд ва аз рӯи хислаташон якхелае, ки баъди санаи ба имзо расидани Созишномаи мазкур ба иловаи андозҳои мавҷуда ё ки бар ивази онҳо ситонида мешаванд, мавриди татбиқ қарор мегирад. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда якдигарро аз ҳар гуна тағйироти назаррасе, ки ба қонунгузории андози онҳо ворид карда мешаванд, огоҳ месозанд.
Моддаи 3 Мафҳумҳои умумӣ

Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур, агар аз матн маънои дигаре барнаояд, пас:

а) истилоҳи "Тоҷикистон" маънои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми истифодабарӣ ба маънои ҷуғрофӣ ҳудуд, обҳои дохилӣ, фазои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он метавонад ҳуқуқҳои мустақил ва доираи ҳуқуқҳо, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи қаъри замин ва захираҳои табииро мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намояд ва дар он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад;

б) истилоҳи "Қатар" маънои Давлати Қатар ва ҳангоми истифодабарӣ ба маънои ҷуғрофӣ Давлати Қатар, ҷазираҳои он, обҳои дохилӣ, баҳри мансуб ба ҳудуд, аз ҷумла қаър ва хоки он, фазои болои онҳо, минтақаи истисноии иқтисодӣ ва тунукобаи хушкиро дорад, ки Давлати Қатар дар он ҷо ҳуқуқҳои мустақил ва доираи ҳуқуқҳоро мутобиқи шартҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қонунҳои миллӣ ва қарорҳои Қатар амалӣ менамояд;

в) истилоҳоти "Давлати Аҳдкунанда" ва "Давлати дигари "Аҳдкунанда" вобаста ба матн маънои Қатар ва Тоҷикистонро дорад;

г) истилоҳи “шахс” шахси воқеӣ, ширкат ва ҳар иттиҳодияи дигари шахсонро дар бар мегирад;

д) истилоҳи “ширкат” маънои ҳама гуна муассисаи корпоративӣ ё ҳар гуна иттиҳоди дигареро дорад, ки барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун муассисаи корпоративӣ баррасӣ мешавад;

е) мафҳумҳои "корхонаи Давлати Аҳдкунанда" ва «корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда» мутобиқан маънои корхонае, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда идора менамояд ва корхонаеро дорад, ки резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда идора мекунад;

ё) истилоҳи «ҳамлу нақли байналмилалӣ» маънои ҳама гуна боркашониҳоро тавассути киштӣ ё тайёра, нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан дорад, ки корхонаи Давлати Аҳдкунанда истифода мебарад, ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки киштӣ ё тайёра, нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан танҳо байни маҳалҳои дар ҳудуди Давлати дигари Аҳдкунанда қарордошта истифода мегардад;

ж) истилоҳи «мақоми салоҳиятдор»:

(i) дар мавриди Қатар - маънои Вазорати молия ва ё намояндаи ваколатдори он; ва

(ii) дар мавриди Тоҷикистон - маънои Вазорати молия ва ё намояндаи ваколатдори онро дорад;

з) истилоҳи «шахси миллӣ» нисбати Давлати Аҳдкунанда маънои:

(i) ҳар шахси воқеие, ки шаҳрвандии ин Давлати Аҳдкунандаро дорад;

(ii) ҳар шахси ҳуқуқӣ, ширкат ё ассотсиятсияро дорад, ки дар асоси қонунҳои дар ин Давлати Аҳдкунанда амалкунанда чунин мақомро гирифтааст.

2. Дар мавриди аз ҷониби Давлатҳои Аҳдкунанда истифода гардидани муқаррароти Созишномаи мазкур, ҳар истилоҳе, ки дар он муайян нашудааст, агар аз матн маънои дигар барнаояд, бояд ҳамон мазмунро дошта бошад, ки қонунгузории ҳамин Давлат нисбати андозҳое муқаррар намудааст, ки ин Созишнома нисбати онҳо татбиқ мешавад. Ҳар маъное, ки тибқи қонунгузории андози ҳамин Давлат нисбат ба маънои ҳамин истилоҳ муайян гардидааст нисбат ба маъноҳое, ки дар қонунгузории дигари ҳамин Давлат пешбинӣ гардидаанд, бартарӣ дорад.

Моддаи 4 Резидент 

1. Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур истилоҳи "резиденти Давлати Аҳдкунанда" маънои зерин дорад:

а) дар мавриди Тоҷикистон: ҳар шахсе, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон дар он дар асоси маҳалли истиқомат, маҳалли доимии буду бош, маҳалли ҷойгиршавии мақоми роҳбарикунанда, маҳалли бақайдгирӣ ё ҳар меъёрҳои дигари ҳамин хусусиятро дошта, бояд мавриди андозбандӣ қарор гирад, инчунин Тоҷикистон ва ҳар воҳиди маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бар мегирад. Вале ин истилоҳ ҳар шахсеро, ки бояд дар Тоҷикистон танҳо аз рӯи даромад аз манбаъҳои дар Тоҷикистон ба даст овардааш андозбандӣ гардад, дар бар намегирад;

б) дар мавриди Қатар: ҳар шахсе, ки дар Қатар манзили доимӣ, маркази манфиатҳои ҳаётии худ ё маҳалли муқаррарии истиқомат дорад ва ширкате, ки дар Қатар ба қайд гирифта шудааст ё маҳалли идоракунии воқеии он дар Қатар мебошад. Истилоҳи мазкур ҳамчунин Давлати Қатар ва воҳиди сиёсии он, ҳар мақоми маҳаллии ҳокимият ё мақоми бо қонунгузорӣ муқарраргардидаро дар бар мегирад;

2. Агар мутобиқи муқаррароти банди 1 моддаи мазкур шахси воқеӣ резиденти ҳарду Давлати Аҳдкунанда бошад, мақоми вай ба тариқи зайл муайян карда мешавад:

а) вай резиденти маҳз ҳамон Давлати Аҳдкунандае ҳисобида мешавад, ки дар он манзили доимӣ ва барояш дастрас дорад; агар вай дар ҳарду Давлати Аҳдкунанда манзили доимӣ дошта бошад, пас вай резиденти танҳо ҳамон Давлати Аҳдкунандае дониста мешавад, ки ӯ дар он ҷо робитаҳои наздиктари шахсӣ ва иқтисодӣ (маркази манфиатҳои ҳаётӣ) дорад;

б) агар Давлатеро, ки шахс дар он маркази манфиатҳои ҳаётӣ дорад, муайян кардан ғайриимкон бошад, ё ки ӯ дар ҳеҷ яке аз ин Давлатҳои Аҳдкунанда манзили доимӣ ва барояш дастрас надошта бошад, пас ӯ резиденти танҳо ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки одатан дар он истиқомат мекунад;

в) агар шахс маъмулан дар ҳарду Давлати Аҳдкунанда истиқомат кунад, ё ки дар ҳеҷ яке аз онҳо истиқомат накунад, он гоҳ ӯ резиденти танҳо ҳамон Давлати Аҳдкунандае ҳисобида мешавад, ки шахси миллии он мебошад;

г) агар муайян кардани мақоми резидентии шахс мутобиқи муқаррароти бандҳои дар боло зикргардидаи (а), (б) ва (в) номумкин бошад, он гоҳ мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда ин масъаларо бо мувофиқаи мутақобила ҳал мекунанд.

3. Агар шахс тибқи муқаррароти банд 1 моддаи мазкур шахси воқеӣ набуда, резиденти ҳарду Давлати Аҳдкунанда бошад, пас вай танҳо резиденти ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки мақоми воқеии идоракунии он дар он ҷо қарор дорад.

Моддаи 5 Муассисаи доимӣ

 

    1. Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур истилоҳи «муассисаи доимӣ» маънои маҳалли доимии фаъолиятро дорад, ки тавассути он фаъолияти соҳибкории корхона пурра ё қисман ба амал бароварда мешавад.
    2. Истилоҳи "муассисаи доимӣ" аз ҷумла инҳоро дар бар мегирад:

а) маҳалли идоракунӣ;

б) шӯъба;

в) идора;

г) фабрика;

д) устохона; ва

е) биноҳои ба сифати фурӯшгоҳ истифодашаванда;

ё) ферма ё киштзор; ва

ж) кон, чоҳи нафт ё газ, карер ё маҳалли дигари марбут ба иктишоф, истиҳроҷ ё коркарди захираҳои табиӣ.


3. Истилоҳи «муассисаи доимӣ» ҳамчунин инҳоро дар бар мегирад:

а) майдончаи сохтмонӣ ва ё объекти сохтмон, насб ё васлшаванда ё фаъолияти марбут ба назорати иҷрои ин майдонча ё объект, фақат агар чунин майдонча, объект ё фаъолият дар давоми давра ё давраҳо дар доираи ҳар давраи дувоздаҳмоҳа бештар аз 6 моҳ давом дошта бошад;

б) хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии машваратӣ аз ҷониби корхона тавассути хизматчиён ва ё ҳайати кормандони дигаре, ки корхона барои чунин мақсадҳо киро кардааст, фақат агар чунин фаъолият (барои ҳамон лоиҳа ё лоиҳаи ба он алоқаманд) дар ҳудуди Давлати дигари Аҳдкунанда фаъолият дар давоми давра ё давраҳо дар доираи ҳар давраи дувоздаҳмоҳа бештар аз 6 моҳ давом дошта бошад.

4. Сарфи назар аз муқаррароти қаблии моддаи мазкур, истилоҳи «муассисаи доимӣ» инҳоро дар бар намегирад:

а) истифодабарии иншоот танҳо ба мақсади нигоҳдорӣ, намоиш ё таҳвили мол ё маснуоти ба корхона тааллуқдошта;

б) нигоҳдории захираҳои мол ё маснуоти ба корхона тааллуқдошта танҳо ба мақсади дар анбор нигоҳ доштан, намоиш додан ё таҳвил кардан;

в) нигоҳдории захираҳои мол ё маснуоти ба корхона тааллуқдошта танҳо бо мақсади коркарди онҳо аз тарафи корхонаи дигар;

г) нигоҳдории маҳалли фаъолияти доимӣ танҳо ба мақсади хариди мол ё маснуот ва ё ҷамъоварии иттилоот барои корхона;

д) нигоҳдории маҳалли фаъолияти доимӣ танхо ба мақсади амалӣ сохтани ҳар фаъолияти дорои хусусияти тадорукотӣ ё ёрирасон барои корхона;

е) нигоҳдории маҳалли фаъолияти доимӣ танҳо барои амалӣ сохтани ҳар комбинатсияи намудҳои фаъолияти дар зербандҳои аз а) то ё) номбаршуда, ба шарте ки маҷмӯи намудҳои фаъолияти маҳалли доимии фаъолияти дар натиҷаи чунин комбинатсия иҷрошаванда хусусияти тадорукотӣ ё ёрирасон дошта бошад.

5. Сарфи назар аз муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар шахс - на агенти ҳуқуқи мустақилонадошта, ки нисбати вай дар банди 7 ҳамин модда татбиқ мешавад, аз номи корхона дигар амал карда, дар Давлати Аҳдкунанда маъмулан аз ваколати бастани қарордодҳо аз номи корхона истифода намояд, пас ин корхона ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ дар ҳамин Давлат нисбати ҳама гуна фаъолияте, ки ин шахс барои корхона анҷом медиҳад, дониста мешавад, ба истиснои он ҳолате, ки фаъолияти чунин шахс бо фаъолияти дар банди 4 моддаи мазкур маҳдуд нашуда, таввасути маҳалли фаъолияти доимӣ амалӣ гардад ва мутобиқи муқаррароти ин банд ин маҳалли фаъолияти доимиро ба муассисаи доимӣ табдил насозад.

6. Сарфи назар аз муқаррароти моддаи мазкур, корхонаи суғуртавии яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда, ба истиснои ҳолатҳои азнавсуғуртакунӣ, ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда баррасӣ мешавад, агар он подошҳои суғуртавиро дар ҳудуди ин Давлати дигари Аҳдкунанда инкассатсия кунад ё тавассути ягон шахс, ба ғайр аз агенти дорои мақоми мустақиле, ки нисбати он банди 7 моддаи мазкур татбиқ мегардад, хавфҳои дар он бамиёнмеомадаро суғурта намояд.

7. Корхона ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда танҳо ба он хотир баррасӣ намешавад, ки агар он фаъолияти соҳибкориро дар ҳамин Давлат таввассути брокер, агенти комиссионӣ ё агенти дигари мақоми мустақилдошта анҷом диҳад, ба шарте ки чунин ашхос дар доираи фаъолияти маъмулии соҳибкории худ амал кунанд. Вале, агар фаъолияти чунин агент пурра ё қариб пурра аз номи ин корхона анҷом дода шавад, дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва молиявии байни ин корхона ва агент бошанд, шартҳое пешбинӣ ва муқаррар шуда бошанд, ки аз шартҳое, ки байни корхонаҳои мустақил пешбинӣ шуда метавонистанд, фарқ мекунанд, пас он аз рӯи мазмуни ҳамин банд агенти дорои мақоми мустақил ҳисобида намешавад.

8. Далели он, ки ширкате, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, ширкати резиденти Давлати дигари Аҳдкунандаро таҳти назорат мегирад ё таҳти назорати он қарор дорад ё ки фаъолияти соҳибкориро дар ҳамон Давлати дигар (таввасути муассисаи доимӣ ё ба тариқи дигар) амалӣ месозад, яке аз ин ширкатҳоро ба муассисаи доимии ширкати дигар табдил намедиҳад.

Моддаи 6 Даромад аз молу мулки ғайриманқул

 1. Даромаде, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда аз молу мулки ғайриманқули дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарордошта (аз ҷумла даромад аз хоҷагии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал) ба даст меорад, метавонад дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда мавриди андозбандӣ қарор гирад.

2. Истилоҳи "молу мулки ғайриманқул" ҳамон маъноеро дорад, ки қонунгузории Давлати Аҳдкунандаи ҷойи ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул муайян гардидааст. Ин истилоҳ дар ҳама ҳолат молу мулки нисбати молу мулки ғайриманқул ёрирасон, чорво ва таҷҳизоти дар хоҷагии кишоварзӣ ва ҷангал истифодашаванда, ҳуқуқҳое, ки нисбати онҳо муқаррароти умумии қонунгузорӣ дар мавриди моликияти замин истифода мешаванд, ҳуқуқи узуфрукти истифода бурдани моликияти бегона бе расонидани зарар молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба пардохтҳои тағйирёбанда ва танзимшавандаи ба сифати ҷубронпулӣ барои коркард ё ҳуқуқи коркарди захираҳои табиӣ, чашмаҳо ва дигар канданиҳои табиӣ пардохтшавандаро дар бар мегирад. Киштиҳои баҳрӣ ва ҳавопаймоҳо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ ба сифати молу мулки ғайриманқул баррасӣ карда намешаванд.

3. Муқаррароти банди 1 моддаи мазкур ҳамчунин нисбати даромади аз истифодаи бевоситаи молу мулки ғайриманқул, ба иҷора додан ё истифодаи молу мулки ғайриманқул дар ҳар шакли дигар бадастомада татбиқ карда мешавад.

4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 3 моддаи мазкур инчунин нисбат ба даромад аз молу мулки ғайриманқули корхона ва даромад аз молу мулки ғайриманқули барои хизматрасониҳои мустақилонаи шахсӣ истифодашавандаи корхона татбиқ мегарданд.

Моддаи 7 Фоида аз фаъолияти тиҷоратӣ 
    1. Фоидаи корхонаи Давлати Аҳдкунанда танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад, агар чунин корхона дар Давлати дигари Аҳдкунанда фаъолияти тиҷоратиро аз тариқи муассисаи доимии дар он ҷо қарордошта амалӣ насозад. Агар корхона фаъолияти тиҷоратиро ба таври дар боло зикргардида амалӣ созад, фоидаи корхона метавонад дар Давлати дигар андозбандӣ шавад, лекин танҳо дар он қисмате, ки ба ин муассисаи доимӣ тааллуқ дорад.
    2. Бо дарназардошти муқаррароти банди 3 моддаи мазкур, агар корхонаи Давлати Аҳдкунанда фаъолияти тиҷоратиро дар Давлати дигари Аҳдкунанда тавассути муассисаи доимии дар он ҷо қарордошта амалӣ созад, пас дар ҳар кадом Давлати Аҳдкунанда ба чунин муассисаи доимӣ фоидае мансуб мегардад, ки вай метавонист ба даст оварад, агар он корхонаи мустақил ё ҷудогона буда, бо айнан ҳамон фаъолият ё фаъолияти шабеҳ дар ҳамон хел шароит ё шароити шабеҳи он машғул шуда, аз корхонае, ки муассисаи доимии он мебошад, комилан мустақилона амал мекард.
    3. Ҳангоми муайян кардани фоидаи муассисаи доимӣ тарҳ кардани хароҷоти барои мақсадҳои муассисаи доимӣ сарфшуда, аз ҷумла хароҷоти идоравӣ ва умумии маъмурӣ, сарфи назар аз он, ки ин хароҷот дар Давлате, ки дар он муассисаи доимӣ қарор дорад, сарф шудааст ё дар ҳар ҷойи дигар, бо дарназардошти қонунгузории миллии дахлдори ин Давлати Аҳдкунанда, ки дар он муассисаи доимӣ қарор дорад, иҷозат дода мешавад.
    4. Агар дар Давлати Аҳдкунанда муайян намудани фоидаи мансуб ба муассисаи доимӣ дар асоси тақсимоти мутаносиби маблағи умумии фоидаи корхона байни воҳидҳои гуногуни он таҷрибаи маъмулӣ бошад, пас муқаррароти банди 2 моддаи мазкур ба Давлати Аҳдкунанда муайян намудани фоидаи андозбандишавандаро тавассути чунин тақсимоти маъмулӣ манъ намекунад; вале усули интихобгардидаи тақсимот бояд натиҷаҳои мувофиқ ба принсипҳои дар ин модда ҷойдоштаро диҳад.
    5. Ҳеҷ фоида танҳо дар асоси хариди мол ё маснуот аз тарафи муассисаи доимӣ барои корхона ба ин муассисаи доимӣ мансуб дониста намешавад.
    6. Барои мақсадҳои бандҳои пештара фоидаи ба муассисаи доимӣ тааллуқдошта ҳар сол бо ҳамон як усул муқаррар карда мешавад, ба шарте ки барои тағйир додани ин тартиб ягон хел асоси эътимоднок ва кофӣ вуҷуд надошта бошад.
    7. Агар фоида намудҳои даромади дар моддаҳои дигари Созишномаи мазкур ба таври ҷудогона зикргардидаро дар бар гирад, пас муқаррароти ин модда ба муқаррароти моддаҳои мазкур дахолат намекунад.
Моддаи 8 Фоида аз ҳамлу нақли байналмилалӣ 
    1. Фоидаи аз истифодаи киштиҳо, ҳавопаймоҳо, воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан ё автомобилӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ бадастомада танҳо дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мешавад.
    2. Фоидае, ки корхонаи Давлати Аҳдкунанда аз иҷорадиҳии воситаҳои нақлиёт, инчунин контейнерҳо ва таҷҳизоти марбута барои истифодаи онҳо ба даст меорад, танҳо дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мешавад.
    3. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбати фоида аз иштирок дар пул (шакли махсуси картел), ташкилоти байналмилалии истифодабарандаи воситаҳои нақлиёт ё фаъолияти соҳибкории муштарак мавриди истифода қарор мегирад.
Моддаи 9 Корхонаҳои муттаҳидкардашуда
    1.  Агар:

а) корхонаи Давлати Аҳдкунанда ба таври мустақим ё ғайримустақим дар идоракунӣ, назорат ва ё сармояи корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда ширкат намояд;

б) ҳамон як ашхос ба таври мустақим ё ғайримустақим ҳам дар идоракунӣ, назорат ё сармояи корхонаи як Давлати Аҳдкунанда ва ҳам дар корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда иштирок намоянд ва дар ҳар кадом ҳолат байни ду корхона дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва молиявии онҳо шароит муҳайё ё муқаррар карда шавад, ки аз муносибатҳои дар байни ду корхонаи мустақил вуҷуддошта фарқ кунад, пас ҳар гуна фоидае, ки метавонист ба яке аз ин корхонаҳо ҳисоб карда шавад, вале бинобар мавҷуд будани чунин шароит ҳисоб карда нашудааст, метавонад ба фоидаи корхонаи мазкур дохил карда шуда, мутобиқан мавриди андозбандӣ қарор дода шавад.

2. Агар як Давлати Аҳдкунанда фоидаеро, ки нисбати он корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда барои он дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ шудааст, ба фоидаи корхонаи ҳамин Давлат дохил карда, мутобиқан андозбандӣ кунад ва фоидан бо ҳамин тариқ дохил кардашуда фоидае бошад, ки ба корхонаи Давлати аввал зикршуда ҳисоб шуда метавонист, агар муносибатҳои байни ин ду корхона ҳамон тавре мебуданд, ки байни ду корхонаи мустақил ҷой доранд, пас ин Давлати дигар ба маблағи андози дар он аз фоида гирифташуда тасҳеҳоти дахлдор ворид менамояд. Ҳангоми муайян кардани чунин тасҳеҳот ба таври бояду шояд дигар муқаррароти ин Созишнома ба инобат гирифта мешавад ва мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд бо ҳамдигар машварат гузаронанд.

Моддаи 10 Дивидендҳо 
    1. Дивидендҳое, ки ширкати резиденти яке аз Давлати Аҳдкунанда ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мепардозад, мумкин аст дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ шаванд.
    2. Вале чунин дивидендҳо метавонанд инчунин дар он Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ шаванд, ки резиденти он ширкате мебошад, ки дивидендҳоро мутобиқи қонунгузории ҳамин Давлат мепардозад, аммо агар гиранда соҳиби воқеии дивидендҳо бошад, пас андози ситонидашаванда набояд зиёда аз инҳо бошад:

а) 5% маҷмӯи маблағи дивидендҳо, соҳиби воқеӣ ширкате (аз рафоқат фарқкунанда) бошад, ки бевосита ҳадди ақал 15% сармоя ширкати падохткунандаи дивидентҳоро соҳибӣ кунад;

б) 10% маҷмӯи маблағи дивидендҳо дар ҳама ҳолатҳои дигар.

Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо мувофиқаи мутақобила усули истифодаи чунин маҳдудиятҳоро муқаррар менамоянд.

Ин банд ба андозбандии ширкат нисбат ба фоидае, ки аз он дивидендҳо пардохта мешаванд, дахл надорад.

3. Сарфи назар аз муқаррароти бандҳои 1 ва 2 моддаи мазкур дивидендҳои пардохтаи ширкате, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда мебошад, танҳо дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ мешаванд, агар соҳиби воқеии дивидендҳо инҳо бошанд:

b) дар мавриди Тоҷикистон:

(i) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти давлатии он;

(ii) Бонки миллии Тоҷикистон;

(iii) ҳар ниҳоди дигаре, ки пурра ё асосан, бевосита ё ба таври ғайримустақим ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти пешбининамудаи қонунгузории он тааллук дошта, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда мувофиқа карда мешаванд.

а) дар мавриди Қатар:

(i) Ҳукумати Давлати Қатар, воҳиди сиёсӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимият;

(ii) Бонки Марказӣ;

(iii) мақоми сармоягузории Қатар;

(iv) Холдинги Қатар;

(v) Диари Қатар;

(vi) фондҳои нафақа;

(vii) ҳар ниҳоде, ки пурра ё асосан, бевосита ё ба таври ғайримустақим ба Ҳукумати Давлати Қатар тааллуқ дорад, ё ҳама гуна ниҳодҳо ё фондҳое, ки ҳамчун қисми ҷудонашавандаи Давлати Қатар эътироф гардида, бо розигии мутақобилаи мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда мувофиқа карда мешаванд;

4. Истилоҳи "дивидендҳо" ҳангоми истифода дар ҳамин модда маънои даромад аз саҳмияҳо, ё дигар ҳуқуқҳо, ки уҳдадории қарзии барои иштирок дар тақсимоти фоида ҳуқуқдиҳанда нестанд, инчунин даромад аз ҳуқуқҳои дигари корпоративиро ба монанди даромад аз саҳмияҳоро дорад, ки тибқи қонунгузории ҳамон Давлати Аҳдкунандае, ки ширкати тақсимкунандаи фоида резиденти он мебошад, бояд андозбандӣ гардад.

5. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 моддаи мазкур дар мавридҳое истифода намешаванд, ки агар соҳиби воқеии дивидендҳо резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, фаъолияти тиҷоратиро дар Давлати дигари Аҳдкунандае анҷом диҳад, ки дар он ширкате, ки дивиденд месупорад, ба воситаи муассисаи доимии дар он ҷо қарордошта резидент мебошад ё дар ин Давлати дигар ба воситаи пойгоҳи доимии дар он ҷойгиршуда хизматҳои мустақилонаи шахсӣ расонад ва холдинге, ки нисбати он дивиденд пардохта мешавад, воқеан ҳам мансуб ба муассисаи доимӣ ё чунин пойгоҳи доимӣ бошад. Дар ин ҳолат вобаста ба шароит муқаррароти моддаи 7 ё моддаи 14 Созишномаи мазкур мавриди истифода қарор дода мешаванд.

6. Агар ширкате, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда мебошад, дар Давлати дигари Аҳдкунанда фоида ё даромад ба даст оварад, ин Давлати дигар наметавонад аз дивидендҳои ин ширкат пардозанда ҳар навъ андоз ситонад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки чунин дивидендҳо ба резиденти ин Давлати дигар падохта шаванд, ё агар холдинге, ки ба он дивидендҳо пардохта мешаванд, воқеан ҳам ба муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимии дар ҳамин Давлати дигар қарордошта мансуб бошад, инчунин аз даромади тақсимнашудаи ширкат андоз ситонида наметавонад, ҳатто агар дивидендҳои пардохташаванда ё фоидаи тақсимнашуда пурра ё қисман аз даромад ё фоидаи дар ҳамин Давлати дигар бадастомада иборат бошад.

Моддаи 11 Фоизҳо

 1. Фоизҳое, ки дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ба миён омада, ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда пардохта мешаванд, танҳо дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ шуда метавонанд.

2. Аммо чунин фоизҳо метавонанд инчунин дар Давлати Аҳдкунандае, ки дар он ба миён омадаанд, мувофиқи қонунгузории ҳамин Давлат андозбандӣ шаванд, вале агар соҳиби воқеии ин фоизҳо резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда бошад, пас андози дар чунин ҳолат ситондашаванда набояд аз 8% маблағи умумии фоизҳо зиёдтар бошад.

Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо мувофиқаи мутақобила усули истифодаи чунин маҳдудиятҳоро муқаррар менамоянд.

3. Сарфи назар аз муқаррароти банди 2 моддаи мазкур, фоизе, ки дар Давлати Аҳдкунанда ба миён меояд, дар ин Давлат аз андоз озод карда мешавад, агар соҳиби воқеии фоизҳо инҳо бошанд:

(i) Ҳукумати Давлати дигари Аҳдкунанда ё воҳиди сиёсӣ/ маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимият;

(ii) Бонки Марказӣ/ Бонки Миллии Давлати дигари Аҳдкунанда.

4. Барои мақсадҳои банди 3 моддаи мазкур истилоҳи «Ҳукумат» инҳоро дар бар мегирад:

a) дар мавриди Тоҷикистон:

(i) Бонки миллии Тоҷикистон»;

(ii) ҳар ташкилоте, ки пурра ё асосан, бевосита ё ба таври ғайримустақим ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.


б) дар мавриди Қатар:

(i) мақоми пешбининамудаи қонунгузорӣ;

(ii) мақоми сармоягузории Қатар;

(iii) Холдинги Қатар;

(iv) фондҳои нафақаи Қатар;

(v) Диари Қатар;

(vi) ҳар ташкилоте, ки пурра ё асосан, бевосита ё ба таври ғайримустақим ба Ҳукумати Давлати Қатар тааллуқ дорад;


5. Истилоҳи «фоизҳо» ҳангоми истифода дар ҳамин модда маънои даромад аз ҳар намуди уҳдадориҳои қарзӣ, сарфи назар аз таъминот бо ипотека ва ҳуқуқи иштирок дар фоидаи қарздор, аз ҷумла даромад аз қоғазҳои қиматноки ҳукуматӣ ва вомбаргҳо ё уҳдадориҳои қарзӣ, аз ҷумла мукофотҳо ва бурдҳои ин қоғазҳои қиматнок, вомбаргҳо ё уҳдадориҳои қарзиро дорад. Барои мақсадҳои ин модда ҷаримаҳо барои сари вақт анҷом надодани пардохтҳо ба сифати фоизҳо баррасӣ карда намешаванд.

6. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 моддаи мазкур дар ҳолате истифода бурда намешавад, ки агар соҳиби воқеии фоизҳо резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, фаъолияти тиҷоратиро дар Давлати дигари Аҳдкунандае анҷом диҳад, ки дар он фоизҳо тавассути муассисаи доимии дар он ҷо қарордошта ташкил меёбанд ё дар ин Давлати дигари Аҳдкунанда ба воситаи пойгоҳи доимии дар он ҷойгиршуда хизматрасонии мустақили шахсиро анҷом диҳад ва уҳдадориҳои қарзӣ, ки дар асоси онҳо фоизҳо пардохта мешаванд, ҳақиқатан ҳам ба чунин муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ тааллуқ дошта бошанд. Дар ин ҳолат вобаста ба шароит муқаррароти моддаҳои 7 ё 14 Созишномаи мазкур мавриди истифода қарор мегиранд.

7. Чунин ҳисобида мешавад, ки фоизҳо дар Давлати Аҳдкунанда ҳамон вақт ташаккул меёбанд, ки агар пардохткунанда резиденти ҳамин Давлат бошад. Вале агар шахси пардохткунандаи фоизҳо, сарфи назар аз он ки вай резиденти Давлати Аҳдкунанда хаст ё не, дар Давлати Аҳдкунанда муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ дошта бошад ва вобаста ба ин қарзе пайдо шуда бошад, ки аз рӯи он фоизҳо пардохта мешаванд ва хароҷоти марбут ба пардохти ин фоизҳоро муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ анҷом диҳад, пас чунин шуморида мешавад, ки фоизҳо дар ҳамон Давлате ташкил ёфтаанд, ки дар он муассисаи доимӣ ё пойгохи доимӣ қарор дорад.

8. Агар дар ҳолати мавҷуд будани муносибатҳои махсус миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии фоизҳо, ё ки байни ҳардуи онҳо ва шахси дигари сеюм маблағи фоизҳои ба уҳдадориҳои қарзӣ тааллуқдошта, ки дар асоси он пардохта мешавад, аз маблағе, ки миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии фоизҳо дар мавриди мавҷуд набудани ин муносибатҳо мумкин буд мувофиқ кунонида шавад, зиёд бошад, пас муқаррароти ҳамин модда танҳо дар мавриди маблағи дар охир қайдгардида истифода бурда мешавад. Дар ин ҳолат қисми зиёдатии пардохт мутобиқи қонунгузории ҳар Давлати Аҳдкунанда мисли пештара бо дарназардошти муқаррароти дигари Созишномаи мазкур мавриди андозбандӣ қарор мегирад.

Моддаи 12 Роялти 
    1. Роялтии дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ташаккулёфта ва ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда пардохташаванда метавонад дар ҳамин Давлати дигар мавриди андозбандӣ қарор гирад.
    2. Аммо чунин роялти ҳамчунин метавонад дар Давлати Аҳдкунанда, ки дар он ташаккул меёбад, тибқи қонунгузории ҳамин Давлат таҳти андозбандӣ қарор гирад, вале агар соҳиби воқеии роялти резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда бошад, пас андози бо чунин тариқ ситонидашаванда набояд аз 8 фоизи маблағи умумии роялти зиёдтар бошад.

Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо мувофиқаи мутақобила усули истифодаи чунин маҳдудиятҳоро муқаррар менамоянд.

3. Истилоҳи "роялти" ҳангоми истифода дар ин модда маънои ҳар намуди пардохтеро дорад, ки ба сифати подош барои истифода ё пешниҳоди ҳуқуқи истифода аз ҳар ҳуқуқи муаллифӣ барои ҳар осори бадеӣ, санъат ё илм, аз ҷумла кинофилмҳо ва филмҳо, фита ва дискҳо ё сабтҳо барои радиошунавонӣ ва телевизион, ҳар гуна патент, аломати тиҷоратӣ, дизайн ё модел, нақша, формула ё раванди махфӣ, барои истифода ё пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи таҷҳизоти саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмӣ ё маълумоти вобаста ба таҷрибаи саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмӣ гирифта шудааст.

4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 моддаи мазкур мавриди истифода қарор намегирад, агар соҳиби воқеии роялти резиденти як Давлати Аҳдкунанда буда, фаъолияти соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом диҳад, ки он ҷо роялти тавассути муассисаи доимии дар он қарордошта ташаккул меёбад, ё дар ин Давлати дигар ба воситаи пойгоҳи доимии дар он ҷойгиршуда хизматҳои мустақилонаи шахсӣ расонад ва ҳуқуқ ё молу мулке, ки дар асоси онҳо роялти супорида мешавад, воқеан ҳам бо чунин муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ алоқаманд бошанд. Дар ин ҳолат вобаста ба шароит муқаррароти моддаи 7 ё моддаи 14 Созишномаи мазкур мавриди истифода қарор мегирад.

5. Чунин шуморида мешавад, ки роялти дар Давлати Аҳдкунанда ба миён меояд, агар пардохткунанда резиденти ҳамин Давлат бошад. Вале, агар шахси пардохткунандаи роялти, новобаста аз он, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда ҳаст ё не, дар Давлати Аҳдкунанда муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доими дошта бошад, ки вобаста ба он зарурати пардохт кардани роялти пайдо шудааст, ва чунин роялти аз ҷониби ин муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ пардохта шавад, он гоҳ чунин шуморида мешавад, ки чунин роялти дар ҳамон Давлате ба вуҷуд меояд, ки дар он муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ воқеъ аст.

6. Агар дар натиҷаи муносибатҳои мутақобилаи махсус миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии роялти, ё ки байни ҳардуи онҳо ва шахси дигари сеюм маблағи роялтии мансуб ба истифода, ҳуқуқ ё иттилоот, ки он дар асоси онҳо пардохта мешавад, аз маблағе, ки миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии фоизҳо дар мавриди мавҷуд набудани ин муносибатҳо мумкин буд мувофиқ кунонида шавад, зиёд бошад, он гоҳ муқаррароти ин модда танҳо нисбати маблағи охир зикргардида мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин ҳолат қисми барзиёди пардохт бояд тибқи қонунгузории андози ҳар Давлати Аҳдкунанда, бо дарназардошти ҳатмии муқаррароти дигари ин Созишнома, мавриди андозбандӣ қарор гирад.

Моддаи 13 Даромад аз бегона кардани молу мулк 
    1. Даромаде, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда аз бегона кардани молу мулки ғайриманқули дар моддаи 6 Созишномаи мазкур зикргардида ва дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарордошта ба даст меорад, метавонад дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ карда шавад.
    2. Даромад аз бегона кардани молу мулки манқуле, ки қисми молу мулки тиҷоратии муассисаи доимиро ташкил медиҳад, ки корхонаи як Давлати Аҳдкунанда дар Давлати Аҳдкунандаи дигар дорад, ё молу мулки манқули мансуб ба пойгоҳи доимии дар ихтиёри резиденти як Давлати Аҳдкунанда буда, ки барои мақсадҳои расонидани хизматҳои мустақилонаи шахсӣ дар Давлати Аҳдкунандаи дигар қарор дорад, аз ҷумла даромад аз бегона кардани ҳамин муассисаи доимӣ (дар алоҳидагӣ ё дар маҷмӯъ бо ҳамаи корхона) ё чунин пойгоҳи доимӣ метавонад дар ҳамин Давлати дигар таҳти андозбандӣ қарор гирад.
    3. Даромади бадастовардаи резиденти Давлати Аҳдкунанда аз бегона кардани киштиҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ, воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан ё автомобилии дар ҳамлу нақли байналмилалӣ истифодашаванда, ё молу мулки манқули мансуб ба истифодаи чунин киштиҳои баҳрӣ ё ҳавоӣ танҳо дар он Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ карда мешавад, ки дар он маҳалли воқеии идоракунии ин корхона ҷойгир аст.
    4. Даромад аз бегона кардани ҳар молу мулки дар бандҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур зикрнаёфта танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ карда мешавад, ки резиденти он шахси бегонакунандаи молу мулк мебошад.
Моддаи 14  Хизматрасониҳои мустақили шахсӣ 
    1. Даромади бадастовардаи резиденти Давлати Аҳдкунанда барои хизматрасонии касбӣ ё фаъолияти ба ин монанди хусусияти мустақилонадошта танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ карда мешавад. Чунин даромад ба истиснои ҳолатҳои зерин метавонад дар Давлати дигари Аҳдкунанда низ андозбандӣ карда шавад:

a) агар вай дар Давлати дигари Аҳдкунанда барои мақсадҳои иҷрои фаъолияташ пойгоҳи доимии мунтазам ба он дастрас дошта бошад; дар ин ҳолат танҳо қисми бештари даромади ба он пойгоҳи доимӣ тааллуқдошта метавонад дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ шавад; ё

б) агар дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарор доштани вай дар муддати як давра ё давраҳо давоми ҳар давраи дувоздаҳмоҳаи дар соли андозӣ оғоз ё анҷомёбанда дар маҷмӯъ 183 шабонарӯзро ташкил диҳад ё аз он зиёдтар бошад; дар ин ҳолат агар қисми бештари даромад дар натиҷаи амалҳои дар ин Давлати дигар анҷомдодаи вай ба даст омада бошад, он метавонад дар ин Давлати дигар андозбандӣ шавад.

2. Истилоҳи «хизматрасониҳои касбӣ», аз ҷумла фаъолияти мустақилонаи илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ, таълимӣ ё омӯзгорӣ, инчунин фаъолияти мустақилонаи табибон, ҳуқуқшиносон, муҳандисон, меъморон, дандонпизишкон ва муҳосибонро дар бар мегирад.

Моддаи 15 Хизматҳои вобастаи шахсӣ 
    1. Бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 16, 18 ва 19 Созишномаи мазкур маош, музди меҳнат, подош ва дигар подошҳои шабеҳ, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда дар робита бо кироякорӣ ба даст меорад, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад, агар чунин кироякорӣ дар Давлати Аҳдкунандаи дигар анҷом дода нашавад. Агар кироякорӣ ба ҳамин тариқ амалӣ гардад, подоши вобаста ба ин ба даст овардашуда танҳо дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ мегардад.
    2. Сарфи назар аз муқаррароти банди 1 моддаи мазкур подоше, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда дар робита бо кироякорӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда ба даст овардааст, танҳо дар Давлати аввал зикршуда андозбандӣ мегардад, агар:

а) подошгиранда дар Давлати дигари Аҳдкунанда дар муддати як давра ё давраҳо, ки дар давоми ҳар давраи дувоздаҳмоҳаи дар ҳамин соли молиявӣ оғоз ё анҷомёбанда дар маҷмӯъ на бештар аз 183 шабонарӯз аст, қарор дошта бошад;

б) подош аз тарафи кирокунанда ё аз номи кирокунандае, ки резиденти Давлати дигар намебошад, пардохта шавад;

в) хароҷоти марбут ба пардохти подошро намояндагии доимӣ ё пойгоҳи доимие, ки кироякунанда дар Давлати дигар дорад, ба зимма надошта бошад.

3. Сарфи назар аз муқаррароти пешинаи ҳамин модда, подоши вобаста ба кироякорӣ дар киштӣ ё тайёраи дар ҳамлу нақли байналмилалӣ истифодашаванда метавонад дар Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ шавад, ки маҳалли воқеии идоракунии корхона дар он ҷойгир аст.

4. Сарфи назар аз муқаррароти пешинаи ҳамин модда, маош, музди меҳнат ва подошҳои дигаре, ки хизматчии ишғолкунандаи вазифаи роҳбарикунанда дар корхонаи шабакаи ҳавоӣ ё киштигардии Давлати Аҳдкунанда, ки дар Давлати дигари Аҳдкунанда воқеъ аст, танҳо дар Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ мешавад, ки маҳалли воқеии идоракунии корхона дар он ҷойгир аст.

Моддаи 16 Подоши директорон

Подоши директорон ва дигар пардохтҳои шабеҳ, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда ба сифати узви шӯрои директорони ширкат, ки резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар мебошад, мегирад, метавонад дар ҳамин дигар Давлат андозбандӣ карда шавад.

Моддаи 17 Ҳунармандон ва варзишгарон 
    1. Сарфи назар аз муқаррароти моддаҳои 14 ва 15 Созишномаи мазкур, даромаде, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда ба сифати корманди санъат, ба монанди ҳунарманди театр, кино, радио ё телевизион ва ё мусиқинавоз ё ба сифати варзишгар аз фаъолияти шахсӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда ба даст меорад, метавонад дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ карда шавад.
    2. Агар даромад аз фаъолияти шахсии корманди санъат ё варзишгар ба ин сифат на ба худи корманди санъат ё варзишгар, балки ба шахси дигар ҳисоб карда шавад, пас ин даромад, сарфи назар аз муқаррароти моддаҳои 7, 14 ва 15 Созишномаи мазкур метавонад дар ҳамон Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ гардад, ки дар он ҷо корманди санъат ё варзишгар фаъолият менамояд.
    3. Даромади бадастовардаи резиденти Давлати Аҳдкунанда аз амалҳои дар Давлати дигари Аҳдкунанда анҷомдодаи вай, тавре дар бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, бояд аз пардохти андоз дар он Давлати дигар озод карда шавад, агар сафар ба ин Давлати дигар пурра ё ба таври афзалиятнок аз фондҳои яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда, воҳиди сиёсӣ/маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимият маблағгузорӣ шавад ё мувофиқи созишномаи фарҳангӣ ё мувофиқаи байни Ҳукуматҳои Давлатҳои Аҳдкунанда ба даст оварда шуда бошад.
Моддаи 18 Нафақа 
    1. Бо дарназардошти муқаррароти банди 2 моддаи 19 Созишномаи мазкур, нафақа ва дигар подошҳои шабеҳ, ки ба резиденти Давлати Аҳдкунанда барои кироякорӣ дар соли гузашта пардохта мешаванд, танҳо дар ҳамон Давлат андозбандӣ мегарданд.
    2. Истилоҳи «рента» маънои маблағи муқарраршудаеро дорад, ки давра ба давра дар муҳлати муқарраршуда дар давоми ҳаёт ё дар давоми фосилаи зиркгардида ё муқарраршавандаи вақт мутобиқи уҳдадории пардохт намудан бар ивази ҷуброни баробар ва пурра бо пул ва ифодаи пулӣ пардохта мешавад.
Моддаи 19 Хизмати давлатӣ

1. а) Музди меҳнат, подош ва дигар мукофотпулиҳои шабеҳи аз нафақа фарқкунанда, ки Давлати Аҳдкунанда ё воҳиди сиёсӣ/маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он ба шахси воқеӣ барои хизмат ба ҳамин Давлат ё воҳиди он ё барои воҳиди сиёсӣ/маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он мепардозад, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мегарданд.

б) Вале, чунин музди меҳнат, подош ва дигар мукофотпулиҳои шабеҳ танҳо дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ мешаванд, агар ин хизмат дар ҳамин Давлат анҷом дода шуда, шахси воқеӣ резиденти ҳамин Давлат бошад, ва ӯ:

(i) шахси миллии ҳамин Давлат бошад, ё

(ii) танҳо бо мақсади чунин хизмат резиденти ҳамин Давлат нашуда бошад.

    1. а) Ҳар нафақае, ки Давлати Аҳдкунанда ё воҳиди сиёсӣ/маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он ё аз фондҳои таъсисдодаи онҳо ба шахси воқеӣ барои хизмат ба ҳамин Давлат ё воҳиди сиёсӣ/маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он пардохта мешавад, танҳо дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мегардад.

б) Вале чунин нафақа танҳо дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ мегардад, агар шахси воқеӣ резидент ва шахси миллии ҳамин Давлат бошад.

3. Муқаррароти моддаҳои 15, 16, 17 ва 18 Созишномаи мазкур нисбати подош, музди меҳнат, дигар мукофотпулиҳои шабеҳ ва нафақа барои хизмат вобаста ба фаъолияти тиҷоратие, ки Давлати Аҳдкунанда ё воҳиди сиёсӣ/маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он анҷом медиҳад, татбиқ мегардад.

Моддаи 20 Омӯзгорон, профессорон ва кормандони илмӣ
  1.  
    1. Шахси воқеие, ки бевосита қабл аз омадан ба яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мебошад ё будааст ва дар Давлати дигари Аҳдкуанда бо даъвати Ҳукумати Давлати Аҳдкунандаи аввал зикршуда ё ҳар донишгоҳ, коллеҷ, мактаб ё ҳар муассисаи таълимӣ ё фарҳангии Давлати Аҳдкунандаи аввал зикршуда ва ё дар доираи барномаи расмии мубодилаи фарҳангӣ дар ин Давлати Аҳдкунанда дар муддати давраи на зиёда аз 2 соли муттасил танҳо ба мақсади таълим, дарсдиҳӣ ё гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар ин муассисаҳои таълимӣ қарор дорад, дар ин Давлати Аҳдкунанда аз андозбандӣ нисбати подош барои чунин фаъолият озод карда мешавад.
    2. Муқаррароти банди 1 моддаи мазкур набояд нисбати даромади аз фаъолияти илмию тадқиқотӣ бадастомада татбиқ гардад, агар чунин фаъолияти илмию тадқиқотӣ на ба манфиати давлат, балки барои фоидаи шахсии шахс ё шахсони муайян анҷом ёбад.
Моддаи 21 Донишҷӯён ва таҷрибаомӯзон
    1. Пардохтҳои мегирифтаи донишҷӯ ё таҷрибаомӯзе, ки резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мебошанд ё бевосита қабл аз омадан ба яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда будаанд ва дар Давлати аввал зикршуда танҳо ба мақсади таҳсил ё гирифтани таҳсилот қарор доранд ва ин пардохтҳо барои зист, таҳсилот ё гирифтани таҳсилот пешбинӣ шудаанд, дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда мавриди андозбандӣ намегиранд, ба шарте ки агар манбаъҳои ин пардохтҳо берун аз ҳудуди ин Давлати Аҳдкунаида ҷойгир бошанд.
    2. Дар мавриди грантҳо, стипендия ва мукофотпулӣ барои шуғл, ки марбут ба банди 1 моддаи мазкур намебошанд, ба донишҷӯён ё таҷрибаомӯзони дар банди 1 моддаи мазкур зикргардида дар давоми чунин таҳсил ё таълим бояд ҳамчунин ҳамон имтиёзу озодкунӣ ё камкунии аидозе пешниҳод гардад, ки ба резидентони Давлате, ки ба он рафтаанд, пешниҳод гардидааст.
Моддаи 22 Даромадҳои дигар 
    1. Намудҳои даромади резиденти Давлати Аҳдкунанда, сарфи назар аз манбаи пайдоиши онҳо, ки дар моддаҳои қаблии Созишномаи мазкур зикр нагардидаанд, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешаванд.
    2. Муқаррароти банди 1 моддаи мазкур нисбати даромадҳои дигар, ба истиснои даромад аз молу мулки ғайриманқули дар банди 2 моддаи 6 Созишномаи мазкур муайянгардида татбиқ намегардад, агар гирандаи чунин даромадҳо резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, фаъолияти тиҷоратиро дар Давлати дигари Аҳдкунанда таввасути муассисаи доимии дар он ҷо ҷойгиршуда анҷом диҳад ё ба воситаи пойгоҳи доимии дар он қарордошта хизматҳои мустақили шахсӣ расонад ва ҳуқуқ ё молу мулк, ки дар робита ба онҳо даромад гирифтааст, ҳақиқатан ҳам ба чунин муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ алоқаманд бошад. Дар чунин ҳолат вобаста ба шароит муқаррароти моддаи 7 ё моддаи 14 Созишномаи мазкур мавриди истифода қарор мегирад.
Моддаи 23 Сармоя 
    1. Сармоя дар шакли молу мулки ғайриманқул, тавре дар моддаи 6 Созишномаи мазкур муайян шудааст, ки ба резиденти Давлати Аҳдкунанда тааллуқ дошта, дар Давлати дигари Аҳдкунанда ҷойгир аст, метавонад дар ҳамон Давлати дигари Аҳдкунанда мавриди андозбандӣ қарор гирад.
    2. Сармоя дар шакли молу мулки манқул, ки қисми молу мулки истеҳсолии муассисаи доимиро (намояндагиро) ташкил мекунад, ки корхонаи як Давлати Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда дорад, ё молу мулки манқули мансуб ба пойгоҳи доимие, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда барои мақсадҳои хизматрасонии мустақилонаи шахсӣ дар ихтиёр дорад, метавонад дар ҳамон Давлати дигар мавриди андозбандӣ қарор гирад.
    3. Сармоя дар шакли воситаҳои нақлиёти баҳрӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ё автомобилии аз тарафи корхонаи Давлати Аҳдкунанда дар ҳамлу нақли байналмилалӣ истифодашаванда, инчунин дар шакли молу мулки манқули мансуб ба фаъолияти чунин воситаҳои нақлиёт танҳо дар ин Давлат андозбандӣ мешавад.
    4. Ҳамаи унсурҳои дигари сармояи резиденти Давлати Аҳдкунанда танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешаванд.
Моддаи 24 Усули бартараф кардани андозситонии дукарата

Андозбандии дукарата бо тариқи зайл бартараф карда мешавад:

    1. Дар мавриди Тоҷикистон:

Агар резиденти Тоҷикистон даромад ба даст орад, ки мутобиқи муқаррароти Созишномаи мазкур бояд дар Қатар андозбандӣ шавад, пас Тоҷикистон иҷозат медиҳад, ки аз маблағи андоз аз даромади чунин резидент маблағи баробар ба маблағи андози дар Қатар пардохташуда тарҳ карда шавад, ба шарте ки чунин тархкунӣ набояд аз қисми андози аз даромади дар Қатар бадастомада, ки то чунин тархкунӣ ҳисоб карда шудааст, зиёдтар бошад.

2. Дар мавриди Қатар:

Агар резиденти Қатар даромад ба даст орад, ки мутобиқи муқаррароти Созишномаи мазкур бояд дар Тоҷикистон андозбандӣ шавад, пас Қатар иҷозат медиҳад, ки аз маблағи андоз аз даромади чунин резидент маблағи баробар ба маблағи андози дар Тоҷикистон пардохташуда тарҳ карда шавад, ба шарте ки чунин тарҳкунӣ набояд аз қисми андози аз даромади дар Тоҷикистон бадастомада, ки то чунин тарҳкунӣ ҳисоб карда шудааст, зиёдтар бошад.

3. Барои мақсадҳои бандҳои 1 ва 2 моддаи мазкур истилоҳи «андози пардохташуда» ҳамчун ба андозе дохил кардашуда ҳисобида мешавад, ки бояд дар Давлати Аҳдкунанда пардохта шавад ва мутобиқи қонунҳо ва муқаррароти ин Давлати Аҳдкунанда озодкунӣ ё камкунии он роҳ дода намешавад.

4. Агар мутобиқи ҳар муқаррароти Созишнома даромад ё сармояи бадастовардаи резиденти як Давлати Аҳдкунанда аз пардохти андоз дар ин Давлат озод бошад, ин Давлат ба ҳар ҳол ҳангоми ҳисоб кардани маблағи андози қисми боқимондаи даромад ё сармояи ин резидент метавонад даромад ё сармояи аз андоз озодгардидаро ба эътибор гирад.

Моддаи 25 Маҳдуд накардани ҳуқуқҳо
    1. Шахсони миллии як Давлати Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда нисбат ба ҳар гуна андозбандӣ ё ҳар уҳдадории вобаста ба он, ки тибқи ҳамин ҳолат барои шахсони миллии ин Давлати дигари Аҳдкунанда дар ҳамон шароити якхела, аз ҷумла нисбати қароргоҳ фароҳам шудааст ё шуда метавонад, таҳти ҳама гуна андозбандии дигар ё вазнинтар ва уҳдадориҳои вобаста ба он қарор намегиранд. Ин муқаррарот, сарфи назар аз муқаррароти моддаи 1 Созишномаи мазкур, ҳамчунин нисбати шахсоне истифода мешавад, ки резидентони як ё ҳарду Давлатҳои Аҳдкунанда намебошанд.
    2. Андозбандии муассисаи доимӣ, ки корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанла дорад, набояд дар Давлати дигари Аҳдкунанда нисбати андозбандии корхонаи ҳамин Давлати дигар, ки ба чунин навъи фаъолият машғул аст, номусоидтар бошад. Ин муқаррарот набояд ҳамчун уҳдадоркунандаи як Давлати Аҳдкунанда барои ба резидентони Давлати дигари Аҳдкунанда додани ҳар гуна имтиёзҳои шахсӣ, тарҳкунӣ ё тахфифҳо барои мақсадҳои андозбандӣ дар асоси мақоми шаҳрвандӣ ё уҳдадориҳои оилавии онҳо, ки он ба резидентони худ пешкаш менамояд, шарҳ дода шавад.
    3. Ба истиснои ҳолатҳое, ки муқаррароти банди 1 моддаи 9, банди 8 моддаи 11 ё банди 6 моддаи 12 Созишномаи мазкур истифода мешаванд, фоизҳо, роялти ва пардохтҳои дигаре, ки корхонаи як Давлати Аҳдкунанда ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом медиҳад, бояд бо мақсади муайян намудани фоидаи андозбандишавандаи чунин корхона ба тариқе мавриди тархкунӣ қарор гиранд, ки агар онҳо ба резиденти Давлати аввал зикршуда пардохта мешуданд.
    4. Корхонаҳои як Давлати Аҳдкунанда, ки сармояи онҳо пурра ё қисман ба як ё якчанд резидент тааллуқ дорад ё аз тарафи як ё якчанд резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда ба таври мустақим ё ғайримустақим назорат карда мешавад, дар Давлати аввал зикргардида нисбат ба андозбандӣ ё уҳдадориҳои вобаста ба он, ки барои чунин корхонаҳои дигари Давлати аввал зикргардида фароҳам шудааст ё фароҳам шуда метавонад, наметавонанд таҳти андозбандии дигар ё вазнинтар ё уҳдадориҳои вобаста ба он қарор гирад.
    5. Мутобиқи қонунгузории андози Қатар андозбандӣ нашудани шахсони миллии Қатар тибқи муқаррароти моддаи мазкур набояд ҳамчун поймолкунии ҳуқуқ баррасӣ карда шавад.
    6. Дар моддаи мазкур истилоҳи «андозбандӣ» маънои андозҳоеро дорад, ки мавзӯи Созишномаи мазкур мебошанд.
Моддаи 26 Расмиёти мувофиқаи тарафайн 
    1. Агар шахс чунин шуморад, ки амалҳои як ё ҳарду Давлатҳои Аҳдкунанда боиси андозбандии он хилофи муқаррароти ҳамин Созишнома шудаанд ё шуда метавонанд, ин шахс, сарфи назар аз воситаҳои ҳимоявии пешбининамудаи қонунгузории миллии ин Давлатҳо, метавонад аризаи худро ба мақомоти салоҳиятдори ҳамон Давлати Аҳдкунандае, ки вай резиденти он мебошад ва агар ҳолати вай таҳти амали банди 1 моддаи 24 Созишномаи мазкур қарор гирад, ба мақомоти салоҳиятдори он Давлати Аҳдкунандае пешкаш намояд, ки вай шахси миллии он мебошад. Ариза бояд дар мӯҳлати се сол аз лаҳзаи ирсоли огоҳиномаи аввал дар хусуси амалҳое, ки боиси андозбандии хилофи муқаррароти ҳамин Созишнома мегарданд, пешниҳод карда шавад.
    2. Мақоми салоҳиятдор, агар аризаро асоснок ҳисобад, кӯшиш ба харҷ медиҳад ва агар худаш мустақилона ба қарори қаноатбахш омада натавонад, масъаларо дар мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдори Давлати дигари Аҳдкунанда бо мақсади роҳ надодан ба андозсупории хилофи муқаррароти Созишномаи мазкур ҳал кунад. Ҳама гуна мувофиқаи бадастомада, сарфи назар аз ҳар гуна маҳдудияти муҳлати дар қонунгузории дохилии Давлатҳои Аҳдкунанда пешбинигардида, иҷро карда мешавад.
    3. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда кӯшиш менамоянд, ки бо мувофиқаи мутақобила ҳама гуна мушкилот ё шубҳаҳоро, ки зимни шарҳ ё истифодаи муқаррароти Созишномаи мазкур ба миён меоянд, ҳал намоянд. Инчунин онҳо метавонанд дар ҳолатҳое, ки Созишномаи мазкур пешбинӣ накардааст, бо мақсади бартараф намудани андозситонии дукарата бо ҳамдигар машварат намоянд.
    4. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо мақсади ба даст овардани мувофиқа дар ҳамдигарфаҳмӣ оид ба моҳияти бандҳои қаблӣ, метавонанд бо ҳамдигар бевосита тамос гиранд, аз ҷумла комиссияи муштараке таъсис диҳанд, ки аъзои он худи мақомоти салоҳиятдор ё намояндагони онҳо буда метавонанд.
Моддаи 27 Табодули иттилоот 
    1. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда иттилоотеро, ки барои иҷрои муқаррароти Созишномаи мазкур ё маъмурикунӣ ва ё истифодаи қонунгузории миллии Давлатҳои Аҳдкунанда зарур аст, марбут ба ҳар намуд андозҳои аз номи Давлатҳои Аҳдкунанда ё воҳидҳои сиёсӣ/маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти онҳо ситонидашаванда, ки Созишномаи мазкур ба онҳо дахл дорад, ба ҳамон андозае, ки андозбандӣ тибқи ин қонунгузорӣ хилофи ҳамин Созишнома нестанд, мубодила хоҳанд кард. Мубодилаи иттилоот бо моддахои 1 ва 2 Созишномаи мазкур маҳдуд намегардад.
    2. Ҳар гуна иттилооте, ки Давлати Аҳдкунанда мутобиқи банди 1 моддаи мазкур ба даст меорад, ба монанди иттилооти дар доираи қонунгузории дохилии ин Давлат бадастомада махфӣ ҳисобида мешавад ва танҳо ба ҳамон шахсон ва мақомот (аз ҷумла судҳо ва мақомоти маъмурӣ) ошкор карда мешавад, ки ба муайянкунӣ ё ҷамъоварӣ, ситонидани иҷборӣ ё таъқиби судӣ, ё баррасии аризаҳо оид ба андозҳое машғуланд, ки банди 1 моддаи мазкур ба онҳо дахл дорад. Чунин шахсон ё мақомот ин иттилоотро метавонанд танҳо барои ҳамин мақсадҳо истифода намоянд. Онҳо ин иттилоотро метавонанд дар ҷараёни мурофиаи озоди судӣ ё ҳангоми қабули қарорҳои судӣ ошкор намоянд.
    3. Ба ҳеҷ ваҷҳ муқаррароти банди 1 ва 2 модда мазкур набояд ҳамчун уҳдадоркунандаи ҳар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ба инҳо шарҳ дода шавад:

а) чорабиниҳои маъмурие гузаронад, ки хилофи қонунгузорӣ ё таҷрибаи маъмурии ин ё он Давлати Аҳдкунанда мебошанд;

б) иттилоотеро пешниҳод намояд, ки онро мувофиқи қонунгузорӣ ё дар ҷараёни амалияи маъмулии маъмурии ин ё он Давлати Аҳдкунанда гирифтан мумкин нест;

в) иттилоотеро пешниҳод намояд, ки метавонад ягон сирри савдо, соҳибкорӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва касбӣ, ё раванди тиҷоратиро фош намояд ё иттилоотеро, ки ошкор сохтани он хилофи сиёсати давлат мебошад.

4. Агар иттилоот мутобиқи моддаи мазкур аз ҷониби як Давлати Аҳдкунанда дархост шавад, Давлати дигари Аҳдкунанда, ҳатто агар барои ин Давлати дигар ба даст овардани чунин иттилоот барои мақсадҳои андозбандии худ зарур набошад ҳам, бояд ҷиҳати ҷамъоварии иттилооти дархостшуда чораҷӯйӣ намояд. Уҳдадории дар ҷумлаи қаблӣ овардашуда бо муқаррароти банди 3 моддаи мазкур маҳдуд гардидааст, вале чунин маҳдудиятҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҳамчун иҷозатдиҳанда ба Давлати Аҳдкунанда барои рад кардани пешкаш намудани иттилоот танҳо бо сабабе, ки ба ин иттилоот манфиати шахсӣ надорад, баррасӣ карда шавад.

5. Муқаррароти банди 3 моддаи мазкур набояд ҳамчун иҷозатдиҳанда ба Давлати Аҳдкунанда барои рад кардани пешкаш намудани иттилоот танҳо бо сабаби он, ки соҳиби иттилоот бонк, муассисаи дигари молиявӣ, дорандаи номиналӣ ё шахси ба сифати агент ё вакил амалкунанда мебошад ё бинобар он, ки иттилоот марбут ба шахси дорои ҳуқуқи молумулкӣ мебошад, баррасӣ карда шавад.

Моддаи 28 Кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва хадамоти консулӣ 

Ҳеҷ яке аз муқаррароти Созишномаи мазкур ба имтиёзҳои андозии агентони дипломатӣ ё хизматчиёни консулӣ, ки ба онҳо тибқи меъёрҳои умумии ҳуқуқи байналмилалӣ эътирофнамудаи давлатҳои Аҳдкунанда ё дар асоси созишномаҳои махсус дода шудаанд, дахолат намекунад.

Моддаи 29 Эътибор пайдо кардан 
    1. Давлатҳои Аҳдкунанда ҳамдигарро тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи ба анҷом расонидани расмиёте, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ менамоянд. Созишномаи мазкур дар рӯзи сиюм аз санаи гирифтани огоҳинома эътибор пайдо мекунад.
    2. Муқаррароти Созишномаи мазкур нисбати инҳо амал хоҳад кард:

а) нисбати андозҳои ситонидашаванда аз манбаи маблағи пардохташуда ё ба қарз додашудае, ки аз якум ё баъди якуми январи соли тақвимии бевосита баъд аз соли эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур ба даст оварда шудааст;

б) нисбати дигар андозҳо ё андоз аз сармоя барои ҳар соли андозбандишаванда, ки аз якум ё баъди якуми январи соли тақвимии бевосита баъд аз соли эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур оғоз мегардад.

Моддаи 30 Ворид намудани тағйиру иловаҳо 

Бо розигии мутақобилаи Давлатҳои Аҳдкунанда ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйиру иловаҳои бо протокол ба расмият даровардашуда, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошад, ворид карда шаванд. Онҳо мутобиқи моддаи 29 Созишномаи мазкур эътибор пайдо менамоянд.

Моддаи 31 Қатъи амал

 Созишномаи мазкур то замоне эътибор дорад, ки яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда амали онро қатъ насозад. Ҳар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда метавонад амали Созишномаи мазкурро бо гузашти панҷ сол бо усули тавассути роҳҳои дипломатӣ ирсол намудани огоҳиномаи хаттӣ дар бобати бекор кардани амали он на дертар аз шаш моҳи то ба охир расидани ҳар соли тақвимӣ пас аз соли эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур қатъ намояд.

2. Амали Созишномаи мазкур нисбати инҳо қатъ мегардад:

а) нисбати андозҳои ситонидашаванда аз манбаи маблағи пардохташуда ё ба қарз додашудае, ки аз якум ё баъди якуми январи соли тақвимии дарҳол баъд аз соли супоридани огоҳинома ба даст оварда шудааст;

б) нисбати дигар андозҳо ё андоз аз сармоя барои ҳар соли андозбандишаванда, ки аз якум ё баъди якуми январи соли тақвимии дарҳол баъд аз соли супоридани огоҳинома оғоз мегардад.

Барои тасдиқи ҳамин, намояндагони ҳарду Давлати Аҳдкунанда, ки чунин ваколат доранд, Созишномаи мазкурро ба имзо расониданд.


Созишнома дар Давҳа 22 январи соли 2024 дар ду нусха, ҳар кадом бо забонҳои арабӣ, тоҷикӣ ва англисӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд, ба имзо расидааст. Дар сурати ихтилофи назар ҳангоми тавзеҳи Созишнома, ба матни англисӣ афзалият дода мешавад.


Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Ҳукумати Давлати Қатар