ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд»
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Васеъсозии шабакаи интиқоли барқи Суғд», ки 28 феврали соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 12 июни соли 2024, № 1353
Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
О ратификации Кредитного соглашения между Республикой Таджикистан и Европейским Банком Реконструкции и Развития по проекту «Расширение сети электропередачи Согд»
В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан и статьёй 11 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Ратифицировать Кредитное соглашение между Республикой Таджикистан и Европейским Банком Реконструкции и Развития по проекту «Расширение сети электропередачи Согд», подписанное 28 февраля 2024 года в городе Душанбе.
2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Европейский Банк Реконструкции и Развития о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан М. Зокирзода
г.Душанбе, 12 июня 2024 года, №1353
Прилагается на тадж.яз